Дараки тозаи саразмиён ва кайнаҳриён

Ба бойгониам, аз он ҷумла ба маҷаллаҳои аз даврони шӯравӣ эҳтиёткардаам рӯ овардам. Ҳангоми мутолиаи маҷаллаи «Наука и жизнь» чопи соли 1985 ба мақолае таҳти унвони «Стеклу двенадцать веков» вохӯрдам. Дар мақола сухан аз зарфи шишагии нақшу нигордоре меравад, ки дар вақти ҳафриёти Панҷакенти куҳан (Кайнаҳр) ёфта будаанд. Ин зарфро панҷакентиён ҳанӯз дар асри VII сохта будаанд.

Сонитар, фақат дар Миср бостоншиносон ба чунин як зарфе вомехӯранд, вале он зарфи шишагии мисрӣ 100-150 сол баъдтар аз зарфи панҷакентиён сохта шуда будааст.

Мақолаи мазкур ба В.Распопова тааллуқ дошта, таҳти унвони “Стеклянные сосуды с росписью из Пенджикента» дар шумораи 2-юми «Советская археология» соли 1985 чоп ва онро ҷурнали” Наука и ҷизнҳ» бознашр кардааст.

Тасодуфан рӯзи дигар бо худ ба ҷои кор шумораи дигари маҷаллаи «Наука и жизнь»-ро овардам.

Маҷалла нашри соли 1986 буда, дар он мақолаи бостоншинос, фарзанди фарзонаи миллат Абдуллоҷон Исҳоқиро дарёфтам. Номи мақола “Саразм. Горизонты древней цивилизации” буда, дар он муаллиф хостааст, ҷаҳониёнро бо Саразми бостон шинос кунад, гарчанде он вақт аллакай дар Саразм бостоншиносони Фаронса ҳафриёт мегузарониданд.

Дар мақола аз саршавии ҳафриёт, масоҳати ҳамонвақта, архитектураи биноҳо, ёфта шудани донаи ҷав, анбори захираи ғалла, ҳунарманду кишоварз будани саразмиён, бо фулузот сарукор доштанашон сухан меравад.

Исҳоқов батафсил дар бораи зане, ки сар то пояш бо зебу зиннати аз тилло сохташуда оро дода шуда будааст, маълумот медиҳад.

Ин зан шояд ҳамон зане аст, ки Маликаи Саразмаш мегӯянд. Абдуллоҷон махсус қайд мекунад, ки дар вақти ҳаматарафа омӯхтани косахонаи сари саразмиён маълум шудааст, ки онҳо ба европоиҳо монанд буда, сарашон дароз ва рӯяшон наҳиф будааст.

Қади Маликаи Саразм ба 163-164 см баробар будааст…

Мақолаи Абдуллоҷонро мутолиа мекардаму ба ёдам давуғеҷу талошҳои шодравон мерасид. Огоҳ будам, ки чандин бор ба назди роҳбарони ҳамонвақта меомад, то тракторҳое, ки замини Саразмро ҷуфт мекарданд, аз он ҷойи муқаддас бароранд.

Мақолае, ки сухан дар борааш меравад, дорои аксҳои нодире ҳам аст, аз қабили сохти биноҳо, дахма, табақи мармарӣ, акси гове, ки дар санг ҳакокӣ шудааст, найзаҳои оҳанӣ, зебу зиннати аз сангҳои гаронбаҳо, устухон сохташуда ва ғайраҳо.

Маҷаллаҳои мазкур ба осорхонаи навтаъсиси Саразм тақдим хоҳанд шуд.

Қаҳрамон Бурҳон,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ҷарроҳи дараҷаи олӣ

Add comment


Security code
Refresh