Ҳунари аҷдодӣ
- Details
- Published on Wednesday, 02 September 2020 10:34
Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳама ҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд.
Вақте вориди коргоҳи усто - Исломи кандакор гардидам, ӯро чун як нафари самимӣ, зиндадилу кордон ва дӯстдори ҳунари хеш дарёфтам. Ислом Орифов соли 1942 дар деҳаи Зебони шаҳри Панҷакент (Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан) дар оилаи ҳунарманд усто - Ориф ба дунё омадааст. Аз хурдӣ касби кандакориро аз падараш ва бародараш омӯхтааст. Кандакорӣ ҳунари аҷдодӣ буда, касби хеле дақиқ ва нозук мебошад. Санъати кандакорӣ барои усто - Ислом ҳунари авлодӣ буда, то имрӯз ин санъати халқии беҳамторо аз насл ба насл интиқол медиҳад. Ӯ дар суҳбат гуфт: «Аз ҳунар мардум манфиат мегиранд.
Ҳунарманде, ки ҳунарашро ба шогирдон намеомӯзонад, ба олими беамал шабоҳат дорад». Ин аст, ки усто Ислом зиёда аз сад шогирди гулдаст тарбия кардааст. Аз ҷумла, 6 нафар писар ва 12 нафар бародарзодааш, ки ҳоло алоҳида амал мекунанду шогирдони худро доранд, тарбиядидаи ин устои асил мебошанд. Маҳсули дасти ин ҳунарманд имрӯз на танҳо дар ноҳия, балки берун аз он дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе низ ба кошонаҳои сокинон ҳусну ҷилои тоза мебахшанд. Намунаи кори усто - Ислом дари даромадгоҳи Муассисаи давлатии Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Санъати кандакории ин дарвоза аз ҷониби хориҷиёну тамошобинон баҳои баланд гирифтааст. Аз дидани нақшу нигоре, ки усто рӯи чӯб меорад, қалби инсон боз ҳам мафтуну шайдотар мегардад. Зеро инсон қодир аст, бо дасти худ ҳама чиз офарад. Дар санъати кандакории ин устои асил қолабҳои нав ба нав эҷод мешаванд. Нақшҳо дар эҷодиёти усто - Ислом чунон моҳирона ҷой дода шудаанд, ки кас аз зебоиву нафосати он ҳаловат мебарад. Истеъдоди волои ин ҳунарманд шоёни таҳсин аст.
Хизматҳои шоёни усто - Ислом бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати фарҳанг қадр шудааст.
Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди илмии Осорхонаи ба номи
Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент