Муҳаббат мекунад олам гулистон

Театр макони муқаддас ва махзани маърифат аст, ки инсонҳоро сарҷамъ меорад, то ғизои маънавӣ бигиранд ва рӯҳу ҷони хешро оромӣ бахшанд. Наздик як сол аст, ки ҷаҳон оғуштаи «дарди аср» аст ва бинобар пандемия канори ҳам омадан дар марказҳои фарҳангиву фароғатӣ манъ гардид.

Тоҷикистон низ 30-юми апрели соли 2020 аз расман ба қайд гирифта шудани бемории вируси нави Covid-19 хабар дод ва то имрӯз дар саросари кишвар тамоми чораву тадбирҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин вабо амалӣ мешаванд.

Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу душвор театрҳои кишвар, ки фаъолияташон ба ҷамъ омадани анбӯҳи одамон вобастагӣ дорад, чӣ ҳол доштанд ва дар ин фурсати «бетамошобин» чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?

Театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом низ аз чунин муаммову мушкилиҳо дар канор набуд. Баробари хуруҷи беморӣ ҳузури тамошобинон дар театр ғайриимкон шуд. Маҳдудиятҳои ногаҳониву ғайриихтиёрӣ ин даргоҳи ҳунарро низ ба вазъи ногувор гузошт.

Набзи театр бо тамошобини хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Аз низоми хеш берун шудани ин тапиш агарчӣ ногаҳонӣ буд, аммо ҳунармандону кормандони театрро ба таҳлука наовард.

Чуноне Ғайратҷон Қодиров, директори театри ба номи Тӯҳфа Фозилова қайд мекунад, ҳунармандон аз рӯзҳои аввали дур шудани тамошобин дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои иртиботи фосилавӣ бо мухлисони хеш гаштанд.

-Аввалин корҳои баанҷомрасида ин баргузории озмунҳои расмкашӣ барои кӯдакон ва наврасон буд. То имрӯз се озмун баргузор намудем, ки ду озмун ҷамъбаст ва озмуни сеюм дар арафаи ҷамъбастшавӣ мебошад, - мегӯяд Ғайратҷон Қодиров

Озмуни нахустин «Ман медонам» унвон дошта, кӯдакон маълумоти хешро дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятӣ, аз ҷумла вируси нави Covid-19 ба тасвир кашиданд. Ҳадафи аслӣ бо ин роҳ бештар огоҳ сохтани кӯдакон аз чораҳои беҳдоштӣ ва ба ин васила мусоидат ба пешгирии паҳншавии беморӣ буд.

«Қиссаҳои ҷолиби ҳаёти ман»- озмуни дувуми расмкашӣ байни кӯдакону наврасон ба хотири боз ҳам густариш додани иртибот бо тамошобини ҷавон ва огоҳ шудан аз дарку фаҳму ҷаҳонбинии онҳо, бештар ошно шудан бо орзуву умедҳо ва дунёи кӯдакон буд

«Ҷаҳон бо касби ман зебост»- савумин озмунест, ки кӯдакон иштироки фаъолона доранд ва ба тариқи ҳунар ва рангу зебоӣ аз орзуҳои хеш мегӯянд. Дар озмуни навбатии театр наврасони то шонздаҳсола ширкат карда метавонанд.

 Барои шунаванда-тамошобини театр пешниҳод намудани силсилаи аудиоспектакли «Одатҳои шаҳрӣ»-и Ҷумъа Қудус тариқи радиои «Канд»-и шаҳри Конибодом низ таҷрибаи аввалин буд, ки аз ҷониби шунавандагон истиқболи гарм ёфт.

Барои гусаста нагаштани иртибот бо тамошобинони хеш ҳамзамон театр тариқи ҳамин радио ҳар рӯзи шанбе, соати чордаҳ барномаи «Садои театр»-ро омода ва пахш менамоянд. Кормандону ҳунармандони театр бо ин барнома дар марҳалаи фосилаҳо иртиботи хешро бештар намуданд, ки воқеан шоистаи тавсиф аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки ин лоиҳаҳоро дафтари Швейтсария дастгирӣ намудааст.

Дар ин замон ҳамзамон дар бораи таърихи театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуд, ки нахустнамоиши он рӯзҳои наздик, дар арафаи Рӯзи театр дар назар аст. Филми мустанад бо коргадонии ҷавони боистеъдод Далери Эмомалӣ таҳия ва омода гаштааст.

Хурсандиовар аст, ки мавсими 88-умини худро театри ба номи Тӯҳфа Фозилова бо намоиши «Бозичаҳо» оғоз бахшид, ки нахуст онлайннамоиши он санаи 26-уми сентябри соли равон дар Ютюб канали театр (Youtube.com) баргузор гашт. Ин намоишнома бо сарпарастии Институти ҷомеаи кушод (СОРОС) ба саҳна гузошта шуд ва аз ҳаёти наврасон-хонандагони синфи 5-ум нақл мекунад, ки ҳар кадом мушкилу муаммоҳои хешро доранд.

Намоишнома бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур ба саҳна гузошта шуда, Фаррух Мамадов муаллифи оҳанг, Боҳир Баҳодурзода муаллифи сурудҳо ва Тоҳир Эркабоев рассоми саҳна дар муассирии ғояи намоиш саҳм гузоштаанд.

 Воқеан ҳам сутуданист, ки аҳли ҳунари театри шаҳри Конибодом дар фосилаи дуриҳои «куруноӣ» тавонист, ки бо муҳаббат ва самимияте, ки нисбат ба касбу ҳунар ва тамошобини хеш дорад, фаслҳоро ба васлҳо мубаддал созад ва бо истифода аз имконот ва дастоварди техникӣ бо тамошобини худ бошад, намоишномаҳои нав пешниҳод кунад ва ҳамагонро ба зиндагӣ дилгарм созад. Бале, муҳаббат мекунад олам гулистон.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh