ОИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори 97-умин соли нашри рӯзномаи “Ҷумҳурият”

- Агар ба паҷӯҳишоти анҷомшуда вобаста ба таърихи ташаккули матбуоти тоҷик назар андозем, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар баробари  «Бухорои шариф» ва «Шӯълаи инқлоб» яке аз саромадони давраи инкишоф ва аз рӯзи нахустини нашр то кунун пештози ҳавзаи матбуоти кишвар ба шумор меравад. Тавре маълум аст, рӯзнома аз 15-уми марти соли 1925 то кунун борҳо табдили ном кард, вобаста ба таҳаввулоти забонӣ шаклу усулҳои фарқкунандаи нигоришро пазируфт, вале дар ҳифзи мавқеъ ва ҳадафҳои бунёдии худ ҳамчун минбари бедории фикриву мубаллиғи ростини арзишҳои миллӣ устувор монд.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар зарфи мавҷудияти худ, натанҳо ба бозтоби воқеоти рӯз ва бархӯрд бо масоили доғи ҷомеа маҳдуд буд, балки дар фурсатҳои муносиб бо диди ҳақиқат рӯ ба таъриху фарҳанг ва таблиғи арзишу суннатҳои миллати куҳанбунёди тоҷик овардааст. Ҳамин рисолати пурарзиш боиси он гардида, ки муҳаққиқон зимни паҷӯҳиши масоили умдаи таърихӣ дар давраҳои гуногун саҳифаҳои онро варақ зананд. Далел ин аст, ки «Ҷумҳурият» бо ҳамин унвон ва номҳои қаблиаш дар сарчашма ва феҳристи адабиёти рисолаҳои сершумори илмию тадқиқотӣ зиёд ба чашм мехӯрад.

Ҳамчун рӯзномаи миллӣ ва ормонгарои пешоҳанг эътироф гардидани «Ҷумҳурият» дар замони Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам қавитар шуд. Мактаби бунёдӣ ва мавқеи ватандӯстонаи рӯзнома дар замони нооромиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нагузошт, ки ҳеҷ як корманди он зери чатри гурӯҳҳои фармонравои силоҳбадаст ва тимҳои манфиатхоҳ рафта, алайҳи манофеи миллӣ, сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол қалам тез кунанд. Балки бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Роҳбари ормонии халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафкураи аҳли ҷомеаро аз тангнои торикӣ ба ҷониби рӯшноӣ самт мебахшиданд.

Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит менамояд, ки дар замони фарогир набудани мавҷи телевизону радиои ватанӣ «Ҷумҳурият» ҳамчун нашрияи расмӣ аввалин шуда, ҳарфи сулҳро ба гӯшаҳои дурдасти мамлакат мебурд ва ҳадафҳои оливу давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум мерасонд. Чун минбари боварибахш халқро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи сиёсати ояндасози Сарвари давлат даъват мекард. Ҳам дар раванди барқарории сулҳ ва ҳам авҷи бунёдкориҳои имрӯз ҳамрозу ҳамнафаси хонандаи ҳушманди худ боқӣ монд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар идомаи рисолати бунёдии худ имрӯз низ бо имконоти фарогираш аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ин оинаи пурҷилои таърихи ормонҳои миллӣ дар баробари пешдастӣ ба иттилои тоза, ҳамзамон дастовардҳои бесобиқаи замони истиқлолият ва аҳамияти он ба наслҳои имрӯзу ояндаро дар саҳифаҳои худ мунъакис намуда, бо мушкилоту масоили ҳалталаби ҷомеа низ бархӯрди муносиб дорад.

«Ҷумҳурият» дар ростои муборизаҳои идеологӣ, ки бо истифода аз пешрафти технологияи иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ вусъат гирифтаанд, ҳамеша «мӯйро аз хамир» ҷудо мекунад. Дар матолиби таҳлиливу асосноки худ парда аз рӯи душманон мебардорад ва ҳадафҳои муғризонаи идеологҳои ғафлатзадаро нақше дар об месозад. Ба матолиби тафриқасози гурӯҳҳои зархарид бо пуштибонӣ аз манофеи давлату миллат посухи дандоншикан медиҳад. Зимни баҳсу муборизаҳои иттиллотӣ мисли бархе расонаву сомонаҳои иғвобарангез ба таҳқиру тавҳин роҳ намедиҳад ва бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва бидуни тавтеасозӣ дар фазои иттиллотӣ ҳузур дорад. Овозаву ҳангомаро намеписандад, балки пушти ҳар ҳарфаш далелҳои асосноку воқеӣ меистанд.

Рӯзнома ҳамчун таблиғгари ҳақбини сиёсати давлату Ҳукумат ба дарди мардум низ бармехӯрад ва дар ҳалли мушкилоти пешомада дасти хонандаро мегирад. Бо таъсиси рубрикаву гӯшаҳои виҷа ба аҳли ҷомеа минбар додааст, то ҳар нафар тавонад бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ аз мушкилоташ ҳарф занад, арзу ниёзи хешро ба гӯши мақомоти дахлдор расонад. Ахиран, ташкили озмуну чорабиниҳои мафкурасози сатҳи баланд, ки аз иқдомҳои бесобиқаи роҳбарияти рӯзнома аст, хонандаро бо ин нашрияи бонуфуз наздиктар кард.

Мактаби эҷодиву рӯзноманигории «Ҷумҳурият» низ кайҳо боз мавриди таваҷҷуҳи доираҳои расонаӣ қарор дорад. Зеро асли ин мактаб ба тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ гиреҳ мехӯрад ва таҷриба ҳам нишон додааст, ки хабарнигори «Ҷумҳурият» ҳангоми кор дар дилхоҳ расонаи дигар ба зудӣ муваффақ мешавад. Зеро, корманди «Ҷумҳурият» дар муҳите тарбия меёбад, ки сабақомӯзу дорои таҷрибаи пурғановат аст. Ин мактаби бунёдӣ хабарнигори рӯзномаро бо донишҳои зарурӣ муссаллаҳ намуда, дар вуҷудаш тухми садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба халқро кошта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол мерасонад.

Фирӯз РАҲМОНИЁН

Add comment


Security code
Refresh