ҲАР КӢ БОШӢ, ОДАМИ АРЗАНДА БОШ!

Салом устод! Ин гуфтаҳои пурмазмуни худро, ки сарлавҳаи навиштаҳои худ қарор додаам, ба ёд оварда метавонед? Шогирди кӯчаку нотавони Шумо ҳамарӯза некгуфтаҳоятонро сармашқи кори худ қарор додааст. Ёд доред, баъди андаке фаъолият бурдан дар шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» маро бо мақсади сайқали донишу маҳорат ва қаламфарсоӣ ба шуъбаи иҷтимоӣ, ки мудирии онро Шумо, шахси фидокору нексиришт ва шоири хуштабъ ба уҳда доштед, гузарониданд.

Фаъолияти шуъба аз навиштану омода сохтани лавҳаву гузориш, хабару мақола аз ҳаёти кормандони соҳаи иҷтимоӣ: тандурустиву маориф, санъату ҳунар иборат буда, маводи вориди рӯзномагардида, зери таҳрири Шумо - рӯзноманигори шинохта ва соҳибқалам мегузашт, иборат буд. Навиштаҳои шогирдонаам баъди таҳрири Шумо мазмуну оҳанги дигареро ба худ касб мекард. Баъдтар ба Шумо пайрав шудан хостам магар, ки дар ҷодаи шеъру шоирӣ низ маҳоратамро санҷиданӣ шудам. Рӯзе шеъреро ба муқаддастарин олиҳаи зиндагӣ - модар бахшида, пешкашатон кардам, то дида бароед.

- Ту шеър ҳам навишта метавонӣ? Ба номат муносиб шуданӣ ҳастӣ?– ин суолатон маро зери бори гарони хиҷолат мононд.

- Шогирди навмашқи шумо ҳастам, устод, - гуфтам ба обу арақ ғӯтида. Дере нагузашта, шеър дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шуд. Аммо намешуд беҳтар буд. Зеро он саропо дигар буд, он дигар моли мани навмашқ набуд. Танҳо аввалу охири мисраъҳо навиштаҳои ман буданду халос. Рӯзнома дар даст назди Шумо рафтам.

- Устод, чаро ин тавр кардед, охир ба худам мефаҳмондед, ки навиштаҳоям ба шеър иртиботе надоранд. Ва боз ба нашр ҳам додед, аз хиҷолат чашм аз замин намекандам.

- Духтарам, дили шогирдонаатро шикастан нахостам, бинобар он ба чоп додам. Ана, акунун худат фаҳмидӣ, ки шеър чисту шоир кист? Медонӣ, навиштаҳои ту дар наср хеле пуробуранг мебароянд, ки аз он хонанда лаззати бештаре мегирад. Ту қиссаи «Модарам маро кушт» - и худро аз нигоҳи хонанда мутолиа кардаӣ? Хеле фалсафӣ баромадааст. Ҳамин тавр навиштанро давом диҳӣ, рӯзноманигор ва нависандаи хубе хоҳӣ шуд,- суханони меҳромезатон он дақиқаҳо маро ҳидоятгар дар ҷодаи эҷод шуд.

Омӯзгорам, устод! Ба сифати ҳамкор дар яке аз муассисаҳои таълимии дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шогирдон дарси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва омӯзиши фанни забони ноби тоҷикӣ меомӯхтам. Бояд гуфт, ки ман бо сабабҳои оилавӣ макони машғулиятгузаронии худро аз як мактаб ба мактаби дигар кӯчонда будам. Ҷомеаи меҳнатии муассиса чун донистанд, ки ман дар рӯзномаи вилоятӣ низ фаъолияти эҷодӣ дорам, ба муаллим Сайидамин Умаров салом расонданамро хоҳиш карданд.

- Шумо он касро аз куҷо мешиносед? - суол додам ба сарвари ҳамонвақтаи муассисаи таълимӣ, шодравон Дадоҷон Рустамов.

- Он касро кӣ намешиносад? Охир, муаллими фанни физикаи худамон – ку?!- ҳайрати ман аз ҷавоби сарвари мактаб дучанд гашт. Пагоҳии рӯзи дигар аллакай суҳбати ману Шумо (мо дар як утоқ ҳамроҳ менишастем) дар мавзуъҳои таълиму тадрис, сатҳу сифати донишандӯзии шогирдон ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф ба қавле, қӯр гирифт. Баъди гузашти чанд вақт бо шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси соати тарбиявӣ таҳти унвони «Оташи зиндагӣ дар китоб аст» гузаронидем, ки меҳмони арҷманди мактабиён - Шумо устоди азиз Сайидамин Ҷило будед.

Шеърдӯсту шеърнависам, устод! Ёд доред, аллакай ҳангоми дар синфҳои 7-8-ум таҳсил доштанатон машқи шеър мекардед. Аввалин шеърҳоятон дар рӯзномаи девории мактаб ба мазаммати танбалону тавсифи пешсафон бахшида шуда буданд. Шеърҳои айёми ҷавониатон ҳарчанд танҳо ҳаваси шоирӣ буданд, аммо майли зебоӣ доштанд. Ба хотир оварда метавонед, муаллим! Вақте навиштаҳоятонро ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» мефиристодед, чунин ҷавоб меомад: «Шеърҳоятонро гирифтем, ба шумо ташаккур, бисёртар хонед, азхуд кунед, китобҳои бадеии бисёр мутолиа намоед, илм омӯзед». Ба гумонатон саҳифа-саҳифа насиҳат меомад. Бисёр хурсанд мешудед, дигарбора майлатон ба шеърнависӣ зиёд мешуд. Ҳарчанд шеърҳои он замон навиштаатон асоси воқеию шеърӣ надоштанд, аз вазни арӯз бехабар будед, дар омӯзиши санъатҳои бадеӣ душворӣ мекашидед, бисёртар шеър азёд кардан лозим меомад. Зеро гуфтаҳои бузурге бароятон сармашқи коратон буд: «Барои шоир шудан даҳ ҳазор байти гузаштагонро азхуд бояд кард». Ин азхудкунӣ аллакай заминаи маънавие гашт барои шоир шудани шумо. Лекин Шумо на шоир шудан, балки одам шуданро аввал гузошта будед.

Давомдиҳандаи авлод ҳастед, устод! Бобоятон Сайид Усмони Ҳиҷрии Хуҷандӣ соҳибдевон буданд. Ба ёд овардед? Фавзии Хуҷандӣ дар ёддошташон бобоятонро Шайхулмасоили аҳди хеш ном бурда буданд. Бобоятон Сайид Усмони Ҳиҷрии Хуҷандӣ донандаи ҳамаи илмҳои замони худ, бахусус дар илми фиқҳ ангуштнамои замони худ буданд. Аз он кас осори бисёре боқӣ мондааст, ки яке аз онҳо «Такмил-ул-имону тақвият-ул-иқон» ном дошта, дар бораи фалсафаи дини Ислом сухан меравад. Дигар китоби бобоятон «Ҷомеъ-ул-маонӣ», ки шарҳулшарҳи фиқҳи кайдонӣ буда, ба забони арабӣ навишта шудааст, шуморо ҳидоятгар дар ҷодаи шеъру шоирӣ гаштанд. Ба ҷузъ ҳамаи ин бобоятон соҳибдевон буданд, шеърҳои барҷаста менавиштанд. Мутаассифона, солҳои 30-юми асри гузашта бинобар ба таъқибот дучор шудан бисёре аз китобҳояшон нобуд шуда будааст, ки Шумо аз ин афсӯси бисёре мехӯред. Ба қарибӣ ҳангоми танзими осори Фавзии Хуҷандӣ аз дафтару мусаввадаҳои он кас наздик сӣ ғазали бобоятон - шоир Сайид Усмони Ҳиҷрии Хуҷандӣ пайдо шуд, ки барои оила ва пайвандонатон бозёфти бузургу нодир маҳсуб шуд. Бар замми ин амакатон Туробии Хуҷандӣ яке аз шоирони барҷастаи замони худ буданд. Шеъру навиштаҳои Шумо-устоди гиромиқадр Сайидамин Ҷило, ёди даврони гузашта мекунанду ифтихори ояндагонанд.

Пайвандгарам устод, аз Шумо пурсиданиам, ки оё пайвандонатон пайраватон гаштаанд? Ҷавоби Шумо пухтаву фаҳмо садо медиҳад:

- Набераам бо номи Аминзода баъди хатми мактаби миёна ва мактаби олӣ алҳол омӯзгори фанни забони англисии яке аз муассисаҳои таълимист. Гоҳ - гоҳ машқи шеър мекунад. Яке аз набераҳои дигарам, Абдураҳим ном дошта, бо тадқиқоти эҷодии банда машғул шуд ва дар Академияи хурди илмҳо сазовори мақоми аввал гардид. Аммо ӯ пайроҳаи худро дар самти техникаву технология интихоб карда, дар яке аз мактабҳои олии шаҳри Уфаи вилояти Бошқирдистони Федератсияи Россия таҳсил кард ва соҳиби ихтисоси муҳандис – энергетик гардид.

Ҷавоби пухта ва қаноатбахши Шуморо дар мавриди гаронии дар як вақт ҳам ба ҳайси рӯзноманигори рӯзномаи вилоятӣ будан, ҳам ҳамчун шоири тавоно шинохта шудану тарҷумони хуб будан, драматурги асарҳои саҳнавӣ дар театр гаштану омӯзгори фанҳои физика ва алифбои ниёгон маҳбубият доштан шунида, ба санъату маҳорат, сабру шикебоӣ ва қуввату тавоноии Шумо аҳсант мехонам, муаллим.

- Шоирабону, як касби ман ба дигареро ва дувумӣ савумиро пурра мегардонад. Вақте шогирдонам аз як соат машғулияти ман баҳра мебардоштанд, вақте ба ҷавобҳои пухтаву фаҳмои онҳо гӯш мекардам, вақте шогирдонамро дар курсии донишҷӯӣ мебинам, вақте унвони баланди доктори илмҳои физикаю математикаро соҳиб шуданд, (Мақсудҷон Умаров ва Акбарҷон Нозимов), вақте асарҳои саҳнавии маро садҳо тамошобин, бахусус тамошобинони хурдсол дар саҳнаҳои театр тамошо доранд, вақте шеърҳои бо хуни дил навиштаи маро нафаре мехонаду аз он баҳрае мебардорад, вақте хабару мақолаҳоям дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп шуда, то дасти хонанда мерасанд, ин парвозҳо бароям илҳом мебахшанд, худро хушбахт меҳисобам. Гумон мекунам, хизматҳои ман дар омӯзгорӣ дар замири насли наврас барангехтани илму дониш, дар рӯзноманигорӣ иҷрои рисолати касбӣ, дар театр шод гардонидани руҳи тамошобин, дар тарҷумонӣ ба тоҷикон расонидани навиштаҳои адибони хориҷа ва дар инсонигарӣ доштани хислатҳои ҳамида аст. Сарфароз аз он ҳастам, ки то ин лаҳза ба наздик чиҳил шеъру ғазали ман ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев (ба мухаммаси «Падар» ҳанӯз соли 1975), баъдтар Носирҷон Раҳимов, Аҳмадҷон Очилбоев, Абдураҳмон Тошматов, Нозимҷон Муъминов ва дигарон оҳанг бастаанд.

Ғазалнависам устод! Дар хотир доред? Боре, дар маҳфили адабии китобхонаи «Авасто»-и Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шогирде бароятон суол дод:

- Устод, чӣ маслиҳат медиҳед, шоир шуданиам, бештар китобҳои бадеӣ хонам ва ё машқи шеър намоям ва ё барои худ устоди бузург ёбам? Ҷавоби шумо пухтаву фаҳмо буд:

- Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

 Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Албатта, барои шоири хуб шудан устод бароятон муҳим аст, аммо агар заминаи маънавӣ, заминаи илму дониш надошта бошед, он ҳама ҳеҷ аст. Он чӣ ки шумо менависед, ҳанӯз шеър нест. Барои шеърнависӣ бояд тамоми фанҳои таълимии мактаби миёнаро азхуд кард, зеро яке дигареро пурра мекунанд. Ибни Сино бо вуҷуди истеъдоди худодод доштан, дар мадраса бист соли умрашро сарфи омӯзиши илмҳои замона кард. Барои ба мақсад расидан бояд илмҳои гузаштагону имрӯзиёнро хуб азбар намоед, то вориси арзанда ба воя расед.

Меҳмондӯсту дӯстнавозам устод!

Нақл мекардед, ки солҳои 70 - уми асри гузашта фестивали ҷавонони ӯзбеку тоҷик баргузор мешуд. Агар як сол ҷавонони ӯзбеку тоҷик дар шаҳри Панҷакент ҷамъ меомаданд, соли дигар рӯзҳои хотирмони худро дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаронидед. Солҳои 1971 ё 1972-юм буд, ки Шумо, як гурӯҳ ҷавонони тоҷикистонӣ: санъаткорону адибон, рӯзноманигорону эҷодкорон озими шаҳри Самарқанд шудед. Раҳораҳ илҳоми шоириатон ба ҷӯш омад магар, ки ғазале навиштед ва дар назди рафиқони ӯзбек қироат намудед:

«Дар дили худ парварам бо ҷон каломи дӯстӣ,

Умр ширин бигзарад ҳар дам ба номи дӯстӣ…

…Тоҷику ӯзбек тавъам буд бо ҳам аз қадим,

Ҳар дуро иксири шаън аст эҳтироми дӯстӣ»

ва ғазали дигар

«Дар сураташ нигорам ӯзбек менамояд,

Бо гуфтугӯяш аммо тоҷик менамояд…»

Ҳанӯз ғазал ба охир нарасида, толори дуҳазорина аз ҷой хеста, наздик панҷ-шаш дақиқа қарсак заданд, ки лаҳзаҳои фаромӯшнопазири умри Шумои азиз буданд. Инро Шумо таъсири шеър, таъсири сухану қаламфарсоӣ маънидод кардед, ки Шумою ҳамроҳонатонро то ба кишварҳои дигар муаррифӣ кардааст.

Устод, ҳамагӣ чанд моҳ қабл ҷашни милоди Шуморо дар идораи рӯзнома таҷлил кардем. Барои табрики Шумои азиз ҳатто дӯсти наздику меҳрубонатон Порсои Кӯҳистонӣ аз шаҳри Панҷакент ташриф оварда буданду бароятон суханони меҳрбодӣ арзонӣ доштанд. Сармуҳаррири рӯзнома Мухтори Абдулло саҳми шуморо дар нашри рӯзнома, мавқеи саҳифаҳои адабӣ, тарбияи шогирдони муваффақ нек арзёбӣ доштанд. Шогирди содиқу бовафоятон Сурайё Ҳакимова шеъре бароятон қироат намуд, ки оварданашро ин ҷо ҷоиз медонам.

Донӣ чӣ касе мӯнису ғамхор ба мо аст,

Дар меҳру рафоқат ҳама тандиси вафо аст.

Аз барқи нигоҳи чӣ касе гул бикунад ишқ,

Дар орази бекинаи ӯ лутфи Худо аст.

Аз ишқ сурудан ҳама дам пешаи умраш,

Дар мулки сухан ҳарфи варо қадр расо аст.

Овозаи шеъраш бидиҳад ном ба шоир,

Тақдири чунин шуҳраташ ӯро зи қазо аст.

Донам, ки бувад кам ҳама таъриф ба васфаш,

Ӯ лоиқу арзандаи сад ҳамду сано аст.

Донӣ чӣ касе васф шуд андар ғазали мо,

Ин шахс яқин аст, ки устод Ҷило аст.

Гӯянд Сурайё, агар ӯ шоири хуб аст,

Донанд зи он аст, ки шогирди Шумо аст.

Шукри Офаридгор, ки оилаи хушбахте доред. Дар ҳалқаи панҷ фарзанд, ки имрӯз шуморашон ба даҳ расидааст, шонздаҳ набераву даҳ абера, ҳамкорону пайвандон даврони пирӣ меронед. Умедвори то ба садсолаҳо расидани умратон, баофият будани танатон, саодатманд гаштани зиндагиатон ҳастем, устод!

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh