Инкишофи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнӣ
- Details
- Published on Friday, 02 October 2020 13:13
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, бо мақсади баланд бардоштани завқи чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа минбаъд ҳар сол доир карда мешавад.
Баъди ҷамъбасти озмун дар шаҳру навоҳӣ даври вилоятии он аз 23 то 25-уми сентябри соли равон дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон баргузор гардид, ки дар он 388 довталаб аз рӯи 5 номинатсия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар номинатсияи «Хондан ва аз ëд кардани осори адибони классикии тоҷик» байни хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва миëнаи умумӣ ҷойҳои якумро Рухшона Норова – хонандаи синфи 8, МТМУ №34-и шаҳри Панҷакент, байни донишҷӯëн, магистрантон, докторантон ва унвонҷуëн Фараҳноз Абдулқодирзода – донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, байни омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Осими Оқил – мудири кафедраи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон соҳиб гардиданд, ки онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо диплом ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадршиносӣ шуданд. Дар бахши мазкур дар умум 89 нафар довталаб иштирок намуданд.
Дар номинатсияи дуюми озмун – «Хондан ва аз ëд кардани осори адибони муосири тоҷик» байни категорияҳои номбурда ҷойҳои аввалро
Соҳибҷон Норов аз шаҳри Панҷакент, Хосияти Шаҳобиддин, Гулбаҳор Раҳимова аз ноҳияи Мастчоҳ гирифтанд, ки бо диплом ва 8 ҳазор сомонӣ ҷоиза мукофотонида шуда, дар умум 91 нафар довталаб ширкат варзиданд.
Дар «Хондан ва аз ëд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик» Муҳаммадсолеҳ Азизов аз шаҳри Хуҷанд, Нафиса Тӯйчиева аз ноҳияи Мастчоҳ, Саломат Фаттоева аз ноҳияи Спитамен ғолибият ба даст оварданд, ки бо диплом ва 8 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуданд. Дар бахши мазкур 80 нафар довталаб қувваозмоӣ карданд.
Номинатсияи чорум – «Хондан ва аз ëд кардани осори адибони ҷаҳон» фаъолони озмун Раъно Насриддинова аз шаҳри Панҷакент, Шаҳзод Абдуллоев, Нӯшофарин Хидирова аз шаҳри Истиқлолро муаррифӣ сохт, ки ҷойҳои якумро соҳиб ва бо диплому 8 ҳазор сомонӣ ҷоиза қадршиносӣ шуданд. Дар ин бахш 85 нафар довталаб иштирок намуданд.
Дар номинатсияи охирон, яъне «Довталабони номинатсияи шоирӣ» ҷойи аввал насиби Мафтуна Нозирова аз шаҳри Панҷакент гардид, ки ӯ низ бо диплом ва 8 ҳазор сомонӣ ҷоиза қадрдонӣ шуда, дар байни 43 нафар довталаб ғолиб омад.
Ба ҷуз 39 нафар ғолиб 43 нафар фаъолон - гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати доварон аз 5 номинатсия муайян ва бо тавсияи аъзои ҳакамон ба тариқи истисно ҷиҳати иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмун, ки моҳи декабр баргузор мегардад, пешниҳод шуданд.
Бояд иброз дошт, ки дар маросими қадршиносӣ раисони ҳайати озмун, яъне меҳмонон аз пойтахти кишвар Боймурод Шарифзода – директори Институти забон ва адабиëти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳо, Муртазо Зайниддинзода – мудири кафедраи адабиëти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷумъахон Файзализода – директори Китобхонаи миллӣ, Абдунабӣ Сатторзода – мудири кафедраи адабиëти классикии Академияи миллӣ ва Фарзонаи Хуҷандӣ – Шоири халқии Тоҷикистон аз баромади дӯстдорони китоб ба ваҷд омада, иброз доштанд, ки сол аз сол зиёд гардидани сафи чунин ашхос дар кишвар далели устувории сулҳу амонӣ ва осоиштагист.
Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»