Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард
- Details
- Published on Thursday, 11 February 2021 11:14
Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат карда, ҳофизи маъруфро бо ҷашни мавлудаш табрик намуд.
Раиси вилоят ҳунарпешаи шинохтаро, ки соли равон ба синни 80 расид, табрик гуфта, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ, умри бардавом, дилу шоду илҳоми саршор ва комёбиҳои боз ҳам тозаи эҷодиву ҳунариро таманно кард.
Таъкид карда шуд, ки Ҷӯрабек Набиев баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолиятро дар боргоҳи азими ҳунар - Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси солист-овозхон шурӯъ карда, аз зумраи ҳунармандонест, ки беш аз ним аср дар арсаи санъати мусиқии тоҷик фаъолият дорад.
Суруду оҳангҳои гӯшнавозу дилнишини ҳунарманд бо риштаҳои заррини анъанаҳои куҳан пайваста, дили шунавандагону мухлисони созу наворо шефтаю тасхир намудаанд. Сурудҳои классикӣ ва халқӣ, ки аз ҷониби мавсуф сароида шудаанд, дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфуз буда, имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд.
Ҷӯрабек Набиев зимни сафарҳои ҳунарӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бисёр кишварҳои хориҷӣ барои тарғибу ташвиқи фарҳанги бою қадимаи тоҷикон, санъати асил ва шеъру таронаҳои ноби миллӣ нақши бориз дошта, осори мусиқии тоҷиконро бо маҳорати баланд иҷро ва тарғибу ташвиқ менамояд.
Хизматҳои арзандаи ҳунарманд дар рушди санъати сарояндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва ҷоизаву ифтихорномаҳо арҷгузорӣ шудаанд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷиҳати қадршиносии доимӣ изҳори сипос намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд