АЗ «ҶУФТИ КАБӮТАР» ТО «ҚАСАМИ ГИППОКРАТ»

Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 55-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 75 - солагии нависандаи шинохтаи тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Маъруф Бобоҷон маҳфили адабии «Суханварони Суғд» баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаби вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дар маҳфил раиси бахши суғдии вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Гавҳар Умарова ва дигарон суханронӣ намуда, аз нақши ин адиби мумтоз дар рушди адабиёти муосири тоҷик ҳарф заданд.

Маъруф Бобоҷон аз шогирдони боистеъдод ва вафодори шоҳсутунҳои адабиёти тоҷик устодон Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ буда, муаллифи беш аз 30 китоби бадеӣ мебошад. Дар асарҳояш рӯзгори мардуми диёр, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва хислату атвори одамонро тасвир намудааст, ки дорои аҳамияти тарбиявӣ ва маърифатӣ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки нависандаи боистеъдод Маъруф Бобоҷон 3 ноябри соли 1945 дар деҳаи Рӯмони Ҷамоати деҳоти Унҷии шаҳри Ленинобод (ҳоло Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), дар оилаи агрономи пиллапарварӣ ба дунё омадааст. Пас аз итмоми синфи ҳафтуми мактаби деҳа дар мактаби миёнаи №13 ба номи “Фахрии Рӯмонӣ”-и ноҳия таҳсилро давом дод. Баъди гирифтани номаи камол, соли 1962 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм кардааст. Маъруф Бобоҷон муддате чанд дар Идораи гуфторҳо барои мамолики хориҷии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» (алҳол «Ҷумҳурият») кор кард. Аз моҳи феврали соли 1968 дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои тоҷик ба сифати муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъбаи мухбирони ҷумҳурӣ, сармуҳаррири Саридораи гуфторҳои адабӣ – драмавӣ фаъолият дошт. Солҳои 1986-1990 раиси Маркази тарғиби адабиёти бадеии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1990- 1995 раиси Созмони ҳифзи ҳуқуқи муаллифи назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Баъдан вай солҳои тӯлонӣ сарварии ҷамъияти «Китоб» - и вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Ҳоло муовини раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Маъруф Бобоҷон аз айёми наврасӣ ба адабиёти бадеӣ рағбат дошт ва хоса солҳои донишҷӯӣ ба навиштани лавҳаю ҳикоя ва минбаъд қиссаю повестҳо шурӯъ намуд. Бояд зикр кард, ки ӯ аз шогирдони боистеъдод ва вафодори шоҳсутунҳои адабиёти тоҷик, устодон Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ мебошад ва муаллифи беш аз 30 китоби бадеӣ аст.

Асарҳои солҳои охир эҷодкардаи вай – маҷмӯаи ҳикояҳои «Ишқи аввал» (2000), повесту романҳои «Шаби охирин» (2001), «Ҷуфти кабӯтар» (2002), «Муҳаммад» (2004), «Бандии ихтиёрӣ» (2006), «Тавба» (2009), «Умеди вопасин», (2012), «Фурӯғи ишқ» (2016) ва «Қасами Гиппократ» (2020) дар инкишофу нумӯи насри муосири тоҷик таъсири бағоят калон доранд ва рушди адабиётро дар замони Истиқлолият бе эҷодиёти ӯ тасаввур кардан мумкин нест. Дар давоми солҳои 2017 - 2018 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Асарҳои мунтахаб»-и нависанда дар панҷ ҷилд интишор шудааст. Дар асарҳои Маъруф Бобоҷон дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тараннум шуда, дар замони мо аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Дар повесту романҳои нависандаи соҳибтаҷрибаю баркамол акнун таҳаммулу солорӣ, андешамандию хулосабардории қаҳрамонон аз рӯзгори пуробуранг ба назар ҷилва мекунад ва хонанда ба хубӣ пай мебарад, ки инсони тасвиркардаи адиб эҷоди тахайюл ва бофтаи тасаввур набуда, як марди дар пешорӯи гирудорҳо ва тӯфонҳои ҳаводиси ду даврон – замони шӯравии собиқ ва соҳибистиқлолии Ватан устувор, босабр, сарбаланд, бовиқор, худшинос ва худошинос тасвир шуда, таҳаммул ва рафтору кирдори зиёии ҳақиқиро дар хеш таҷассум кардааст. Агар ба рӯзгору пайкори каҳрамонони асосии повести «Тавба» - омӯзгори собиқадор ва нафақахӯр Абдусамад Абдуаҳадов, романи «Умеди вопасин» ҳунарпешаи мардумӣ Иброҳим Хайруллобек ва романи «Фурӯғи ишқ» бинокор Аслиддин назар афканем, симоҳои инсонҳои зиёии ба маънои томаш бофарҳанг падидор мешаванд, ки ахлоқи поки ҳамида доранд ва заминаи рафтору кирдор ва пиндору андеша, тафаккуру натиҷабардориҳояшон аз воқеоти зиндагӣ сатҳӣ набуда, пояи устувори миллӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ доранд.

Дар романи нави «Қасами Гиппократ» нависандаи боистеъдод Маъруф Бобоҷон дар симои падару писари духтур Давлатзодаҳо қисмати рангин ва илова бар ин пурфоҷеаи оилаи онҳоро тасвир карда, некиву накӯкорӣ ва покиву ҳалолкориро ситоиш менамояд ва ба ҷавонон талқин мекунад, ки ба волидайн арҷ гузоранд ва аз ҳама муҳим қавлу ваъда, ки доданд ё қасам, ки хӯрданд, устувор монанд, чунки Офаридгор дурӯғгӯйҳо ва қасамшикастаҳоро дӯст намедорад ва ҷазо, буд набуд, рӯзе мисли раъду барқ ногаҳон хоҳад омад. Маъруф Бобоҷон ба тарбияи адибони ҷавон аҳамияти хоса медиҳад ва қисми зиёди шогирдонаш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд. Нависанда дар тарғиби сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон тариқи васоити ахбори омма ва дар суҳбату мулоқотҳо бо мардум ҳиссагузор аст.

Дар маҳфилу конференсияҳои адабӣ фаъолона ширкат намуда, дар тавсеаи ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон саҳми арзанда мегузорад. Ӯ дар нашри китобҳои ҷашнии «Дарвозаи тиллоӣ», «Достони ваҳдати миллат», «Тоҷикистон нурборон мешавад», «Маориф – ояндаи Тоҷикистон», «Шукӯҳи истиқлол», «Адолатпаноҳ», албоми рангаи «Манзари ватандорӣ», «Пешвои миллат ва 25 соли нусратҳо» ва ғайра ҳамчун мураттиб ва муҳаррир саҳми муносиб гирифтааст. Қиссаву ҳикояҳо ва роману повестҳояш ба бисёр забонҳо, аз ҷумла ба забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Нашриётҳои «Светакан грох»-и Арманистон ду повесташро бо номи «Шаби охирин» (1979) дар тарҷумаи Г.Аратунян ва «Ариана» (Душанбе, 1992) ду повести ӯро бо номи «Июлҳский звездопад» дар тарҷумаи Л.Басова ва Л.Чигрин дастраси хонандагони арману рус гардонданд. Повести «Тавба»-и ӯ ба забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи нависандаи боистеъдод Ӯрунбой Усмон солҳои 2012 ва 2015 ду бор нашр шудааст. Адиби номдор Шариф Нуриддин повести «Бандии ихтиёрӣ»-и нависандаро ба забони ӯзбекӣ гардонд, ки соли 2019 нашриёти «Анис» чоп намуд.

Барои хизматҳои шоиста дар рушди адабиёт нависандаи маҳбуб Маъруф Бобоҷон соли 2004 бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ҳамзамон, мавсуф барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, соҳиби унвони баланди «Шаҳрванди фахрӣ”-и шаҳри Хуҷанд» ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh