КАРИМ КОМИЛОВ: ЖУРНАЛИСТ БОЯД РОСТҚАВЛ ВА ҲАЛОЛКОР БОШАД

Дар ибтидои соли 2021 хушхабари  тасдиқи ихтисосҳои нав дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷомеаи рӯзноманигорон ва аҳли сухану адаби кишварро болидахотир сохт. Акнун дилбохтагони касби рӯзноманигорӣ метавонанд, аз нозукиҳои касби рӯзноманигории телевизион, иттилоот ва робита (технологияҳои робита), web-рӯзноманигорӣ огоҳ шаванд. Дар арафаи  Рӯзи матбуоти тоҷик бо баҳонаи шодбошии ин навиди фараҳбахш суҳбате доштем бо мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Каримбой Комилов, ки онро манзури хонандагони азиз мегардонем.

- Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума беш аз  бист сол аст, ки дар омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа саҳм мегузорад. Агар ба дарозои ин бист сол назар кунем, чӣ хотирот ва бардоште ба зеҳн меояд?

- Табиист, ки лаҳзаҳои хотирмон зиёданд, чунки тамоми таърихи таъсису рушди кафедра пеши назар аст. Моҳи июни соли 1997 бо кӯшиши доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлуба Хоҷаева (Матлубаи Мирзоюнус) ва дастгирии ректори вақти донишгоҳ. профессор Саъдулло Абдуллоев таъсис ёфтааст. Бори нахуст соли хониши 1997-1998 ба кафедраи журналистика 50 донишҷӯ дохил гардида, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар марҳалаи нахустини таъсиси шуъбаи журналистика вазифаи мудирии кафедраро профессор Матлубаи Мирзоюнус (солҳои 1997-2002) бар уҳда доштанд.

Баъдан дотсент М.Ҳабибуллоева (солҳои 2002-2008), профессор Р.М. Бобоҷониён (солҳои 2008-2010), дотсент М.А.Зикриёева (солҳои 2010-2013), дотсент Д.Ҳ.Самадова (2013-2018) дар роҳи такмили раванди таълиму тарбияи журналистони соҳибихтисос бо камоли майл ва масъулият дар вазифаи мудирии кафедра саҳми назаррас гузоштанд. 

Тайи солҳои тайшуда ҳамчунин дар шуъба дотсентон Саодат Каримова, Савринисо Ғанизода, Мутриба Мавлонова, Субҳонҷон Аъзамов,  омӯзгорони соҳибтаҷриба Мавлуда Шарифова, Карими Шариф, Ҷӯра Юсуфӣ, Парвона Фирӯз, Илҳом Ҷамолов, Суюнбой Тилабов, Зайниддин Орифӣ, Мухтор Абдуллоев, Ислом Бобоев, Маҳмудҷон Дадобоев, Обидҷон Каримов, Маҳкамбой Каримов, Абдумалик Бегимқулов, Илҳом Ҳошимов ва Фирӯза Шамсиддинова ба таълиму таҳқиқ машғул шуданд. Баъдан теъдоди муаллимони кафедра аз ҳисоби хатмкардагони шуъба, номзадҳои илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова, Абдуқодир Шехов, Шоира Пӯлодова, Инобат Қосимова, Замира Сатторова, Эҳсон Раҷабов, Ӯғулой Қосидова, Дилбар Ғафурзод, Боирҷон Раҷабов, Мутриба Бобоҷонова, омӯзгорони ҷавон Набиюлло Суннатов, Осим  Носиров, Шаҳноза Зарифова, Малика Саидхоҷаева, Надимахон Ахмедова афзуд.

Як лаҳзаи ҷолиб, бори аввал соли 2020 дар байни донишҷӯёни кафедра олимпиадаи ихтисосӣ аз рӯи чор номинатсия гузаронида шуд, ки ғолибон бо медалҳо ва дипломҳо қадрдонӣ гаштанд.

- Устод, огоҳӣ дорем, ки ба наздикӣ чанд ихтисоси нав тасдиқ шуд. Ин кадом ихтисосҳо аст ва чӣ гуна мутахассисон омода мешаванд?

- Воқеан, имрӯз талабот ба журналистика бо назардошти рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ рӯз ба рӯз бештар гашта, дар як вақт мутобиқ ба ин раванд мавриди омода намудани ходимони эҷодии идораи ВАО низ дар назди факултаву шуъбаҳои журналистика талабот ҷиддӣ ва вазифаҳо мушаххас мегарданд. Ҳангоми омӯзиши нақшаҳои таълимии як қатор донишгоҳҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик дар самти тайёр кардани журналистони оянда мо якчанд ихтисоҳои навро мушоҳида намудем, ки дар ин кишварҳо на кам аз 10 соли ахир омӯзонида мешаванд. Аз байни маҷмӯи ин ихтисосҳо сетои онро интихоб намудем: рӯзноманигории телевизион, иттилоот ва робита (технологияҳои робита), web-рӯзноманигорӣ. Ректори МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Ҷамшед Ҷӯразода моро дастгирӣ карданд ва  пешниҳодҳо оид ба таъсиси ин ихтисосҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 

Аз рӯи ихтисоси “Рӯзноманигории телевизион” хатмкунандагон метавонанд, хабарнигори радио ва телевизион, мухбир, мухбири худӣ ё махсус, шореҳ, муҳаррири оҷонсиҳои иттилоотӣ ё рекламавӣ, ходимони марказҳои иттилоотии идораву муассисаҳое гарданд, ки кор бо маҳсулоти аудиовизуалӣ доранд ва ғайра бошанд.

Мансабҳое, ки пас аз хатми ихтисоси “Иттилоот ва робита (технологияҳои робита)” ишғол карда мешаванд: котиби матбуот, муҳаррири хидмати реклама, таблиғ, муҳаррири хидмати матбуот, ассистент, менеҷери PR, Event – менеҷер ва дигарҳо мебошанд.

Мутахассисон аз рӯи ихтисоси web-рӯзноманигорӣ пас аз хатми донишгоҳ метавонанд, дар вазифаҳои мухбири интернет-захира, муҳаррири интернет-захира, муҳаррири расонаи иҷтимоӣ, маъмури сомона, мухбири идораи намоиши интернетӣ дар ТВ, журналисти визуалӣ, муҳаррири лоиҳаҳои махсус, копирайтер (веб-райтер), дижитал-журналист, рерайт, шореҳ ва ғайра фаъолият намоянд.   

Ин ҷо як нуктаро махсус қайд карданӣ ҳастам, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ниёз ба мутахассисони нав ба нави рӯзноманигорӣ пайваста меафзояд. Ихтисосҳои  нав рӯи кор меоянд. Масалан, имрӯз, аллакай талабот ба “Рӯзноманигори додаҳо”, ”Тренд-вотчер”, “Бренд-менеҷери фазои иттилоотӣ”, “Меъмори маҳсули расонаи фаромарзӣ” ва ғайраҳо пеш омадааст, ки ин минбаъд низ ба мо имкони таъсис додани ихтисосҳои навро вазифагузорӣ менамояд.

- Аксари ихтисоси нав тоза ба журналистика ворид шудаанд, мутахассисон, яъне устодони марбути соҳа ҳастанд ва базаи моддиву техникии кафедра барои таълими ин фанҳо мусоидат мекунад?

-  Албатта, ихтисосҳое, ки мо интихоб кардем, бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума таҳия карда шудааст. Кафедра барои омода намудани мутахассисон ду таҳкурсии асосии таълими касбӣ: илмӣ-педагогӣ ва техникӣ-истеҳсолӣ дорад. Алҳол як профессор, доктори илмҳои филологӣ, 14 дотсент, номзадҳои илмҳои филологӣ дарс мегӯянд. Дар самти минбаъд тайёр кардани мутахассисони ҷавон низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Алҳол, ду нафар устоди ҷавони кафедра дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ҳастанд. Боз панҷ нафар унвонҷӯ аз пайи корҳои таҳқиқу омӯзишанд, ки мавзӯи илмии як қисми онҳо мувофиқ ба ихтисосҳои нав аст. 

Базаи техникиву истеҳсолии кафедра низ мавҷуд аст, алҳол ду студия: телевизионӣ ва радиоӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон, корҳои таҷдиду такмили студияҳо рафта истодааст, корҳои сохтмонии боз як студияи барҳаво анҷом ёфта, таҷҳизонидану ороишдиҳии он давом дорад. Студияи радио низ таҷдиду такмил меёбад. Кафедра бо интернети доимӣ пайваст буда, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ як синфхонаи махсуси компютерӣ барои гузаронидани машғулиятҳои интернетӣ таъсис дода хоҳад шуд. Дар ҳолати зарурӣ бо ризоияти Раёсати донишгоҳ таҳкурсии техникии мавҷудаи худи муассиса низ истифода хоҳад шуд.  

- Устод, имрӯз шогирдони кафедра дар тамоми минтақаҳои кишвар ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият доранд, албатта, шогирдоне, ки боиси ифтихори устодон мебошанд, бисёранд. Ҳамин тавр не?

- Бале, мо бо шогирдони худ, хосатан онҳое, ки дар касби худ комёб гаштаанд, ҳамеша ифтихор дорем. Аз соли 2002 инҷониб ҳар сол шуъбаи журналистикаро даҳҳо нафар хатм карда, дар расонаҳои хабарӣ, телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, мақомоту идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва ғайра фаъолият доранд. Ба гунаи мисол чанд нафари онҳоро номбар карда метавонем, аз ҷумла мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» Фирӯз Ҷумъаев, муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Гулноз Бобомурова, сармуҳаррирони рӯзномаҳои «Суғд Ҳақиқати» Фарҳод Ҷӯраев, “Хуҷанд” Ӯғулой Қосидова, “Паёми Спитамен” Фирӯз Боқӣ, “Соҳил” Улуғбек Худойбердиев, “Ворисони Суғд” Муслима Раҳимова, “Паёми кӯҳистон” Фитрати Ҳикмат, муовинони сармуҳаррирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд» Сурайё Ҳакимова, “Тирози ҷаҳон” Мавзуна Ваҳҳобова, ходимонии рӯзномаҳои “Овози тоҷик” (шаҳри Тошканд) Меҳровар Мирмаҳмадов, “Согдийская правда” Мавзуна Дадобоева, “Ҳақиқати Суғд”  Гулҷаҳон Турсунова, Маъмурахон Самадова, Роҳатхон Эшонова, Ӯғулой Олимова, Нодир Турсунов, Истам Қӯчиев,  “Суғд Ҳақиқати” Уктам Ризоев, Нигора Ҷӯраева, “Тирози ҷаҳон”  Таҳмина Аюбова, масъулини ОИ “Суғднюс” Алишер Охунов, ОИ “Спутник” Қамари Аҳрор, сармуҳаррирони ШТР “Сомон” Насим Орзуқулов, ШТР “Танин” Осим Носиров, радиои “Замон” Рустам Файзуллоев,  кормандони ТВ “Тоҷикистон” Маҳмуд Аҳмадов, ШТР “Азия” Рамзия Сафарова, Муборизи Муҳаммад, Афзал Босолиев, ТВ ва радиои вилояти “Суғд” Ғуфрон Ҳусейнов, Умеда Раҷабова, ТВ “Сафина” Маҳмадназир Келдиев, ШТР “Танин” Сино Ғафурзода, ШТР “7 ситора” Шамсиддин Наврӯзов, ШТР “Диёр” Рустамбек Аҳмадов,  радиои “Озодӣ” Каюмарси Ато, директори маҷаллаи сайёҳии “Раҳнамои кишвар” Нилуфар Умарова ва даҳҳо дигарон. Ҳамчунин, хатмкардагони кафедра дар дигар сохторҳо низ комёб гаштаанд: мудири шуъбаи идеологияи шаҳри Истаравшан Фозил Бобоев, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Илҳом Эшонқулов, муаллими Донишгоҳи давлатии (славянӣ) Россия ва Тоҷикистон Лутфулло Ниёзов, котибони матбуоти  раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд Маъмур Юсуфзод, Истаравшан Бахтиёр Ҷамолов, Ашт Сайидо Шодиқулов, корманди маркази иттилоотии Дастгоҳи Раиси вилоят Андар Раҳмонов ва дигарон. Бархе аз хатмкардагони шуъбаи мазкур дар хориҷа кор ва фаъолияти касбиашонро идома дода истодаанд, аз ҷумла М.Сайфиддинова (Ҳолланд), А.Қадамов (ИМА), Ш.Рауфова (Россия). М.Қодирзода (Ӯзбекистон) ва дигарон. Албатта, ҳамаи хатмкунандагони муваффақро ин ҷо номбар кардан ғайриимкон аст. Муҳим аз ҳама аксарияти онҳо дар зиндагӣ, фаъолияти касбӣ ҷойи худро ёфтаанд.

-Ба андешаи Шумо, журналистони муосир бояд дорои кадом хислат ва малака бошанд?

- Хислатҳо метавонанд, дар як журналист гуногун бошад. Муҳим аз ҳама фаҳмидани он, ки журналистӣ касби масъулиятнок аст, барои иттилооте, ки ба омма "мерасонад", масъул маҳсуб меёбад. Ҳар сухани бепоя метавонад, муқобили ӯ гардад. Ростқавлӣ, ҳалолкорӣ, покизагии журналист эътимоди аҳолиро ба ӯ пайдо менамояд.

Ин ҷо чанд тавсияҳое номбар карданием, ки ба рӯзноманигори навкор барои соҳибкасб шудан, обрӯ ёфтан ва дар бозори меҳнат талабгор пайдо  намудан кӯмак мекунад.

Аввалан, одоби муошират (хушмуомила будан). Мутахассиси хуб қодир аст бо мардум робита намояд, бовариашонро ба даст орад, ба муносибати доимӣ ва муколамаи "ошкоро" водор созад.

Дуюм, зиёӣ бошад. Журналист бояд шахси ҳамаҷониба босавод, ҷаҳонбиниаш васеъ,  бофарҳанг, донишманд бошад. Дониш ин маҷмӯи маълумот аст. Бешубҳа, ҳама чизро донистан ғайриимкон аст. Аммо таваҷҷӯҳ ба соҳаҳои мухталиф, ҷамъ кардани маълумот ва омӯхтани чизи нав бояд яке аз хислатҳои муҳими журналист бошад.

Сеюм, иттилоотшинос бошад. Аз анбуҳи маълумот иттилооти зарур ва муҳимро ҷудо карда тавонад. Хуб донад, ки ҳоҷати бо далелҳои бефоида пур кардани “хазина”-и иттилоотӣ нест. Кор бо иттилооте гирад, ки тоза аст, на аллакай он ба ҳама маълум бошад.

Чорум, кунҷкобӣ бошад. Дар журналистика, «нахӯди пеши қошуқ” шудан, баръакс, хислати бад нест. Ҳар қадаре ки корманди ВАО кунҷкоб бошад, ҳамон қадар салоҳиятдор аст. Сухан мавриди кунҷкобии хусусияти касбӣ меравад, на дигар.

Панҷум, маҳорати кор кардан дар гурӯҳ дошта бошад. Бисёр вақт чунин мешавад, ки ҳангоми ба ягон чорабинӣ омадан якбора бо якчанд нафар мусоҳиба кардан лозим меояд. Аммо чӣ гуна бояд ҳамзамон бо чанд нафар мусоҳиба карда, боз аксҳои хуб бардорӣ? Ин вақт аксбардор ба кӯмак ба хабарнигор фиристода мешавад. Рӯзноманигор бояд маҳорати корбарӣ карда тавонистани худро нишон диҳад. Ин вақт, бо суратгир бояд "забон як кунад".

Албатта, ин на ҳамаи тавсияҳои муҳим барои журналисти оянда.

- Дар чор асре, ки журналистика босуръат ба  ҷомеа таъсир мегузорад, ба андешаи Шумо, дар раванди журналистика чӣ чиз тағйир ёфт?

- Албатта, дар чор аср тағйироти ҷиддиву начандон зиёд ба амал омадаанд. Аввал, пайдоиши матбуот дар асри ХVII ҷомеаро тасхир кард, қариб сесад сол баъд, интиҳои асри ХIХ ва ибтидои асри  ХХ радио ҳамаро ба шигифт овард, оғози солҳои 20-уми асри гузашта, пайдоиши телевизион муъҷиза гашт ва ниҳоят, охири асри ХХ бо интернет онлайн-журналистика омад. Имрӯз журналистика қариб ҳамарӯза чизи нав меорад.

Даҳ сол пеш чунин ба назар мерасид, ки гӯё Интернет матбуотро “мехӯрад” ва панҷ сол қабл чунин ба назар мерасид, ки блогистон журналистикаи анъанавиро иваз мекунанд. Матбуот дар натиҷа бо вуҷуди талафоти зиёд зинда ва журналистикаи анъанавӣ ҳанӯз побарҷо монд. Матбуот роҳҳои нав ба нави дар бозори иттилоотӣ монданро меҷӯяд, аз ҷумла маводи худро ба Интернет “кӯчонд” ва бо ин роҳ хонандаи худро дар онлайн нигоҳ доштанӣ аст.

Имрӯз таъсири онлайн ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба журналистикаи муосир муассир аст. Бо туфайли шабакаҳои иҷтимоӣ муҳити муоширати шаҳрвандӣ пайдо шуд, ҳатто бидуни таҳрири ғаразнок даҳҳо маротиба мавод ва фикру ақидаҳои воқеан мустақили журналистӣ дар заминаи он ба вуҷуд омад. Ғайр аз ин, бисёр ҷанрҳои журналистика унсурҳои нав пайдо карданд, таҷдид ёфтанд. Инчунин, мехоҳам қайд намоям, ки ҳамагӣ 5 сол пеш мавзӯи матнҳои SЕO (матни тибқи қоидаҳои маркетинги василаи ҷустуҷӯ таҳияшуда) барои журналистика аҳамияти калон дошт. Куллан, бисёр расонаҳо на аз паи беҳбудии сифати муҳтавою мундариҷа, балки аз паси маводи низомҳои ҷустуҷӯӣ буданд. Дар натиҷа, ҳама матнҳои зиёде навиштанд ва аксари онҳо роботҳоро мемонданд ва эътимод доштанд, ки журналистикаи муосир инро талаб мекунад ва умед ба он мебастанд, на ба одамон. Журналистоне буданд, ки аз ҳуҷраи корӣ набаромада, мавод менавиштанд, “репортаж” месохтанд. Имрӯз ба шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ шахс боз масъул аст, на низоми ҷустуҷӯӣ. ҳоло бори дигар на миқдор, балки сифати маводи журналистӣ муҳим аст. Рӯзноманигорони боистеъдод торафт бештар мешаванд, ки мутобиқи талаботи замони нав маводи воқеан хонданӣ эҷод мекунанд.   

- Шумо бо донишҷӯён, журналистони ҷавон сарукор доред, одатан, ба онҳо чӣ гуна маслиҳатҳо медиҳед?

- Дар оғози фаъолияти корӣ аз супоришҳо наҳаросед, ҳатто худ талаб кунед. Сафари ҳарвақта ба деҳа, лавҳа аз ҳаёти як чӯпон, репортаж аз мактаби ноҳияи дурдаст - новобаста аз он ки ба шумо чӣ супориш медиҳанд, розӣ шавед. Барои рӯзноманигори навкор бештар стрингер будан муфидтар аст, яъне давидан, ҷустуҷӯ кардан, дарёфт намудан, шиносоӣ ва донистани он ки атрофиён чӣ нафас мекашанд.

Баъдан, маслиҳате, ки аз рӯзҳои аввал заруранд - фавран соҳиби ташрифнома, дафтарчаи алоҳида барои қайд, телефони шахсони соҳиби иттилоот, ё файли Word-и инфиродӣ дастрас намоед. Ҳар дафъа рақами котиби матбуотӣ ё сухангӯи навбатиро навишта, пас ба "захираи телефон"-и худ гузоред, дар интернет суроғаи электронӣ бо нишон додани рақамҳои тамос дошта бошед.

Ба мусоҳиба рафтед, худро хуб, бемуболиға муаррифӣ намоед, баъдан бодиққат гӯш кунед, ки мусоҳиб чӣ мегӯяд. Дар як вақт гӯш кунед, қайд намоед ва фикр кунед, ки чӣ мепурсед. Ҳангоми қайднамоӣ сархам набошед, ҳамаро ҷумла ба ҷумла нанависед, муҳимтарин гуфтаҳоро кӯтоҳ қайд кунед.

Сониян, ба ҷои дароз ва муфассал кӯтоҳ ва содда бинависед. Албатта, агар худи муҳаррир  супориш надиҳад, ки маводи муфассал нависед. Одатан, як навкор мехоҳад, ҳама  чизро, ҳатто дар бораи он чизҳое нақл кунад, ки дер боз ба ҳама маълум буданд. Дар натиҷа, агар шумо хеле зирак бошед, бо андӯҳ тамошо хоҳед кард, вақте ки маводи муҳоботомези навиштаатонро “қайчӣ” карда, эродҳои ҷиддӣ ҳамроҳ мекунанд. Мақоларо чун мактуб ба дӯст – фаҳмо нависед.

Ниҳоят, танбалӣ накунед, агар чизе нофаҳмо аст, ба манбаъ дубора занг занед. Агар шумо чизе надониста ва нафаҳмида навиштед, хонандагон онро, бешубҳа, эҳсос мекунанд.

Ҳамчунин, муҳим, маводро навиштаед, онро фавран пешниҳод накунед, бигзор хобад. Агар имкон набошад, ки онро то субҳ бигузоред, ҳадди ақал пас аз навиштан 5 дақиқа ба дигар кор машғул шавед ва сипас ба мақола бо диди дигар, аз назари хонанда нигаред. Албатта, такрорҳо, хатоҳо ва ғалатҳои худро меёбед.

- Ба ҷавононе, ки мехоҳанд, журналист шаванд, чӣ тавсия медиҳед?

- Тавсияҳо!? Ба фикрам, ин ҷо такрори қолаби маъмул баҷо аст: омӯзиш, донишандӯзӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ... Вобаста ба журналистика, метавонем бо як сухан гӯем. Журналистика – касби ояндадор. Агар хоҳед, ки ихтисосҳои замонавӣ гиред, ба кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума биёед. Воқеан, касби журналистиро интихоб намоед, бурд мекунед, зеро барои Шумо ҷаҳони нав, ҷаҳони имкониятҳо, ҷаҳони кор бо иттилоот, матбуот, радио, телевизион, интернет, оҷонсиву хадамотҳои иттилоотӣ ва рекламавӣ, PR, web-журналистика, журналистикаи додаҳо, воситаҳои коммуникатсионӣ ва ғайра боз мешавад. Иттилоот моли асосии ҷомеаи имрӯзаву оянда аст ва зарурат ба мутахассисони соҳаҳои кор бо иттилоот фардо низ пайваста меафзояд.

-Ташаккури зиёд, устоди гиромӣ!

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh