Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди байналмилалии Наврўз

Фарорасии ҷашни Наврўзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст.

Гузаштагони мо дар тўли таърихи дароз новобаста аз монеаҳои замон Наврўзро ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози киштукор, баробарии шабу рўз, ҷашни пайвандбахши миёни табиату инсон, хайру эҳсон, накўкориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати интишори суннату ойинҳои он талош меварзиданд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврўзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузашташтагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардўстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд».

Мардуми кишвари азизамон аз он ифтихор доранд, ки Тоҷикистон натанҳо ватани Наврўзи ҷаҳонӣ, балки Ватани ҷашнҳои дигари мардумӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон аст, ки бо фалсафаи бузурги созандагии худ дар таърихи рушди тафаккури инсоният беш аз шаш ҳазор сол инҷониб нақши арзишманд мегузоранд.

Дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо – яъне дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврўз имкон фароҳам овард, ки мардуми кишварҳои гуногуни олам аз фитрати офарандагии ин падидаи куҳани башарӣ огоҳ гардида, дар таҳкими ҳамзистии осоишта, тақвияти дўстию ҳамдигарфаҳмӣ, ки аслу моҳияти фарҳанги ахлоқии Наврўз аст, бештар таваҷҷўҳ намоянд.

Боиси таъкид аст, ки ҷашни Наврўзи байналмилалӣ соли равон бо таҷлили санаи фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва ин падидаи фараҳбахш сокинони сарбаланди виоятро водор менамояд, ки барои татбиқи иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ талош варзанд.

Бори дигар, фарорасии ҷашни Наврўзи Аҷамро ба тамоми мардуми сарбаланди вилоят самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят хайру баракат, оромию осудагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи комил орзу менамоям.

Ҷашни Наврўзи байналмилалӣ муборак!

Add comment


Security code
Refresh