«ШЕЪР ЧИСТ ВА ШОИР КИСТ?»

«Шеър чист ва шоир кист?» китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аст, ки ба наздикӣ тариқи нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе дастраси хонандагон гарид ва дар шинохти шеър ва шоир баҳс мекунад.

Ин китоб аз аввалин таҷрибаи адабиёти муосири мост, ки аз номи як шоир чун бардошт, мушоҳида ва ҳодисаҳои эҷодии ӯ ба муштариёни шеър пешниҳод мегардад ва метавонад, чун дастур ба адибони ҷавону навқалам хидмат намояд. Камол Насрулло муаллифи китоб талош намудааст, ки ба суоли «Шеър чист?» посухи мушаххас бигӯяд. Ӯ таъкид мекунад, ки «кайҳост мехостам, ки посухе аз ҷониби худ ба ин суол бидиҳам: Шеър чист ва шоир кист?

 Ҳарчанд душвор аст, ки касе тавонад дилашро чун қӯраи оташи сӯзон аз сина бадар орад, ба рӯи каф бигзорад ва сифату хусусиятҳои онро нишон бидиҳад». Виҷагиҳои ин китоб дар он зоҳир мешавад, ки як нафар шоир, ки бевосита бо шеъру сухан ва офариниш сару кор дорад, аз таҷрибаҳои эҷодии хеш ба хонанда мегӯяд ва дастури хубест барои дарки воқеии шеър ва донистани хусусиятҳои асосии он.

Муаллифи китоб низ мегӯяд, ки «виҷагии он чи ки банда дар посухи суоли «шеър чист» хоҳам навишт, дар он хоҳад буд, ки ин ҳарфҳо на аз забони як олим, адабиётшинос, балки аз забони як нафар шоир, шахсе, ки бо матои шеър бевосита сарукор дорад, гуфта мешаванд, яъне назар дар бардошти мушаххас ва шоиронаи ӯ дар ҷавоби ин саволҳоянд. Ҳадафи банда ба тарзе соддаву фаҳмо маънидод кардани чӣ будани шеър ва виҷагиҳои он аст. Мухотаби банда низ як хонандаи оддист». Китоб ба хонанда паём мефиристад, ки шеъри асил рӯҳияи баландест, ки аз олами рӯҳонӣ ба як нафар интиқол меёбад ва хеле муҳим аст, ки шоир мисли як тифл зоҳирану ботинан поку мубарро ва муҷалло бошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh