ВОҚЕИЯТИ ИҶТИМОӢ ВА БОЗТОБИ ОН ДАР “БУХОРОИ ШАРИФ”

Санаи 11-уми марти соли 1912 нахустин нашрияи тоҷикии “Бухорои шариф” дар шаҳри Бухоро арзи ҳастӣ намуд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо матолиби рангину ҷолиби хеш дар вусъати афкору густариши ниёзҳои маънавии мардум нақши мондагор гузошт.

Чеҳраҳои намоёни маорифпарварӣ бо он ҳама саъю талоши хеш дар оғози садаи бист ба рушди матбуот ва публитсистика замина фароҳам оварданд. Онҳо зарурати таъсиси нашрияҳоро ҷиҳати вусъати афкор ва густариши ҷаҳонбинии мардум эҳсос намуда, пайи он талош намуданд, ки ин падидаи тозаи маънавӣ ҳарчӣ зудтар ва бештар миёни оммаи мардум паҳн гардад ва дар бедории миллӣ саҳм гузорад. Равшангарони замон саҳфаҳои матбуотро барои ҷавлони афкори хеш истифода намуда, пеш аз ҳама, масоили маорифпарвариро ҳамаҷониба тарғиб намудаанд.

Инъикоси масоили маорифпарварӣ дар нашрияҳои тоҷикии ибтидои садаи ХХ аз тарафи равшангарони замон ба таври возеҳ сурат гирифтааст. Равшангарони тоҷик вазъи рӯзгори адабию фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро бо сабку услуби ба худ хос инъикос намудаанд. Дар ибтидои садаи ХХ аз Бухорои замони пеш камтар осоре боқӣ монда буд. Аз ин лиҳоз, руҷӯи ҷадидон ба гузаштаи фараҳманди Бухоро муҳимтарин сифати ҳофизаи таърихии онҳоро бозгӯӣ мекунад: «Ҳар гоҳ мо, мардуми Бухоро, чашми худро кушода, ба як назар фуқарои замонҳои гузаштаи худро пеши чашм биёварем, хоҳем дид, ки мо миллати ҳам дорои илму фунуни солеҳ буда, дар ҷиргаи милали мутаммадин ба шумор мерафтем, муаллими мо Форобӣ, ҳакими мо Бӯалӣ, алломаи мо Бухорӣ, шуарои мо Рӯдакӣ буданд, ки ҳар кадом ягона ва фарди асри худ буд, номашон ҳанӯз зиннатбахши сафҳаи таворих аст».

Осори арзишманди равшангарон тавре мушоҳида мегардад, бештар бар пояи воқеияти иҷтимоӣ таълиф гардидаанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки анҷоми мақолаҳоро даъватҳои паёпай дар бар мегиранд, ки ба рӯҳияву сабки иҷтимоъгарии замона созгорӣ доранд: “Пас ҳоло агар мо бихоҳем, ки мамлакати мо тараққӣ намуда, ба мартабаи милали мутамаддин бирасад, бояд аввал дар дуруст намудану тараққӣ додани афроди мамлакат бикӯшем. Ин ҳам мусаллам аст, ки тараққӣ, таъолӣ ва рифоҳи ҳоли як мамлакат баста ба илм, саноату тиҷорат аст. Агар илм набошад, бешак, саноату тиҷорат низ тараққӣ нахоҳад кард. Чунончӣ, пеши чашми худамон айнан мебинем, ки ба андозаи зиёдии ҷаҳлу кам шудани илми мо саноату тиҷорати мо низ рӯз ба рӯз таназзул мекунад. Ҳоло агар мо бихоҳем, ки тараққӣ бикунем, бояд дар тараққии ҳар дуи инҳо, яъне илму тиҷорату саноат саъй намоем”.

Нуктаи ҷолиби навиштаи мазкур дар он аст, ки тавре ба назар мерасад, он афкору андешаи пешрави равшангарони тоҷик дар ҳоли ҳозир низ муҳим ба шумор мераванд.Имрӯз низ ҷомеаи мо ба рушду пешрафти саноати кишвар таваҷҷуҳи зиёд равона намудааст. Бо назардошти вазъи иҷтимоӣ равшангарони тоҷик бештар ба он талош намудаанд, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаи рушду пешрафти кишвар равона созанд.

Ҳамзамон тавре ба назар мерасад, ба хотири муассирии андешаҳои хеш далелҳои муътамаде меоваранд. Бино ба шаҳодати равшангарон имрӯз он ҳама “мамолике, ки аз сарвати табии худододӣ маҳрум ҳастанд, низ саъй мекунанд, ки ба тараққии саноату тиҷорату фурӯши олоти мошинаву дигар лавозимоти мошина дахли худашонро аз харҷ бештар кунанд. То ин ки як рӯз мисли мо муфлис нашаванд”. Масъалаи нарасидан ва мавҷуд набудани мутахассисон дар ҷомеа низ аз ҷониби равшангарон хуб дарк шуда буд, ки ин нуктаро мо дар таълифоти онҳо метавонем мушоҳида намуд. Хонандагони нашрия мушкилоте, ки равшангарон ислоҳи онҳоро дар ҷомеа талаб намудаанд, тарафдорӣ карда, таҷдиду ислоҳи ҷомеаро муҳим ва зарур ҳисобидаанд. Рӯзномаи «Бухорои Шариф» маҳз бо ҳамин равиш хонандаи зиёдро ҷалб мекард, онҳо низ бо навиштаҳои ҷолиб воқеияти ҳолро инъикос намуда, афкори пешрави равшангаронро дастгирӣ мекарданд.

Чунончӣ, масъалаи ислоҳ ва рушду тараққии ҷомеа аз тарафи хонандагони рӯзнома низ акси садо пайдо менамуданд. Яке аз равшангари маъруфи тоҷик Мирзо Сироҷ ба масъалаи китобхона таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки имрӯз доштани китобхона ба ҳар як деҳу маҳал муҳим ва зарурист. Дар чашмандози Мирзо Сироҷ китоб яке аз омили муҳими рушди ҷаҳонбинӣ ва афкори мардум буда, ташкил ва афзудани шумори китобхонаҳо амали саривақтист. Мардуми тоҷик аз азал ба китоб майлу рағбати зиёд доштанд, зеро барои ин мардуми фарҳангдӯст китоб чизи муқаддас буд, ба гуфтаи М.Шакурӣ, барои мардуми тоҷик «сухани китобӣ эътибори куллӣ дошт ва дар оддитарин мавриди зиндагӣ ҳам аз рӯи тавсияи китоб амал мекарданд».

Мирзо Сироҷ андешаҳои хешро идома дода, оммаро ба хурофотпарастӣ ва танбалӣ айбдор менамояд. Дар мамолики Аврупо «вақтро зар мешуморанд, аммо моҳо танбалиро савоб медонем ва дар ҷавоби ашхосе, ки аз ин ҳарфҳо зиёд мезананд, мегӯем, ки дунё корвонсаро аст. Имрӯз ҳастем, фардо хоҳем рафт, ба заҳмату азият кашиданаш намеарзад. Ва ҳол он ки на Худо ва на пайғамбар аз ин кор розӣ набуда ва балки ба саъй ва талош даъват мекунанд. Ҳамин ҳарфҳои танбалона аст, ки моро ба ин рӯзгор андохтааст». Ҳадафи муаллиф дар афкори «яхбаста»-и саршор аз андешаҳои дақёнусӣ таъсире гузоштан ва онҳоро ба таҷдид ва ислоҳот дар ҷомеа даъват намудан аст. Дар таълифоти ин равшангари тоҷик мо таъкиду муроҷиати зиёдро мушоҳида менамоем, ки мушаххасоти сабку баёни ӯро нишон медиҳад. Ӯ аз ин шева чун аркони нақл ба таври васеъ истифода бурдааст, ки бешак, дар муассирии навиштаҳо нақши барҷаста доранд. Дар сафҳаҳои нашрияи “Бухорои шариф” иттилои ҷолиберо зери унвони “Ҷилди пурқиммат”мушоҳида намудем, ки бисёр аҷиб аст. Дар он дар боби фурӯши китоби шоири рубоисарои тоҷик Умари Хайём дар Лондон ҳамчун қиматтарин китоб маълумот дода шудааст: “Дар ин наздикӣ дар Лондон ба тариқи ҳироҷ фурӯхта хоҳад шуд пурқиматтарин китобҳо дар дунё. Ин китоб саводхати аслии рубоёти Умари Хайём алайҳираҳма аст”.

Нуктаи ҷолиби иттилои мазкур дар он аст, ки муаллиф бо назардошти он ки шояд мардум ба ин хабар чандон эътимод пайдо насозанд, ба хотири собит намудани иттилооташ аз зебоии нотакрор ва ороиши ҷолиби китоб хабар дода, чунин мегӯяд, ки “китоб муҷаллад гашта ба ҷилди сабзу дар рӯи китоб 1050 адад ҷавоҳироти пурқиммат ҳаст, ки бо зар насби ҷилди китоб гаштааст. Дар рӯи ин ҷилд ҳама ҷур ҷавоҳирот мавҷуд аст: зумуррад, дурр, алмос, фирӯза, зумурради зарду ғайраву ғайра…. Ин китоб, ки дар пурқимматии худ воҳид аст ба ғилофе мунаққаш аз дарахти булут гузошта шудааст”(БШ.№21). Равшангарон бо баҳрабардорӣ аз сабақу таҷрибаҳои кишварҳои рушдкарда ба он талош менамуданд, ки ҳарчӣ тезтар ҷомеаро аз ин вартаи нестӣ озод намоянд. Роҳи раҳоӣ аз вартаи нобудиро равшангарон дар омӯзиши илму дониши дунявӣ дониста, талаб менамоянд, ки имрӯз барои кор дар заминҳои беканори кишвар бояд аввал илми зироатро низ хуб омӯхт. Чунончӣ, дар навиштаи “Аҳамияти зироат” муаллиф дар ин маврид андешаҳои ҷолибе баён намуда, аз ҷумла мегӯяд, ки имрӯз мо “дар бораи масъалаи зироату фалоҳат мо ҳеҷ чиз наметавонем бигӯем ва агар ҳам бигӯем, ҳеҷ кас аз мо қабул нахоҳад кард...

Агарчӣ барои ин ҳам дарсу илм лозим аст ва дар Аврупо макотиби олӣ барои ҳамин амр зироати фалоҳат боз шуда ва олимҳои машҳур сари ин кор машғуланд. Аммо метавонем иҷолатан бо илми ҷузъӣ ва ёд гирифтани тарзи ҷадиди фалоҳат ҳам аз ӯҳдаи ин кор бароем ва манофеъи зиёд аз ҳамин об, хок ба нафъи мо бардорем” (БШ,№21,04.1912). Абдурауфи Фитрат бо назардошти авзои иҷтимоӣ ва воқеияти замон дар бештари навиштаҳояш ба мушкилиҳои ҷомеа эътибор дода, деҳқонони кишварро ҳамчун ризқрасони мардум васфу ситоиш намуда, дар ин замина ҳамзамон талаб менамояд, ки бояд онҳо низ ба ислоҳот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ даст бизананд. Муҳимияти ислоҳу таҷдидро ба оммаи деҳқонон таъкид намуда, муаллиф ботаассуф мегӯяд, ки “имрӯз агар назари ибратӣ кушода, аҳволи деҳқонони худамонро мулоҳиза кунем, ҳамагиро ғариқи дарёҳои эҳтиёҷ хоҳем дид. Деҳқонони мо мактаб надоранд, савод надоранд, ...ҳафтаҳову моҳҳо ба як лаби нони хушку як дам оби сард” (БШ №110..1912) мегузаронанд. Нуктаи ҷолиби нигоштаи мазкур дар он аст, ки муаллиф он ҳама иллату мушкилоти ҷомеаро мавриди муҳокима қарор дода, омилҳои сар задан ва роҳи наҷот аз муаммоҳоро низ баён менамояд.

Зиндагонии оммаро тасвир намуда, Абдурауф Фитрат ҳамчунон аз қарздории мардум ёдовар шуда, бо таассуфи зиёд чунин мегӯяд, ки онҳо “халосӣ аз қарзро наметавонанд, ба хоби худ бубинанд! Чаро? Зеро: пул надоранд. Чаро пул надоранд? Зеро: Аз заминҳои худ наметавонанд ба қадри истеъдоди онҳо фоида бардоранд. Барои чӣ наметавонанд? Зеро тариқи кишту кори инҳо аз тариқи кишту кори ҳазрати Одам фарқе надорад! Дар сурате, ки ҳар гоҳ дунё тараққӣ кардааст. Аробаи ҷойдор ба "поезд", киштии бодӣ ба " вопур", қосид (чопор) ба телеграф мубаддал шудааст, тариқи зироати инҳо тағйире наёфтааст. Фарангиҳо дар ҳар гӯшаи билоди худ чанд адад мактабҳои деҳқонӣ кушодаанд, ки авлоди кӯдакони худро дар он ҷо таҳсил кунонида, баъд аз он ба кишту кор мепардозанд. Деҳқонони мо номи мактаби зироатро на ба бедорӣ, балки ба хоби худ ҳам надидаанд!... (БШ №110..1912) Омӯзиши навиштаҳои равшангарон нишон дод, ки воқеан онҳо барои рӯ ба илму дониш овардани омма, рушду пешрафти кишвар дар соҳаҳои гуногун, танзими расму одат дар миёни ҷомеа саъю талоши зиёд намуда, дар ин замина андешаҳои пешрави хешро баён намудаанд. Ба ибораи дигар метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки осори равшангарон аслан ба некӯаҳволии оммаи кишвар, аз ғафлату ҷаҳолат ва нодонӣ раҳо намудани онҳо нигаронида шуда буд. Бо эҷоди ин навиштаҳои пурдарду алам равшангарон бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор додаанд, ки самараи беилмӣ, бемаърифатӣ ва ғафлатзадагӣ ба чӣ оварда мерасонад.

Табиист, ки публитсистикаи ин солҳо низ дар баробари даъватҳои иҷтимоӣ оҳангҳои рӯшани мазҳабӣ низ дошт. Андешаи ҷолиби ин гурӯҳи зиёиён аз он иборат аст, ки онҳо тавассути мақолаву навиштаҳои хеш собит менамуданд, ки дар баробари омӯзиши улуми диния фарогирии улуми дақиқ, чун тиббу табииёт, кимиёву ҷуғрофиё, ҳандаса ва фунуни марбут ба техника ҳам барои тамоми зану марди мусалмон фарз аст. Ва касе бо омӯхтани ин улум кофир ё аз дин хориҷ намегардад. Ба хотири исботи навиштаҳои худ аҳволи қадиму ҷадиди Бухороро муқоиса менамуданд. Адибони равшангар дар маҷмӯъ ба таблиғи илму дониш, тарғиби ислоҳу таҷдиди ҷомеа, норасоию иллатҳои он, шикоят аз замонаю зулму ҷабри амалдорон, таблиғи афкори пешрав ва норозигӣ аз раванди таълиму тарбия дар мактабу мадрасаҳо, рушди тиҷорат дар ҷомеа, ғурур ва худшиносии миллӣ, тарғиби таҷриба ва усулҳои пешқадами мамолики Аврупо дар соҳаҳои мухталиф, эҳтироми инсон ва ҳифзи саломатӣ ва дигар масоил рӯ оварда буданд.

Матбуоти тоҷикии ибтидои садаи ХХро метавон матбуоти баёнгари дарду иллатҳо ва ормони миллат шуморид. Нашрияи “Бухорои шариф” ва матбуоти он замон бо он ҳама матолиби ҷолибу рангини хеш, пеш аз ҳама, дар бозтоби воқеияти замон саҳми назаррас гузоштанд.

Ҳамзамон матбуоти оғози асри бист дар рушду ташаккули анвои публитсистӣ ва шаклгирии журналистикаи тоҷик нақши сазоворе гузоштаанд, ки таҳқиқу омӯзиши амиқи сафҳаҳои онҳо метавонад, бисёре аз нозукиҳои анвои публитсистиро муайян намояд. Бар замми ин ҳама омӯзиш ва баррасии рӯзномаи «Бухорои шариф» ва матбуоти оғози садаи бист имрӯз амри зарурист, чунки ҷомеаи мо ниёз ба «андӯхтаҳои маънавӣ»-и равшангарони садаи ХХ дорад.

Абдуқодири АБДУРАУФ,
дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh