ЭҲТИРОМИ БУЗУРГОН - ОИНИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН
- Details
- Published on Wednesday, 03 March 2021 13:04
Дар сари роҳи ҳидоят Ҷомӣ аз нуру сафо,
Ҳамраҳаш бошад Навоӣ баҳри миллат муқтадо.
Вақте ки сухан аз боби дӯстӣ меравад, махсус таъкид кардан зарур аст, ки дӯстии байни халқҳои тоҷику ӯзбек хеле қадимӣ ва абадист. Таърихи башар чунин дӯстии мустаҳкамро надидааст. Тоҷику ӯзбек ҳамеша дӯсту бародар, хешу табор буданд ва ҳастанд. Урфу одат, анъанаҳояшон ба ҳам чунон пайваст шудааст, ки ибораҳои “ду шохаи як дарахт”, “як себи дукафон”, “мағзи ҷуфти як донак” ба онҳо хеле мувофиқ меоянд. Онҳо дар рӯзҳои хурсандӣ, тӯю тамошо ҳам, дар рӯзҳои пурташвишу вазнин ҳам ҳамдаму ҳамнафаси якдигаранд.
Ӯзбекони мардумдӯсту тоҷикони меҳмоннавоз то ҳадде пайванди якдигарӣ буданду ҳастанд, ки ҳеҷ як нафар ва халқу миллате наметавонад онҳоро аз ҳам ҷудо созад. Ин риштаи ногусастаниро чанде пеш Президентҳои ду давлат Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев боз ҳам мустаҳкамтар намуданд, ки боиси сарфарозии ҳар ду миллат гардид. Тимсоли барҷастаи ин дӯстӣ Ҷомиву Навоӣ, ки чун ду офтоби осмони назм то ҳанӯз нурпошӣ доранд, устоду шогирд буданд ва месазад, ки мо дар ҳақиқат ҳаёти онҳоро мактаби дӯстии халқҳо ва манбаи илҳом гӯем.
Моҳи феврали соли 2021 ба рӯзи мавлуди сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Низомиддин Алишери Навоӣ, ки бо асарҳои барҷастааш дар таърихи адабиёти ӯзбеку тоҷик мақоми арзанда дорад, 580 сол пур шуд. Дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – ду шоири маъруф ва донишманди муътабар намунаи таърихии дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон аст. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва одӣ шудани равобит миёни ду кишвар бори дигар хотираҳои таърихро варақгардон намуда, ба таърихи куҳан бурд. Бори дигар номи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ вирди забонҳо шуд.
Дар пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе боғе ба номи ин шоир ва мутафаккири зуллисонайн, ки ба забонҳои ӯзбекии қадим - туркии чиғатоӣ бо тахаллуси “Фонӣ” эҷод мекард, гузошта шуда, тамошогаҳи аҳли башар аст. Кист ӯ, ки ин қадар васфаш менамоему то ҳанӯз, яъне бо гузашти наздик 600 сол ёдаш дар дилу дидаҳост. Алишер Навоӣ зодаи шаҳри Ҳирот буда, падараш Кенҷа – баҳодур яке аз амалдорони дарбори Темуриён ба шумор мерафт. Ӯ ҳарчанд хату савод надошт, аммо кӯшишу заҳмати зиёдаш барои саводнок кардани фарзандаш самараи нек ба бор овард. Таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи Навоӣ дар Ҳирот гузашта бошад ҳам, Машҳад барояш азизу мукаррам гардид. Зеро дар он ҷо баробари ба ҷо овардани хизмати дарбори Бобур Мирзо таҳсили худро давом дода, ба омӯхтани эҷодиёти адибони бузурги форсу тоҷик Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ машғул гардид. Навоӣ аз онҳо сеҳри каломи мавзун, санъати суханварӣ ва тарзу усули образофариро омӯхта, дар пайравиашон шеърҳои аввалини худро иншо кардааст.
Дарси зиндагии дар Машҳад аз суҳбати олимону шоирон гирифтаи Навоӣ ҳаёти минбаъдаи шоирро куллан тағйир дод. Ба маснади шоҳӣ нишастани шарикдарси Навоӣ - Ҳусайн Бойқаро, ба дарбори ӯ даъват шудани шоир, ҳамчун муҳрдори дарбор ифои вазифа намудану бо устоду дӯсти минбаъда Абдураҳмони Ҷомӣ риштаи дӯстӣ пайвастани Алишер Навоӣ маҳз дар ҳамин давра сурат гирифтааст. Шахси инсондӯсту раиятпарвар Алишер Навоӣ ҳангоми иҷрои корҳои давлатдорӣ тарафдори халқи заҳматкаш шуда, ба онҳо хубиҳои зиёде кардааст. Танҳо бо тадбирҳои оқилонаи Навоӣ пеши роҳи шӯришҳои он давра гирифта шуда, халқ аз додани андози зиёдатӣ озод гардид, ки пас аз ин обрӯю эътибораш дар байни халқ афзуд. Алишери Навоӣ ҳарчанд ба мартабаҳои вазирию амирӣ расида бошад ҳам, аммо аз эҷодиёт лаҳзае ҳам дур набуд. Навоӣ чун арбоби давлатӣ барои ободонии мамлакат, сохтмони мадрасаҳо, шифохонаҳо кӯшиши зиёд менамуд, ба олимон, рассомон, мутрибон, шоирону хушнависон доимо дасти ёрӣ дароз мекард. Якҷоя бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании давр сарварӣ мекард.
Ҳарчанд ба яке аз ноҳияҳои дурдасти Ҳирот - Астаробод ҳоким таъин шуда бошад ҳам, баъди чанде аз корҳои давлатӣ даст кашид ва то охири умр ба корҳои эҷодӣ машғул гардид. Низомиддин Алишери Навоӣ бар замми донистани забони форсӣ - тоҷикӣ, донандаи хуби забони арабӣ буд. Ӯ қобилияту истеъдоди аҷиб дошт. Аз бар намудани абёти зиёди шоирони форсу тоҷик чашми Навоиро ба шоҳроҳи шеъру шоирӣ кушод. Илова бар ин, ҳамчун Абдураҳмони Ҷомӣ устоде дошт, ки дар пешрафти эҷодии ӯ саҳми аразанда гузошт. Алишери Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модарӣ – туркӣ эҷод кардааст. То замони Навоӣ бо забонҳои туркӣӯзбекӣ эҷод намудани достонҳои ҳаҷман бузургро ғайриимкон мешумориданд.
Навоӣ аввалин шуда ин назарияро нодуруст шуморид ва барои исботи ин панҷ достон эҷод намуд. Достонҳои Навоӣ дар пайравии “Хамса”-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва “Ҳафт авранг”-и Абдураҳмони Ҷомӣ иншо шудаанд. Навоӣ як қисми асарҳояшро ба забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод кардааст. Аз мутолиаи ашъори тоҷикии адиб равшан мегардад, ки ӯ хусусияти назми тоҷикиро хуб медонистааст. Худи шоир ба ин маънӣ ишорат карда чунин мегӯяд: Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст, Форсӣ ҳам лаълу дурҳои симин, чун бингарӣ. Гӯиё дар растабозори сухан бикшудаам, Як тараф дуккони қаннодию як сӯ заргарӣ. Девони тоҷикии Навоӣ бо номи “Майдони балоғат” шуҳрат дорад ва қариб чор ҳазор байтро дар бар мегирад. Дар девони шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Як хусусияти муҳими девони Навоӣ аз он иборат аст, ки адиб пеш аз ҳар ғазал ба кадом шоири гузашта пайравӣ намуда, эҷод карданашро ишора мекунад. Масалан, “Татаббӯи Мир Хусрав” (Амир Хусрави Деҳлавӣ), “Татаббӯи ҳазрати Махдумӣ” (Абдураҳмони Ҷомӣ) ва ғайра. Дар байни асарҳои тоҷикии Алишери Навоӣ қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа дар пояи баланд қарор дошта, таърихи навишта шудани қасидаро Навоӣ дар “Хамсат-ул-мутаҳайирин” ба тариқи зайл овардааст: “Рӯзе ман дар хидмати он кас (Абдураҳмони Ҷомӣ) будам. Аз ҳар дар сухан мерафт. Дар омади сухан ман “Дарёи аброр” ном қасидаи Хусрави Деҳлавиро аз ҳад зиёд таъриф кардам... Ҳам дар он рӯзҳо подшоҳ ба сафари Марв тайёрӣ дида, маро ҳамроҳи худ бурданӣ шуд. Ман барои иҷозат гирифтан ба назди он кас (Абдураҳмони Ҷомӣ) рафтам.
Дар вақти баргаштанам аз бағали худ як ҷузъ коғаз бароварда доданд. Кушода дидам, қасидаи “Луҷҷат-ул-асрор”, ки ҳамон рӯзҳо дар ҷавоби қасидаи “Дарёи аброр” навишта буданд. Савор шуда ба роҳ баромадам, то манзил бар болои асп он қасидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи (байти аввали) қасидаи “Туҳфат-ул-афкор” ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фаромаданамон матлаъ ба он кас фиристода шуд, ки агар писанданд, ишорат кунанд, тамом намоям. Фақир то ба Марв расидан он қасидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам”. Бале, дӯстию рафоқати Навоӣ бо Ҷомӣ намунаи барҷастаи муҳаббати инсон ба якдигар аст. Гарчанде Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ 27 сол хурд буд, таълимро аз ин устоди бузург гирифт, ҳар як асари иншокардаашро аз назари устоди худ – Ҷомӣ мегузаронд, бо маслиҳатҳои судбахши ӯ асарҳояшро такмил мекард, бо вуҷуди ин муносибати байни онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки дӯстони наздику бовафо низ буданд. Навоӣ яке аз аввалин касонест, ки асарҳои устодашро ба забони ӯзбекӣ-туркӣ тарҷума кардааст ва забони фасеҳу каломи лутфомези Ҷомиро ба хубӣ нигоҳ доштааст.
Дӯстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то лаҳзаҳои охири ҳаёташон қатъ нагардид. Навоӣ дар марги устодаш ашки ҳасрат мерезад, то як сол азодорӣ мекунад. Дар вафоти Ҷомӣ марсияи пурсузу гудоз эҷод мекунад. Дӯстию ҳамкории ин ду фарзанди барӯманди тоҷику ӯзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст, ки то ҳанӯз он пойдор аст. Маҳорати Навоӣ дар “Хамса” низ ҷолиби диққат аст. Садриддин Айнӣ “Хамса”-и Навоиро “яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классикии Шарқ” номидааст. Навоӣ чун олими забоншинос “Муҳокимат-ул-луғатайн” ном асар офаридаааст, ки дар он забони ӯзбекӣ ва форсӣ-тоҷикӣ ба тарзи қиёсӣ таҳқиқ шудаанд. Ҳамчунин Алишер Навоӣ дар охири ҳаёташ достони тамсилии “Лиссон-ут-тайр” ва рисолаи иҷтимоию ахлоқии “Маҳбуб-ул-қулуб”-ро навишта, анъанаи “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ ва “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомиро ба тарзи хос идома додааст. Эҷодиёти Навоӣ аз асри ХV то рӯзҳои мо диққати адабиётшиносону шарқшиносонро ба худ ҷалб кардааст. Дар навоишиносӣ дар қатори дигар олимон хидматҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ беҳудуд аст.
Дар асоси асарҳои Навоӣ опера ва драмаҳо ба майдон омад, дар бораи худи Навоӣ асарҳои зиёди саҳнавӣ рӯи кор омаданд. Драмаҳои мусиқии ӯзбекии “Лайливу Маҷнун”, “Фарҳод ва Ширин”, ки дар асоси достонҳои Навоӣ таҳия шудаанд ва драмаи таърихии “Алишер Навоӣ”-и Уйғун ва Иззат Султон, ки ба ҳаёт ва фаъолияти доманадори Навоӣ бахшида шудааст, дар театрҳои тоҷик намоиш дода мешаванд. Дар шумораи 16-17-уми октябри соли 1993 нигоштаҳои А. Самеъзода таҳти унвони “Мулоқоти Восифӣ бо Алишер Навоӣ” дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” чоп шудааст. Мураттиб дар мақола чунин менигорад: “... Ба дӯстдорони адабиёт бори аввал бо алифбои ҳозира порчае пешкаш мегардад, ки дар он Восифӣ яке аз воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти худ – мулоқоти ягонаашро бо Алишер Навоӣ инъикос кардааст. Ин мулоқот дар синни 16-солагии Восифӣ ва охири ҳаёти асосгузори адабиёти классикии ӯзбек ба вуқуъ пайвастааст”. Порчаҳои нашршуда аз “Бадоеъ-ул-вақоеъ”- и Зайниддин Маҳмуд ибн Абдуҷалил аст, ки сарчашмаи муҳимтарини адабиёти қарни XVI ба шумор меравад. Хонанда баъди мутолиаи ин мақола аз ҳаёти пурошӯби адибони он давр ба хубӣ ошно мегардад ва дар як вақт аз зиндагиномаи Мир Алишер барин равшанфикрон, ки Восифии шонздаҳсоларо ба ҳузури хеш мепазирад, огоҳ мешавад.
Санаи 27-уми сентябри соли 2018 барои мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст хотирмон боқӣ хоҳад монд. Зеро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев боғи дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе қарордошта азнавсозӣ гардида, бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбекзабон “Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ” номгузорӣ гардид. Боғ дар ҳудуди 2,23 гектар доман густурда, мувофиқи талаботи муосир бунёд гардидааст. Ҳусни боғ аз табиати зебою нотакрор ва мавҷудияти дарахтони ороишиву ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳои рангоранг, майдонча барои бозии кӯдакон, қаҳвахона ва нишастгоҳҳои фароғатӣ ҷилои тоза ба худ касб карда, тамошогаҳи аҳли башар аст. Дар миёнаҷои боғ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя - Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ қомат афрохта, он аз тарафи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум менамояд.
Бунёди боғи замонавӣ ва дар он гузоштани муҷассамаи мутафаккири барҷаста Низомиддин Алишер Навоӣ баёнгари хислати неки инсонӣ, башардӯстиву сулҳпарварӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба гузаштаи хеш аст. Месазад, ки бо гузашти 580 сол бо шоир ва мутафаккир ва сиёсатмадори асри ХV Алишер Навоӣ ифтихор намоем ва дар ин замина барои пурратар азхуд намудани эҷодиёту зиндагиномаи ӯ камари ҳиммат бандем. Бохабар будан аз мероси адабии шоир барои дӯстдорони каломи бадеъ ва иштирокдорони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Шоира КАРИМЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”