ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРӢ ВА ТАЪРИХИИ ДЕҲАИ САНГИСТОН

Ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи калонтарин навоҳии кишвар ба шумор рафта, ин сарзамини бостонӣ таърихи куҳан ва мавзеъҳои зиёди таърихиву меъморӣ дорад. Чун ноҳияи кӯҳистон ин минтақаи кишвар таваҷҷуҳи на танҳо сайёҳони дохилӣ, балки меҳмонони хориҷиро ба хеш ҷалб сохта, ҳамасола ҳазорҳо меҳмонон ин ҷойҳои таърихиро зиёрат менамоянд.

Деҳаи Сангистон яке аз деҳаҳои зебоманзари Айнӣ буда, дар ин деҳа низ ҷойи муқаддас зиёд аст. Маъмултарини онҳо мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб, мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб), мазори Улус-хотун, мазори Аҳмадхони Шаҳид, Масҷиди Идайн ва қадамҷойҳои ҳазрати Мулло мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ фарзанди ин деҳа, олим Сабур Носиров дар китоби “Деҳаи зебои Сангистони ман” (Душанбе: Эр-граф, 2017) маълумоти ҷолиб пешниҳод кардааст, ки порае аз онро пешкаши хонандагон месозем.

Воқеан ошноӣ бо чунин мавзеъҳои диданӣ ва тарғибу ташвиқу онҳо имкон медиҳад, ки сайёҳони дохилӣву хориҷиро ба тамошои мавзеъҳои қадимии деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҷалб созем. Мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб дар мавзеи Лангари деҳа, дар масири роҳи Фалғару Масчоҳ ҷой гирифтааст. Мардуми маҳаллӣ Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатибро бо номи Мавлоно Алоуддини Балогардон низ ёд мекунанд. Мазор дар гуфтори мардум ҳазрати Лангар ҳам ном бурда мешавад. Мазор аз гӯрхона, хонақоҳ, ки имрӯз ба сифати масҷид истифода мешавад ва айвони дутарафа иборат аст. Як тарафи айвон рӯ ба ҷониби шимол ва тарафи дигари он рӯ ба ҷониби шарқ аст. Аз ҳар ду тарафи айвон ҳам тавассути дар ба хонақоҳ медароянд. Абдураҳмони Мустаҷир дар китоби худ «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» дар бораи мавзеи Лангар ва мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб чунин менависад: «… ба ҷое расидем, ки Мазори Лангар мегӯянд. Ҷои баландӣ мебошад. Баромада дидем, ки номи он бузургворро Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб мегуфтаанд, ки муддати чаҳорсаду чиҳилу панҷ сол пеш фавтидаанд. Дар он ҷой қӯрғони кӯҳнае будааст, ки дар замони ҳазрати бузургвор обод будааст. Дар он ҷо масҷиде будааст ва Мавлоно дар он хатиб будаанд, ки алҳол вайрон шудааст.

Ҳазрати бузургвор хонақоҳе доранд, ки дар пеши он ду дарахти қайроғоч мисли хонаи сиёҳ мебошад. Дар он ҷой чаҳорбоғе доштаанд, ки дарахтони зардолу ва шафтолу ва себу тут ва олуча дорад». Сафари Абдураҳмони Мустаҷир ба водии Зарафшон соли 1870 сурат гирифтааст ва «Мавлоно муддати чаҳорсаду чилу панҷ сол пеш фавтидаанд» гуфтани ӯ ба соли 1425 рост меояд. Вале донишманди тоҷик Ҳамза Камол дар рисолаи худ «Мазорҳои Шимоли Тоҷикистон» бо истинод ба ҳаккокии таърихи вафоти Мавлоно Муҳаммади Хатиб дар қайроқе, ки аз деҳаи Сангистон ёфт шудааст, санаи фавти бузургворро 11 феврали соли 1441 муайян намудааст.

Ҳамза Камол дар ҳамон рисоле, ки дар боло ёд шуд зимни тавсифи мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб ҳамчунин менависад, ки «Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб гӯё аз бастагони Шайх Абулқосими Гургонии мадфун дар рустои Урметан будаанд». Мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ, ки миёни мардум бо номи Мардони Ғайб (дар талаффузи мардуми маҳаллӣ Майдуни Ғайб) ҳам маъруф аст, дар наздикии мавзеи Кораки деҳаи Сангистон воқеъ гардидааст. Дар тавсифи ин мазор муаррихи тоҷик Р. Муқимов нигоштааст: «Ёдгории меъморӣ дар деҳаи Сангистони райони Айнӣ аз гӯрхонаи росткунҷашакл иборат аст. Айвонаш рӯ ба ҷониби шарқ. Девори бино аз хишти хом буда, бо коҳгил андова шудааст. Шифташ чӯбкорист. Азбаски пойдевораш дар чуқуртари замин ҷой гирифтааст, аз намӣ қисмҳои чӯбӣ ва поёнии худи девор осеб дидааст. Шифт бо ягона сарраваш ба сутуни марказӣ ва ду такяи чӯбии бошадор бардошта шудааст. Сағона дар самти шарқии гӯрхона воқеъ аст. Тавассути дар ба айвони нимкушод мебароянд.

Нақшу ороиши бошаҳо ҷолибанд, ки дар шакли сари махлуқи тахайюлии шохдоре иҷро гардидаанд. Чуқурчаҳои боша ба он далолат мекунанд, ки замоне шифти ин бино боз ҷузъҳои дигар ҳам доштааст. Нақшҳои ниҷвони кандакорӣ услуби наққошии асрҳои VIII-VII-ро ба хотир меоваранд. Дар ин ҷо рӯйкаши гилие пайдо кардаанд, ки дар он осори хатти кӯфӣ ба назар мерасад». Бошаҳои ин ёдгорӣ бо кӯшиши академик А. Мухторов ба Душанбе оварда шуда буданд ва ҳоло дар толори замони Сомониёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ба қавли куҳансолони деҳа, дар гузашта дар назди мазори Мардони Ғайб қалъае мавҷуд будааст ва вайронаҳои он то солҳои наздик ба мушоҳида мерасидааст. Абдураҳмони Мустаҷир дар ҳамин бора менависад: «Дар ҷониби рости он бузургвор қӯрғони кӯҳна ҳаст ва мӯйсафедон мегӯянд, ки аз вақти ҳазрати Искандар мондааст ва фатароти онро ҳеҷ касе намедонад, ки чанд сол шуда бошад.» Мазори Улус-хотун дар гӯшаи қабристони болои деҳа ҷойгир шудааст. Мазор аз бинои чоркунҷаи айвондори оддие иборат аст. Айвонаш дутарафа буда, як тарафи он рӯ ба самти ҷануб ва тарафи дигараш рӯ ба самти шарқ аст. Аз қисми рӯ ба ҷониби ҷануб будаи айвон тавассути дари яктабақа ба гӯрхона медароянд. Деворҳои мазор аз хишти хом буда, бо коҳгил андова шудааст. Ба қавли мардуми деҳа, Улус-хотун хоҳари Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб будаанд. Масҷиди Идайн ёдгории таърихиест, ки дар поёни маҳаллаи Говхӯри деҳа, дар наздикии мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб) воқеъ гардидааст ва аз деворҳои сегӯшаи дарозиашон тақрибан 2 ва баландиашон 1,5 – 1,7-метра иборат мебошад.

Дар зери замини атрофи ин ёдгорӣ деворҳои гаҷкоришуда ба мушоҳида мерасанд. Мувофиқи ривоятҳо, се девори вайронае, ки то имрӯз боқӣ мондааст, деворҳои манора ва деворҳои гаҷкоришудаи зери хок деворҳои масҷиде будаанд, ки Масҷиди Идайн (масҷиди махсус барои гузаронидани намози идҳои Фитр ва Қурбон, ки миқдори зиёде одамонро меғунҷонидааст) номида мешудааст ва бо сабабе фурӯ рафтаасту чил намозгузор зери он мондаанд. Қадамҷойҳои ҳазрати Мулло (номи аслии ин бузургвор Мавлоно Фахриддин будааст, ки мазорашон дар деҳаи Пойи Мазори ноҳия воқеъ аст ва мувофиқи ривоятҳо тақрибан 600-700 сол муқаддам ба ин маҳал омада будаанд): як қадамҷой дар маҳаллаи Говхӯр ва қадамҷойи дигар дар маҳаллаи Ширин ҷойгир шудааст. Ҳар ду қадамҷой ҳам дар доманаи кӯҳи боли деҳа, дар баландӣ ҷой гирифтаанд. Қадамгоҳи маҳаллаи Говхӯр аз маҷмӯи суфасангҳои калон ва қадамгоҳи маҳаллаи Ширин аз як санги калони дар болои ҷарӣ истода иборат мебошад.

Мувофиқи ривоятҳо, ҳазрати Мулло аз болои суфасангҳои маҳаллаи Говхӯр гузаштани рамаи гӯсфандон ва аз болои ҷарии маҳаллаи Ширин мавҷи киштзорҳои гандум ва зағери деҳаро, ки мавҷи баҳрро ба хотир меовардааст, тамошо мекардаанд. Барои адои расму таомулҳои марбут ба парастиши ин қадамгоҳҳо бо ибтикори сокини деҳа, марди хайрандеш Бахтиёри Турдӣ дар қадамгоҳи якуми ҳазрати Мулло як айвон ва бо ибтикори сокини деҳа, марди накӯкор Маҳками Шариф дар қадамгоҳи дуюми ин бузургвор хоначаи гилие бунёд гардидааст. Мардуми деҳа ба ин мазору қадамгоҳҳо, хусусан ба мазорҳои Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб ва Мавлоно Муҳаммад Алӣ (Мардони Ғайб) эътиқоди қавӣ доранд ва онҳоро парастиш менамоянд.

Суннати эътиқод ва парастиши ин мазору қадамҷойҳо аз ҷониби мардуми деҳа дар анҷоми расму таомулҳое чун чароғмонӣ (равшан кардани чароғ дар ҷойи чароғмони мазор бо нияти саломатӣ ва муваффақияту барори кори фарзандону наздикон), нӯкчамонӣ, назр ба сари кӯдак бо нияти саломатиаш кокул гузоштан ва бо гузашти чанд моҳ ё сол дар мавзеи мазор буз ё гӯсфандеро забҳ намуда, ба мардум зиёфат додану бо дуои неки мӯйсафедон ва бо дасти шайхи мазор қайчӣ задани кокули кӯдак), хайр (дар назди мазор бо нияти нек гузоштани як миқдор пул ё чизи дигар), қасам хӯрдан ба номи бузурворон (бо ифодаҳои «Ҳазрати Лангар занад», «Майдони Ғайб зананд») ва ғайра ифода меёбад.

Таҳияи
Сурайё ҲАКИМОВА

Add comment


Security code
Refresh