ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ХУДШИНОСӢ
- Details
- Published on Tuesday, 15 December 2020 11:03
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» падидаи ҷолиб буда, ин иқдоми наҷибона тамоми мардуми кишварро рӯҳбаланд намуд. Дар баробари ин, дар деҳаҳои Тоҷикистони азиз ҳунармандон дар дӯхтани либосҳои атласу адрас, намадрезӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ маҳорати баланд доранд.
Яке аз навъҳои ҳунармандии мардумӣ ин санъати ороиши амалӣ мебошад. Санъати амалии халқӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.
Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии мардумро таҷассум мекунанд. Дастгирии ҳунармандони халқӣ, ки эҷодкорони зебоӣ хастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад. Ҳунармандони тоҷик дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод низ саҳм гузоштаанд.
Дар тайёрии касбии ҳунармандон ва омӯзгорони оянда машғулияти санъати ороиши амалӣ нақши асосӣ дорад, зеро он аз толибилмон фаъолии хотираи биноӣ, хаёлоти рангин, маҷмӯи дониш ва малакаву маҳоратро талаб мекунад. Таҷрибаи чандинсолаи машғулиятҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо собит менамоянд, ки дар ҷараёни машғулияти ҳунарӣ дар донишҷӯён малакаи шинохтани зебоӣ ва дарки арзиши бадеии асарҳои санъати ороиши амалӣ инкишоф меёбад. Дар замони имрӯза як қатор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компутерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Донишҷӯён аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст. Гузашта аз ин, донишҷӯён бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд.
Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ – кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои милливу олии инсонӣ раҳнамоӣ менамояд.
Гулзора САРМУСОҚОВА,
омӯзгори ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд