Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Забони модарӣ ойинаи мусаффои таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллат ба шумор рафта, донишу маърифати дар натиҷаи таҷрибаи ҳаётӣ андӯхтаи мардумро ҳифз ва дар маҷмӯъ ба эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.

Таърихи гузаштагони пурифтихорамон нишон медиҳад, ки маҳз сиёсати ягонаи марказонидаи сиёсатмадорону шоҳони ватанпарвар ва саъю талоши аҳли илму адаб буд, ки дар даврони ҳукмронии хонадони Сомониён забони тоҷикӣ дар паҳнои Мовароуннаҳру Хуросон густариш ёфта, ҳамчун забони расмӣ пазируфта шуд. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ василаи муҳимтарини бақои миллати сарбаланди тоҷик буда, таъриху фарҳанги ҷаҳонгири мо маҳз бо ҳамин забон таълиф ва ба оламиён муаррифӣ гардидааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст».

Имрӯз мо осори гаронбаҳову ҷовидонаи падари шеъри тоҷику форс Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамосасарои бузурги олам Абулқосими Фирдавсӣ, бузургони адабу ирфон Шайх Аттори Нишопурӣ, Саноии Ғазнавӣ ва Мавлонои Балхӣ, шоирони ғазалсаро Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо нафари дигарро бо ҳамин забон мутолиа ва маърифат мекунем, ки баёнгари қадимтарин забони олам будани забони модарии мост.

Боиси таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомул ва ҳамчун забони илм, сиёсат, қонунгузорӣ, робитаҳои байналмилалӣ густариш пайдо кардани забони тоҷикӣ тадбирҳои мушаххас андешида, мекӯшад, ки ин рукни муҳими давлатдорӣ ҳамеша таҳти назорат қарор гирад. Баробари ин, ҳар як фарди соҳибзабони кишварро зарур аст, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва ҳифзи асолати он ҳангоми истифодаи калимаю истилоҳот саъю талош намояд.

Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд: «Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем».

Аз ин нуқтаи назар, моро зарур аст, ки ҷиҳати ҳифзи ин гавҳари бебаҳои зиндагӣ ҳамеша кӯшиш намоем ва забони тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем. Зеро забон неъмати бебаҳои ҳаёт аст, ки табиат ҳамчун муҳимтарин василаи ифодаи афкору андеша ба инсоният ато намудааст.

Итминони комил дорам, ки бузургдошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шинохти асолати миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлатдории миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!

Add comment


Security code
Refresh