Мард бо ҳунар гирад ном
- Details
- Published on Wednesday, 02 September 2020 10:35
Истаравшан аз давраҳои пешин маркази касбу ҳунар ва шаҳри ҳунармандон ба ҳисоб рафта, аксар ҳунарҳои қадима, аз қабили чархчиён, оҳангарон, сандуқсозон, кордсозон, шонатарошон, мисгарон, читгарон, кандакорон, заргарон, чармгарон, мӯзадӯзон, наққошон, собунгарон ва ғайраҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд.
Ин гуфтаҳоро ман зимни суҳбат бо кордсози машҳури истаравшанӣ Иброҳимҷон Мирзоев эҳсос кардам, ки ба касбаш дилбастагии беандоза дорад. Ӯ бо ҳавас кордҳои сохтаашро аз чӯбҳои чормағзу тут, шохҳои бузу гов, устухони фил муаррифӣ намуда, нақл кард, ки бобокалонамон усто буда, ин касб барои мо аз Холмуҳаммад мерос мондааст.
Падарам усто - Адҳам маро аз синни хурдсолиам ба дӯкон мебурд. Боре падарам маро ба дӯкон бурда, дар назди қӯраи оҳангарӣ шинонида гуфт: - Писарам, бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз!». Аз ҳамон рӯз корро сар кардам ва нозукиҳои ин касбро аз падарам оҳиста-оҳиста меомӯхтам. Ҳамин тавр, рӯзҳо мегузаштанд. Рӯзе пинҳонӣ корде сохтам ва онро дар назди қӯраи оҳангарӣ гузоштам. Падарам инро дида, хеле хурсанд шуд: - Офарин, писарам, акнун ман хотирҷамъ ҳастам, ки касбам намемирад ва ту аробаи зиндагиро оянда бемалол мекашӣ. Усто - Иброҳим бо як болидарӯҳӣ иброз дошт, ки зиёда аз 40 сол тавассути касби аҷдодӣ нон меёбад. Зеро писаронаш Бахтиёру Ихтиёр ин касбро пеша намуда, имрӯзҳо аз корд то шамшерро мустақилона месозанд. Ҳамзамон, шогирдонаш Аюбҷон, Сӯҳроб, Исмоил, Олимҷон, Ҳошимҷон, Ҷамшед ва Азизҷон дилбохтаи касби хешанд.
Оилаи кордсозон борҳо бо маҳсулоташон дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Олмон, Федератсияи Россия иштирок намуда, соҳиби диплому ҷоизаҳо гаштаанд. - Мо, ҳунармандон шукрона аз он мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Ҳамзамон, додани имтиёзҳои давлатӣ ба мо, ҳунармандон имконият медиҳад, ки беҳтарин намунаҳои эҷодамонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ барорем ва ҳунарҳои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, - гуфт зимни суҳбат узви Иттифоқи рассомон ва ҳунармандон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Мирзоев.
Саъдуллои САЙФУЛЛО,
рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан