Ҳунармандӣ маро аз сахтиҳо наҷод дод!

Мо барои касбомӯзиву бо шуғл таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунем,  яъне муҳайё кардани ҷойҳои корӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.  

Эмомалӣ РАҲМОН

Эълон шудани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар имкон фароҳам овард, то занону духтарон, алалхусус нафароне, ки дар деҳаҳои дурдаст умр ба сар мебаранд, соҳибҳунар гарданд. Боиси зикр аст, ки аксар ҳунарҳои миллӣ ва қадимае, ки бобоёну бибиёни мо аз он воқиф буданд, дар канор монда буд.

Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аксар занону духтарон ба азхудкунии ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ва ба ин васила барои пеш бурдани зиндагии худ машғуланд. Дар шаҳри Конибодом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори хоса дода мешавад. Махсусан, дар ҳамаи шаҳру ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис ёфтааст. Дар марказҳои ҳунаромӯзӣ духтарону ҷавонзанон бо шуғл фаро гирифта шудаанд.

Дар шаҳр асосан ҳунарҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, наққошӣ ва рассомӣ рушд ёфта истодааст. Дар соли 2019 се нафар ҳунарманд ба гирифтани Гранти Раиси вилоят мушарраф гардиданд. Назира Атаҷонова зани ҳунарманд буда, умри худро барои омӯзонидани ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ ба занону духтарон паси сар кардааст. - Ҳунармандиро аз синни 5 - солагӣ аз модару бибӣ ва хоҳаронам аз худ кардаам. Вақте онҳо ба даст сӯзан мегирифтанд, ман низ хаёлан машғули офаридани нақшҳои гуногун будам. Назира Атаҷонова зодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бо амри тақдир бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон оиладор гардидааст.

Ҳанӯз аз соли 1974 то ба имрӯз дар шаҳри Конибодом умр ба сар бурда, аллакай ба зиёда аз 100 нафар занону духтарон ин ҳунари қадимаро меомӯзонад. Ҳарчанд синнаш ба 70 расида бошад ҳам, дар дӯхтани сӯзанӣ моҳир аст. - Пас аз оиладор шуданам, ба боғчаи бачагона ба ҳайси ҳамшираи тиб ба фаъолият оғоз кардам. Дар ин соҳа 40 соли умрамро сарф кардам ва аз ҳамшираи тиб то ба мудирии боғча расидам. Вақте соли 2013 ба нафақа баромадам, дар фикри кушодани сехи сӯзанидӯзиву зардӯзӣ будам ва ба ин орзу ҳам расидам, - мегӯяд ҳунарманд.

Боиси қайд аст, ки маҳз заҳмату меҳнатдӯстии ӯ буд, ки соли 2016 ба гирифтани гранти Раиси вилоят мушарраф гардид. Барои гузоштани саҳми худ дар ҷодаи ҳунармандӣ басо меҳнат кард ва дар озмуну намоишҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён шуд. - Вақте дар кишвар сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, шод гаштам, зеро имконияти муаррифӣ кардани ҳунари қадимаро пайдо намудам.

Дар деҳаи Равот сехи дӯзандагиро ташкил кардем. Азбаски мо дар минтақаи наздисарҳадӣ умр ба сар мебарем, духтаракони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ барои ҳунаромӯзӣ меоянд, - гуфт Назира Атаҷонова. Пас аз кушода шудани сарҳадҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар барои сокинони ҳар ду давлат имконияти равуо беҳтар шуд. Пештар барои гирифтани раводид муаммоҳои зиёде пеш меомад, вале имрӯз ин ҳама мушкилоти мардум паси сар шуд, - мегӯяд ҳунарманд. Имрӯз аксар шогирдони ин зани ҳунарманд аз нозукии касби гулдӯзиву сӯзанидӯзӣ ва зардӯзӣ бархурдор гардида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла шогирдон Наргиза, Маҳлиё, Нодира, Оқила сехҳои дӯзандагӣ доранду аллакай шогирдони худро тарбия карда истодаанд.

Наргис Исмоилова - мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Пӯлодон: - Аз соли 2007 инҷониб ман ин зани ҳунармандро мешиносам. Боре ба ягон нафар дар мавриди кӯмак ва дастгирӣ «не» нагуфтаанд. Дар ҳамаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунанд. Офаридаҳои ин зан аз ҳамдигар зеботар аст. Дар тасвирҳояшон бештар аз табиат истифода мебаранд. Ҳунарҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ ва қуроқдӯзӣ дар назари аввал осон, вале дар асл заҳматталаб аст. Назира Атаҷонова асосан нақшҳои Бухорову Самарқандро дар рӯи матоъ меофарад. Барои омода шудани як сӯзанӣ се моҳ лозим аст ва нафаре, ки нисбат ба дӯхтан шавқу ҳавас дорад, давоми се моҳ метавонад, ин ҳунарро аз худ кунад. - Азбаски хушдоман надоштам, аз рӯзҳои аввали хонадоршавиам мустақилона умр ба сар мебурдам.

 Вақте фарзанддор шудам, мушкилоти зиндагӣ ба дӯши мо - навҷавонон расид. Он лаҳзаҳо дар зиндагӣ бо мушкилоти зиёд, алалхусус бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудам. Дар ин ҷода ҳунари дӯзандагиам маро кӯмакам кард. 4 фарзанд - ду писару ду духтарро ба воя расонида, имрӯз соҳиби 9 набера ҳастем, - аз хотироташ ёдовар шуд Назира Атаҷонова.

Нигора Ғаффорзода – собиқ муовини раиси шаҳри Конибодом оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ: - Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки «Солҳои 2019 - 2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст ва ин иқдом боиси он гардид, ки сатҳи зиндагии занони ҳунарманди мо ба дараҷае баланд гардад. Ҳунармандӣ ба рушди деҳот таъсири худро мерасонад, зеро аксар занони хонашин дар деҳот ҳастанд ва вақте онҳо бо ҳунаромӯзӣ машғул мешаванд, деҳот рӯ ба ободӣ ва рушд мениҳад. Мо тасмим гирифтем, ки дар ҷамоатҳои деҳот маҳфилҳои ҳунаромӯзиро зиёд кунем, рушди меҳнати хонагиро низ ба роҳ монем, зеро имрӯз занони деҳот аллакай миқдори зиёди матои адрас бофта, ба фурӯш гузоштаанд.

Азбаски дар шаҳри Конибодом аз ҳисоби занон муҳоҷирони меҳнатӣ зиёданд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, бо фарогирии ҳунаромӯзӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатиро кам кунад, зеро онҳо метавонанд, ба ҳунармандӣ машғул шуда, маҳсулоти худро ба бозор бароранд.

Ш.ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh