Нақши фарҳанг дар рушди сайёҳӣ

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба истиқболи ҷашни 700 – солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Аҳамияти меъмории таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он масъулини соҳаи сайёҳии шаҳру навоҳии вилоят ва олимону адибони шинохта ширкат варзиданд.

Конференсияро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, аз эътибори хосаи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, эҳё ва таъмиру тармими обидаҳои таърихии минтақаи Суғд, фаъолияти ширкатҳои сайёҳии вилоят ва тақвияти ҳунармандии миллӣ сухан ронд.

- Тоҷикистон кишвари дорои таърихи пурғановат ва макони биҳиштосо буда, сол аз сол таваҷҷӯҳи бештари муаррихон ва сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Боиси ифтихори мардуми кишвар аст, ки ба наздикӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500 – солагии Саразми бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ҳамзамон, соли равон мардуми кишвар 700 – солагии яке аз бузургони олами адаб, шоири тавоно, Шайх Камоли Хуҷандиро ҷашн мегиранд, ки ин чорабиниҳо гувоҳи маданияти ғанӣ ва таърихи рангин доштани кишвари моро башоратдеҳ аст, - аз ҷумла таъкид дошт Анвар Яъқубӣ.

Дар конфронс Мансур Бойматов – директори Осорхонаи вилоятӣ дар мавзӯи «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ муаррифгари таъриху фарҳанги халқи тоҷик», Набиҷон Ҷӯразода – сармутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи” Фарҳанг ва рушди сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд”, Мавҷуда Ӯрунова – мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Хуҷанд ва хуҷандиён дар осори Камоли Хуҷандӣ», Саидумрон Саидов – дотсенти Донишогоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Боғи Камоли Хуҷандӣ – маҷмааи фарҳангии сайёҳӣ», Ҷӯрабек Исомаддинов – мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Нақш ва ҷойгоҳи ёдгориҳои таърихӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ» ва Баҳроми Раҳматзод – директори муассисаи давлатии маркази илмии Камоли Хуҷандӣ дар мавзӯи «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тоҷику форс» маърӯза намуданд.

Дар фарҷом иштирокдорони конфронс андешаҳои судманди хешро баён дошта, аз Осорхонаи вилоятӣ боздид ба амал оварданд.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh