ОҒОЗИ ЧОРАБИНИҲО ДАР ДОИРАИ 20 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур мешавад.

Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ӯҳда дорад. Вобаста ба ин санаи 17 - уми март аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Корея, Россия, Украина ва Олмон ба мамолики мо ҷавонон  ташриф меоранд.    

Бино ба гуфти сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода ташрифи ҷавонони хориҷӣ аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ мегардад. Ҷавонон аз шаҳри Истаравшан, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ боздид мекунанд.

Боиси қайд аст, ки ҷавонон бештар ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва варзишию фароғатӣ ташриф оварда, бо ҳунарҳои миллии қадимаи халқи тоҷик ошноӣ пайдо мекунанд. Барои мустаҳкам кардани дӯстии халқҳо барномаҳои муштараки фарҳангӣ таҳти унвони "Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!" баргузор хоҳад шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh