Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Муҳтарам аҳли қалам!

Ҳар сол санаи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки ба ин муносибат тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро табрик гуфта, ба онҳо саломативу тансиҳатӣ  ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу менамоям.

Воқеан ҳам, нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист”.

Дар замони муосир, ки ниёзи ҷомеа ба ахбор беш аз пеш афзудааст, кормандони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси воқеаву рӯйдодҳо ва таҳлилу баррасии масоили мубрами ҷомеа заҳмат кашида, тавассути нерӯи қалам саҳми хешро дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мегузоранд. Илова бар ин, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллиро дар дараҷаи аввал қарор дода, дар таъмини амнияти давлат ва ҷомеа хизмат мекунанд.

Бо назардошти нақш ва мақоми шоистаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои беҳтар гардидани фаъолияти расонаҳо иқдомҳои заруриро амалӣ намуда, пайваста аҳли қаламро дастгирӣ менамояд. Ташкилу баргузории озмунҳои гуногун миёни рӯзноманигорон,  дастгирии ҳайати эҷодии рӯномаву маҷаллаҳо, телевизиону радио ва беҳтар намудани вазъи моддиву техникии онҳо аз ҷумлаи чунин тадбирҳо маҳсуб меёбанд.

Соли ҷорӣ мардуми тоҷик ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ба ифтихори ин ҷашн дар тамоми гӯшаву канори вилоят корҳои азими бунёдкорӣ густариш ёфта, садҳо иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд.

Боварии комил дорам, ки ҷурналистони вилоят дар инъикоси корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, меҳнату фидокориҳои мардумро дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт менамоянд.

Бори дигар, кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, барояшон рӯзгори обод ва дар корҳои эҷодиашон фатҳи қуллаҳои навро  таманно мекунам.

Ид муборак, аҳли қалами вилоят!

Add comment


Security code
Refresh