Рози Саразм

Табиати инсон чунон сиришта шуда, ки ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи гузашта ва ояндаи худ аст. Албатта, ин ҳиссиёт дар як зумра инсонҳо тезгузаранда асту дар зумраи дигар абадист. Саодати ҳаёт ва суботи ботиниро дар ин дунё танҳо нафароне ба даст меовардаанд, ки кашшофи сиреву ниҳоне ҳастанд ва аз қонуни ҷозибаи ҳаёт огоҳанд.

Ин андешаҳо вақте ба сарам омад, ки тангкӯчаҳои Саразмро қадам мезадам. Саразм як гӯшаи қадимтарини тоҷикнишин аст, ки таърихи 5500 солро дар бағал дорад. Фикр мекунам, ки ин гӯшаи куҳантарини Тоҷикистонро ҳамагон мехоҳанд, мисли ман аз наздик бинанд.

Ин шаҳри бостонии суғдиёни қадим аз ҷониби бостоншиносону таърихшиносони ватаниву хориҷӣ барқарор шуда истодааст ва дар ҳақиқат инсонҳоро бо ҷозибае ба асли худ пайванд месозад. Ҳангоми гаштугузор дар ин шаҳр худро дар иҳотаи саразмиён мебинам, ки 5500 сол муқаддам дар ин сарой умр ба сар бурдаанд. Мардумаш хеле камташвишу хушбахтанд ва оромии ботинӣ доранд.

Ором-ором деворҳоро гӯш додаву қадам мезанам ва мебинам, ки хонаводае атрофи оташдони фурӯзон ҷамъ омада, ба кӯдакон қиссагӯӣ мекунанд, қиссаҳои деви якчашма, аҷдаҳои ҳафтсар, симурғи пушти кӯҳи Қоф... Каме боз қадам мезанам, ки хонаводае дигар гандумҳоро ба хирман андохта, атрофи он суруд месароянд ва дуртар аз онҳо як гурӯҳ одамон алафҳоро аз замин бардошта, бо чорпоёнашон ба хонаҳои худ мебаранд. Дар паси девори дигар марде заргарӣ мекунад. Дар як тангкӯчаи дароз, ки хеле хонаҳо паиҳаму андарҳаманд ва касе ҳақдори замини касе несту ҳама аз як дарвоза равуо доранд, дӯконҳои оҳангарӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, ресандагӣ ва дигар дӯконҳои ҳунармандӣ низ он ҷо дида мешавад. Тамаддуни пешрафтаи ин шаҳрро аз ҳамин нигораҳо ва корду шамшерҳо ё лоҷувардҳои дар гардани занҳо овехташудаву бо он гӯронидашударо метавон дарк кард.

Садои зарби задани оҳангар ба гӯшҳо танин мекунад ва ғулғулаи 5000 соли пешро ба гӯш мерезад. Дар зарфҳои сафолин ва гилин нақши дасти кӯзагарони куҳантарин аҷдодонамон пайдост. Овезаҳои заррину гарданбандҳои занона, ки ҳунари саразмиёни бостон аст, қадам ба қадам ба чашм мехӯранд. Аз ин кӯча, ки хориҷ мешавем, садои сурнай ва чанг ба гӯш мезанад, ки аз баландие муғанниёни саразмӣ мусиқиҳои дилангез менавозанд. Ин садои дилнишинро зангӯлаҳои корвониёни сиистониву туркманистонӣ пурра мекунад. Корвониён бору колои худро ба шаҳри ҳунармандон - Саразм меоранд ва бо ёқуту фирӯзаву лоҷивард ва дигар ашёҳои дар ин ҷо маъмулбуда иваз мекунанд. Оташкадаҳо ҳамеша фурӯзонанд. Мӯйсафедони саразмӣ дар сурфаҳои махсус нишаставу суҳбати гарм доранд ва писарбачагон дар кӯчаҳо шатранҷбозиву буҷулбозӣ мекунанд. Модаре ба кӯдаки худ бо овози бирешимиву ширини суғдиёна алла мехонад. Ин ҷо мехоҳам, каме таваққуф кунам ва аллаи зебои суғдиёнаро то охир гӯш диҳам. Хеле гӯшнавоз ва ҳунармандона месарояд. Ба ин бозёфту нигораҳои Саразм назар дӯхтаву шаҳри қадимаи онро қадам задам ва ҳис кардам, ки ин сарзамин зинда аст. Чун мегӯянд, ки фарҳанги асил ҳамеша зинда мемонад.

Берун аз шаҳр заминҳои паҳнояш ноаён ва поёнтар аз он дарёи Зарафшон меравад. Бо вуҷуди то имрӯз қисми ками Саразм кашф шуданаш, таърихи куҳани он, ки дар сарчашмаҳо омадаанд, пурра тамаддун ва фарҳанги ин шаҳри қадимиро муаррифӣ карда метавонад. Зери ин заминҳои бепаҳно Саразми кашфношуда ҳоло хоб аст. Чун қадам ба қадам рамзеву розе дар хоку гили он пайдост. Рози Саразмро танҳо рӯди Зарафшон медонад. Чун ин дарё шоҳиди муҳосираву муҳорибаҳо будааст ва рафтани саразмиёнро аз ин сарзамин шоҳидӣ кардааст. Гӯшу ҳуш ба дарё додаву каме аз рози ин сарзамин бишнидам. Аз ғулғулаи мастона ва қаҳру ғазаби дарё донистам, ки он низ дар сарнавишти Саразм бепарво нест. 5500 сол инҷониб суруди Саразмро месарояду дуруди саразмиёнро то Бухоро мебарад ва ҳеҷ қалбаш таскин намеёбад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хеле хушбахт аст, ки ин сарзамини қадимаи тамаддунофарро дорад. Панҷакенти қадим низ яке аз пойтахтҳои куҳани суғдиёни Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки онро дар ҷои дигар хоҳем гуфт. Дар ҷаҳон чунин бозёфтҳо, аз ҷумлаи шаҳрҳои қадима бо ин синну сол камшумор аст. Саразми Тоҷикистон дар қатори Афинаи Юнон, Библоси Ливан, Иеруссалими Изроил, Варанасияи Ҳиндустон, Иерхони Фаластин ва дигар шаҳрҳои куҳани олам ба бозёфти нодири фарҳанги ҷаҳонӣ дохил ва таҷлили 5500 - солагии он низ дар феҳрасти идҳои ЮНЕСКО сабт шудааст. Имрӯзҳо бо иштироки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри хориҷӣ дар Саразми бостонӣ ин иди ҷаҳониро бошукӯҳу хотирмон таҷлил менамоем. Ҷашни Саразм ба тоҷикон ва ҷаҳониён муборак бод!

Фарзонаи Зарафшонӣ,

Рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh