Раҷаббой Аҳмадзода: Кормандони воситаҳои ахбори омма дар инъикоси воқеаву рӯйдодҳо ва таҳлилу баррасии масоили мубрами ҷомеа нақши назаррас доранд
- Details
- Published on Friday, 12 March 2021 09:48
11 марти соли 2021 бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён” бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Раиси вилоят кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро ба муносибати Рўзи матбуоти тоҷик табрику таҳният намуда, ба рӯзноманигорон саломатию сарбаландӣ, бурдборӣ ва комёбиҳои эҷодиро таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки таърихи матбуоти тоҷик аз нашри нахустшумораи “Бухорои шариф”, ки 11 марти соли 1912 нашр гардида буд, сарчашма мегирад. Ин рўзнома дар матбааи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик чоп шуда, “Бухорои шариф” хонандагони худро бо забони шевои оммафаҳм аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ месохт ва мардумро ба маърифату худшиносӣ даъват мекард. Ҳамакнун беш аз як аср аст, ки матбуоти тоҷик ҷомеаро дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, қабули як қатор қонунҳои марбут ба соҳа ба рушди воситаҳои ахбори омма мусоидат намуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рўзноманигоронро пуштибонӣ мекунад. Афзоиши шумораи нашрияҳо, радиову телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва фаъолияти мунтазами шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар баёнгари ин воқеият аст, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Алҳол, дар қаламрави вилоят 17 шабакаи телевизионӣ (аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ), 15 шабакаи радиоӣ (аз ҷумла 1 радиои давлатӣ), беш аз 50 ҳафтанома (аз ҷумла 21 ҳафтаномаи давлатӣ), 6 маҷалла (аз ҷумла 1 маҷаллаи давлатӣ) дар тақвияти фазои иттилоотӣ фаъолият бурда, дар таъмин ва дастрасии ахбори саҳеҳ ба аҳолии вилоят ва берун аз он нақши равшан мегузоранд.
-Воқеан ҳам, нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд.
Боиси таъкид аст, ки дар замони муосир, ки ниёзи ҷомеа ба ахбор беш аз пеш афзудааст, кормандони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси воқеаву рӯйдодҳо ва таҳлилу баррасии масоили мубрами ҷомеа заҳмат кашида, тавассути нерӯи қалам саҳми хешро дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мегузоранд
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад, - иброз дошт Раиси вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр сохт, ки соли ҷорӣ мардуми тоҷик ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин ҷашн дар тамоми гӯшаву канори вилоят корҳои азими бунёдкорӣ густариш ёфта, садҳо иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта истодаанд ва журналистони вилоят дар инъикоси воқеии корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, меҳнату фидокориҳои мардумро дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт менамоянд.
Сипас, ба 23 нафар рӯзноманигорон ва ҳайати эҷодии нашрияҳо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои идона ноутбуку компютер ва телефонҳо мобилӣ супорида шуд.
Дар маҷлис ҳамзамон номи ғолиби озмуни Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ эълон гардид. Тибқи иттилои Илҳоми Ҷамолиён, раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Сурайё Ҳакимова дар ин озмун баранда гардид. Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба ғолиби озмун диплом ва ҷоиза - 3000 сомониро супорид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мулоқоту вохӯриҳои журналистони собиқадор бо навқаламон доир шуд. Инчунин ба 57 нафар собиқадорони соҳаи матбуот, ки ба аёдат фаро гирифта шуданд, 28500 сомонӣ туҳфаҳои идонаи Раиси вилоят аз ҷониби масъулини шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят ва созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дастрас карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд