Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба масъалаи арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарди шахсиятҳои арзандаи таърихӣ, бузургони илму адаб ва ба ин восита бедор намудани руҳияи худшиносю худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандории сокинон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Дар ин замина, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  бо шукуҳ таҷлил гардида, ба ин восита руҳи бузургону нобиғагони миллат, ки дар пешрафти илму маърифату фарҳанг ва адабиёти оламшумули тоҷик саҳм гузоштаанд, қадр карда мешавад.

Таҷлили бузургдошти  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон, ки осори ин абармарди адабиёт дар он минтақаҳо аз маҳбубияти хос бархурдор аст, доир гардида, ба рӯзи ҷаҳонии шеъру сухан табдил ёфтааст.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мисли дигар суханварони бузурги шеъру адаби мо ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузошт ва онҳоро ситоиш мекард. Бахусус, ба вуҷуд омадани шоҳкори беназири ирфонии “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно шуҳрат ва аҳмияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро бо ҳам афзун ва ғанитар гардонил.

Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ баён намудаанд, “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст. Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон, бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд”.

Бузургдошти осору зиндагиномаи Ҷалолуддини Балхӣ барои ҳамаи онҳое, ки аз тамаддуни ҳазорсолаҳои миллати худ ифтихор доранд, тантанаи фазлу хирад, инсонгароӣ, руҳи баланду ношикаст ва табъи саршор аз сухани осмонист.

Итминони комил дорам, ки афкору андешаи бунёдӣ, назми оламгир ва фалсафаи инсондӯстонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои тарбияи маънавии аҳли ҷомеа рисолати бузургеро бар дӯш дошта, ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад.

Бори дигар, Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба ҳамдиёрон ва кулли дӯстдорони илму адаб муборак бошад.

Add comment


Security code
Refresh