ЗАМИНАҲОИ НАХУСТИНИ ТАЪСИСИ РӮЗНОМА ДАР ХУҶАНД
- Details
- Published on Tuesday, 16 March 2021 13:06
Мусоидат намудан ба дарки дурусти рӯйдодҳои марҳалаҳои таърихӣ имкон медиҳад, то аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ, илмиву маданӣ, зина ва марҳалаи тараққиёти ҷомеа, муносибатҳои башарӣ дар давраҳои гуногуни таърих огоҳ бошем.
Омӯзиши давраҳо ва заминаҳои аввали пайдоиши матбуот бошад, имкон медиҳад, то бештар доири масоили мубрами он давр, рӯйдодҳои муҳимтарини замон ва, бахусус, симоҳои фидоии кори табъу нашр маълумот пайдо намоем.
«Ҳақиқати Суғд» аз оғози ба майдон омадани журналистикаи муосири тоҷик дар саргаҳи матбуот қарор гирифта, беш аз 90 сол аст, ки дар рушду таҳаввули рӯзноманигорӣ нақш мегузорад.
Нашрия дар собиқаи фаъолияти худ ба мактаби бунёдие асос гузошт, ки дар оғӯши он садҳо рӯзноманигорони касбӣ ба камол расидаанд. «Ҳақиқати Суғд», ки дар зарфи ҳастии худ борҳо табдили ном кардааст, ҳамчун расонаи маҳаллӣ дар тарбияи қаламкашони шаҳру навоҳӣ низ нақши мунир дорад, ки ин амрро таърихи пуршарафи рӯзнома бозгӯ мекунад. Вақте қарор додем, ки таърихи рӯзномаро мавриди омӯзиш қарор диҳем, мутаассифона, на дар бойгонии вилояти Суғд ва на дар бойгонии худи идора бастаҳои солҳои аввали рӯзнома пайдо нашуданд. Дар бойгонии вилоятӣ танҳо шумораҳои моҳҳои январи соли 1935 «Пролетари Хуҷанд» ва шумораҳои моҳҳои феврал ва апрели соли 1935 «Болшевики Хуҷанд» ва аз нимаи дувуми соли 1939 нусхаҳои рӯзномаи «Стахановчӣ» дастрасанд, аммо то соли 1962 нусхаҳои шумораи рӯзнома комил нестанд.
Бойгонии худи идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» бошад, бастаи шумораҳои рӯзномаро аз соли 1962 таҳия ва нигаҳ доштааст. Мехоҳем, чанд маълумотеро ба диққати хонандагон пешниҳод намоем, ки заминаҳои нахустинро барои таъсиси рӯзнома дар вилояти Суғд муҳайё кардааст. Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 1918 Кумитаи иҷроияи уезди Хуҷанд назди Шӯрои Комиссарони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани нашри ҷаридаи шаҳрӣ масъала гузошт, то ки сатҳи фарҳанг ва маърифати коргарону деҳқонон боло бардошта шавад. Лекин шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба иҷрои ин мақсади наҷиб имконият надод. Фикри эҷоди газетаи худӣ аз зеҳни хуҷандиён дур намешуд.
Дар ин бобат дар рӯзнома «Ҳақиқати Суғд» чанд мақола нашр шудааст, ки гуфта мешавад, ҳарчанд шаҳр то соли 1930 матбааи худро надошт ва барои чоп имконият набуд, бо вуҷуди он дар ин ҷо рӯзнома мунташир мегардид. Муаллифи мақола дар ин маврид далелҳои ҷолиберо пешниҳод намуда, зикр мекунад, ки «дар нусхаи Фармони Кумитаи иҷроияи уезди Хуҷанд аз 12 апрели соли 1924 чунин навишта шудаааст: «Шаҳрванд Юнус Ҳусайнов аз кори назди кумиҷроияи уезд озод карда, ба кори газетаи «Янги йӯл» гузаронда шавад». Соли 1924 чоп шудани газета дар ҳаёти хуҷандиён воқеаи муҳим ба шумор мерафт. Барои онҳо ҳамчун рӯзномаи нахустин ва манбаи ҷолиби таърихӣ, ки нашраш бо бунёди Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон рост омад, басе арзишманд ба ҳисоб меравад. Ва ин рӯзнома (деворӣ) барои таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикии маҳаллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ мо мақолаи Зариф Раҷабовро, ки таҳти унвони «Аввалин газетаи деворӣ дар Ленинобод» (дар шумораи №178 (9068)-и «Ҳақиқати Ленинобод» аз 13-уми ноябри соли 1968 нашр шудааст), пайдо намудем. Хотироти Зариф Раҷабов низ дар ин хусус ҷолиб ва барои шинохти таърихи рӯзнома манфиатбахш аст.
Дар мақола аз ҷумла чунин омадааст: «Матбуоти даврагӣ дар Ленинобод танҳо баъд аз ғалабаи Октябри Кабир ба вуҷуд омад ва тез тараққӣ кард. Журнали тараққипарваронаи «Красное солнышко» ба забони русӣ, ки соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд фақат як шумора чоп гардид, нашри афкори хонандаи оммавӣ набуда, онро доираи танги одамон хонданд, ғайр аз ин вай ба аҳолии маҳаллӣ, ки аксарияти куллии он забони русиро намедонист, фаҳмо набуд. (А.З.Дун. “Адабиёти рус дар Ленинобод”. Маҷмӯаи мақолаҳои «Друҷба и братство». Ленинобод, соли 1967, саҳифаи 119). Соли 1920 бори нахуст комиҷроияи Хуҷанд дар бораи бо машинкаи хатнависӣ баровардани газетаҳои деворӣ, дар шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он – стансияҳои Хуҷанд, Драгомирово ва Сулукта паҳн кардани он қарор қабул мекунад. (Мубориза барои барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар музофоти Хуҷанд солҳои 1917-1920). Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо. Ленинобод, соли 1957, саҳифаи 96). Оё ин қарори комиҷроияи Хуҷанд дар амал иҷро шуд ва дар солҳои 1920-1924 дар Хуҷанд газетаҳои деворӣ чоп карда шуданд? Ин масъала то ҳоло барои мо равшан нест. Бино ба маълумоти архив, гуфтан мумкин аст, ки дар соли 1924 дар ҳудуди музофоти Хуҷанд бо номи «Янги йӯл», «Пролетарий», «Правда», «Кривое зеркало» ва «По стопам Илҳича» панҷ газетаи деворӣ бароварда мешуд. (Архиви партиявии Комитети вилояти Ленинободии ПК Тоҷикистон. Фонди 1, делои 288, варақаи 56). Кадомини ин газетаҳо дар худи шаҳри Хуҷанд дар он сол чоп мешуд, ба мо маълум нест.
Ба фикри ман, аввалин газетаи девории шаҳри Хуҷанд газетаи «Меҳнаткашлар товуши» мебошад. Барои нақл кардани таърихи ин газета ман маҷбур мешавам, ки вобаста ба он ба тарҷимаи ҳоли худ муроҷиат намоям. Дар ибтидои соли 1918 ман ба аввалин мактаби советии Хуҷанд даромадам. Мактаби мо дар ҳавлии мусодирашудаи як бой ҷойгир шуда буд. Ман он вақт 12 сола будам. Ба мо, мактаббачагон ба ғайр аз хондан вазифа гузошта шуда буд, ки барои дар байни аҳолӣ ҷорӣ кардани ҳаёти нав бо кори ташвиқотӣ машғул шавем.
Мо ба падарону модарони худ, ки қисми зиёдашон бесавод буданд, мебоист, ки моҳияти Ҳокимияти Советӣ ва дигаргуниҳоеро, ки Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба амал меовард, фаҳмонда медодем. Мо ғайр аз корҳои ташвиқотӣ ва эзоҳотӣ ба девори биноҳо шиорҳои инқилобии аз Москва, Тошканд ва Самарқанд гирифташударо мечаспондем. Дар ин шиору хитобномаҳо, ки қисман ба забони ӯзбекӣ буд, дар бораи қаҳрамонии аскарони советӣ дар фронтҳои ҷанги граҷданӣ, қадамҳои музаффаронаи Ҳокимияти Советӣ дар тамоми мамлакат, дар бораи зарурати ба ҳаёти нави советӣ гузаштан ва дар хусуси вазифаҳои бузурге, ки дар назди коргарон ва деҳқонон барои мустаҳкам намудани республикаи ҷавони советӣ меистод, сухан мерафт. Мо баробари часпондани шиорҳо ба падару модарони худ ва ба одамоне, ки дар чойхонаҳо ва бозорҳо ҷамъ мешуданд, ба монанди откриткаҳои почта, варақаҳои аз мактаб гирифтаамонро медодем.
Дар ин варақаҳо суратҳои пешвоёни пролетариат ва роҳбарони давлати советӣ: К.Маркс, Ф.Энгелс, К.Либкнехт, В.И.Ленин, Я.М.Свердлов, М.И.Калинин ва дигарон чоп шуда буданд. Дар қафои откриткаҳо матни «Интернатсионал» чоп шуда буд. Дар ин откриткаҳо ман бори аввал дар ҳаёти худ сурати В.И.Ленинро дидам, ҳарчанд ки дар бораи ӯ муаллими якуми мо Шариф Раҷабов нақлҳои аҷоиб карда буд. (Ӯ сонитар ходими калони партиявӣ шуд). Ӯ пеш аз револютсия мактаби русӣ – маҳаллии Хуҷандро тамом карда буд ва забони русиро бисёр нағз медонист. Андак вақт нагузашта, дар мактаби мо сурати калони Ленин дар ҷои намоён часпонда шуд. Ин зимистони соли таҳсили 1918-1919 буд. Ман дар мактаби Хуҷанд то соли 1922 хондам. Бо таъсири ҳикояҳои муаллимонамон дар бораи В.И.Ленин ва Москва ман ва рафиқони ҳаммактабам орзу мекардем, ки ба пойтахт рафта, бо чашмони худ доҳии бузурги пролетариати ҷаҳон В.И.Ленинро бубинам.
Ин фикр маро ором намегузошт. Вале он вақт аз сабаби хурд буданам ва барои ба Москва рафтан розӣ нашудани падару модарам орзуи ширини ман ҷомаи амал напӯшид. Ба мактаби мо инспектори шуъбаи маорифи Хуҷанд Юнус Махсум (Юнус Ҳусайн) тез-тез меомад. Азбаски ӯ одами ҳаматарафа маълумотнок, хоксор ва ғамхор буд, муаллимон ӯро иззату ҳурмати зиёд мекарданд. Юнус Махсум қариб ҳар як талабаро ном ба ном мешинохт. Юнус Махсум дар оилаи ҷадид тарбия ёфта буд. Падари ӯ Ҳоҷӣ Ҳусайн пас аз зиёрати Макка ва Мадина дар мактаби Истамбул хондааст ва баъди аз мактаби Туркия баргашта омаданаш дар Хуҷанд мактаби ҷадидӣ мекушояд ва дар он Юнус Махсум маълумоти ибтидоӣ мегирад. Аммо Юнус Махсум ба пӯсидани сохти кӯҳна боварӣ ҳосил карда, аз ҷадидӣ рӯ мегардонад ва дар солҳои 1917-1918 ба тарафи Ҳокимияти Советӣ гузашта, тамоман ба кори маорифи халқ дода мешавад. Юнус Махсум бо мо, мактаббачагон бисёр суҳбат мекард.
Дар ин суҳбатҳо аз хусуси вазифаи олии интеллигенти советӣ дар назди халқ, хизматҳои бузурги В.И.Ленин гап мезад, шеърҳо хонда медод, песаҳои якпардагиро бо мо репетитсия мекард, аз газетаю журналҳои русӣ суратҳоро нишон медод. Дар хақиқат ӯ падари рӯҳонии мо шуда буд. Бо ёрмандии Юнус Махсум ва коркуни фаъоли маорифи халқ дар Хуҷанд Қориғафур Очилов ман бо дӯстонам соли 1922 ба Тошканд рафтем ва ба Институти муаллимон дохил шудем. Вале орзуи деринаи ман дар бораи ба Москва рафта хондан аз сар дур намешуд. Инак, ман тобистони соли 1924 ба сифати аъзои Иттифоқи ҷавонон барои хондан ба Москва рафтам ва ҳамоно ба зиёрати Мавзолеи Ленин шитобидам. Ман ҳамон сол ба рабфаки назди дуюмин Университети давлатии Москва ба хондан даромадам. Моҳи июни соли 1925 мо, хонандагони рабфак ба деҳаи Горкий рафтем, ки дар он В.И.Ленин рӯзҳои охирини ҳаёти худро гузаронда буд. Мана он хонаи ба ҳама ва ба тамоми ҷаҳон машҳуре, ки Владимир Илич зиндагӣ кардааст. Дар остонаи ин хонаи муқаддас моро ҳамшираи Ленин М.И.Улянова пешвоз гирифт.
Ӯ бо ҳар кадоми мо вохӯрӣ карда, баъд дар бораи рӯзҳои охирини ҳаёти Илич ҳикоя намуд, хонаи ӯро нишон дод. Баъд мо дар боғи васею сердолу дарахте, ки хонаро иҳота кардааст, гардиш кардем, хараки бисёр вақт дар он нишаста истироҳаткардаи Владимир Иличро дидем. Тамошои ҷойҳои ленинӣ ба ҳар яки мо таассуроти чуқур ва ҳаяҷонбахш ато кард ва дар дили мо абадӣ ҷойгир шуд. ҳар кадоми мо аз дилу ҷон хостем, ки тамоми умр ба монанди Ленин кор ва зиндагӣ карда, барои беҳбудии халқ хизмат намоем. Дар аввали июли соли 1925 ман ҳангоми таътил ба Хуҷанд омадам ва рафиқони худро ҷамъ карда, дар бораи ҳар чизе, ки дар Москва дидаам, дар хусуси Илич, Горкий ҳикоя карда додам. Баъд дар ҳамин хусус аввалин очерки худро навиштам, вале чун он вақт дар Хуҷанд ягон хел газета бароварда намешуд, очеркро бароварда натавонистам. Рӯзе Юнус Махсум дар чойхона бо ман вохӯрда, хоҳиш кард, ки ба хонааш равам. Ҳангоми суҳбат дар меҳмонхона Юнус Махсум ба ман гуфт: - Шумо медонед, ки шаҳри мо то ҳоло газетаи худро надорад. Ин нағз нест. Биёед, ҳамроҳ газетаи деворӣ мебарорем. Онро «Меҳнаткашлар товушӣ» мемонем. Шумо ба ин чӣ мегӯед? Ман ба ин таклифи Юнус Махсум розӣ шудам ва ба кор сар кардем. Юнус Махсум муҳаррир ва рафиқи ҳаммактабам Абдуваҳҳоб котиб шудем.
Ҳар шумораи газетаро ман бо Абдуваҳҳоб дар меҳмонхонаи Юнус Махсум ба рӯи гилем хам шуда нишаста менавиштем, чунки столу стул набуд. Ҳар шумораро 5 нусха рӯбардор мекардем. Воқеаҳои шаҳрро муҳаррир навишта медод. Ман дар ҳамин газетаи деворӣ очерки калони худро бахшида ба Ленини Кабир дарҷ кардам. Ҳамин тавр нахустин газетаи девории шаҳри Хуҷанд дар зери шиори «Монанди Ленин мешавем!» бароварда шуд. Панҷ нусхаи газетаро дар ҷойҳои намоёни шаҳр часпонда мондем. Ҳамагӣ се шумора газет баровардем. Баъд баровардани газетаҳои деворӣ дар Хуҷанд расм шуд. Аввалин газетаи чопии Ленинобод ба номи «Колхозчӣ» («Роҳи колхозчӣ» бояд бошад.С.Ҳ. бошад), 25-уми марти соли 1930 нашр шуд . Солҳои 30-юми асри ХХ давраи нави тараққиёти матбуоти миллӣ буд. Дар ин марҳала дар ҷумҳурӣ ба нашри «панҷ рӯзномаи республикавӣ, як газетаи округӣ ва се журнал шурӯъ карда шуд, ки тираҷи умумии онҳо 20 ҳазор нусхаро ташкил медод» (Зариф Раҷабов «Аввалин газетаи деворӣ дар Ленинобод»//«Ҳақиқати Ленинобод», №178 (9068), аз 13-уми ноябри соли 1968). Воқеан, дар ибтидои солҳои 30-юми қарни гузашта «Роҳи колхозчӣ» (айни ҳол «Ҳақиқати Суғд) аз аввалин рӯзномаҳои округӣ буд, ки ба таҷрибаи газетаи «Правда» такя карда, ба вусъат додани кори оммавию сиёсӣ ва тарбиявӣ» машғул шуд ва имрӯз рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» 90 сол аст, ки чун нашрияи рақами аввали вилоят дар фазои иттилоотии кишвар ба рушду нумӯи журналистикаи тоҷик саҳм мегузорад.
Тӯли ин солҳо мактаби «Ҳақиқати Суғд» дар тарбияи мутахассисони соҳа саҳми бориз гузоштааст. Ба таърих назар андозем, «Ҳақиқати Суғд» чанд дафъа номи хешро тағйир додааст ва имрӯз нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» шоҳиди зиндаи воқеаҳои таърихии асри ХХ буд.
Агар имрӯз бастаҳояшро варақгардон кунем, шиорҳои оташини инқилобӣ, пайдоиши нахустин заводу фабрика ва колхозу совхозҳо, фаъолияти мактабҳои шӯравӣ ва маҳви бесаводӣ, иҷрои нақшаҳои 5-солаи аввалин, зиндагии пурошӯби солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, азнавсозиҳои баъдиҷангӣ, гул-гулшукуфии сотсиализм, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, сулҳу ваҳдат, Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон аз пеши назар мегузаранд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»