Беҳтарин макони сайёҳӣ
- Details
- Published on Wednesday, 26 August 2020 09:27
Дар ҷаҳон ҷойҳои зиёди хушманзара мавҷуд аст, аммо чун Ҳафткӯли зебову афсонавӣ, ки дар пояҳои кӯҳҳои пурбарф, атрофи ҷангалҳо ҷойгир аст, назир надорад. Дар яке аз рӯзҳои истироҳатӣ бо дӯстон барои тамошои минтақаҳои зебоманзари кишвар, аз ҷумла кӯҳҳои Фон сафар намудем. Дар кӯҳҳои Фон беш 30 кӯли гуногун мавҷуд буда, обҳояшон тозаву ошомиданӣ мебошанд. Яке аз онҳо Ҳафткӯл аст, ки бо ранг ва таровишҳои афсонавиаш фарқ мекунад. Ин кӯлро, ҳатто, яке аз ҳафт муъҷизаи ҷаҳон меноманд, ки бо ҳафт кӯли рангобаранги худ ҳар сайёҳро мутаҳаййир месозад. Ҳафткӯл дар баландии 2139, 3 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо номи Марғузорӣ низ машҳур аст.
Дар бисёр ҳолат сайёҳон бо нақлиёт то Ҳафткӯл омада, аз ҳамин ҷо ба дигар хатсайрҳо роҳ мегиранд. Ба воситаи ағбаи Тобасанг ба Кӯли Калон, Искандаркӯл ва самтҳои дигар сафар мекунанд. Ба Ҳафткӯл аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ дорад. Яке аз кӯлҳои Ҳафткӯл Мижгон ном дошта, бо зебоӣ ва ранги ғайриоддиаш аз дигар кӯлҳо фарқ мекунад. Кӯли мазкур аз дарёчаи пуртуғёни Шинг сарчашма гирифта, бо тамошои воридшавии он ба Мижгон ҳар бинанда дар шигифт мемонад. Зеро рӯди шӯх бо ҳама туғёнаш баробари ворид шудан ба кӯли Мижгон гӯё ки ба куллӣ ором мешавад ва осоиш меёбад.
Роҳбари ширкати сайёҳии Ҳафткӯл Шодмонқул Сангинов ба мо чунин маълумот дод: «Кӯли мазкур низ чун даҳҳо кӯлҳои дигари Тоҷикистон таърих ва ривояти пайдошавии худро дорад. Тибқи ривоятҳо, гӯё замоне дар ин дара оҳангаре зиндагӣ доштааст. Ин марди оҳангар соҳиби ҳафт духтар будааст, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надоштаанд. Рӯзе аз рӯзҳои фасли тобистон ҳокими пире аз ин ҷо гузашта, ба духтари аз ҳама хурдии оҳангар - Мижгон ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ мешавад, ки духтарро ба ҳоким ба занӣ диҳад, вале духтар комилан муқобили издивоҷ бо амир мешавад. Барои он ки бо ин кори худ Мижгон ҳокимро наранҷонад, бо нияти халосӣ аз ӯ шарти худро монда, мегӯяд:
– Ман зани ту мешавам, ба шарте ки ту дар ин мавзеъ барои ман қасри тиллоии афсонавӣ бунёд кунӣ.
Духтар боварӣ дошт, ки ҳоким аз уҳдаи иҷрои ин шарт намебарояд. Вале ҳокими мӯйсафед, ки ошиқи шайдо буд, ҳама корро як сӯ монда, дар давоми 40 рӯз қасри тиллоии афсонавиро месозад. Ин барои ҳама як муъҷиза буд. Духтар, вақте мефаҳмад, ки шарти ӯ иҷро шудаву дигар баҳонае барои рад намудани хоҳиши ӯ намемонад, дар рӯзи тӯй болои қаср баромада, бо либоси арӯсӣ худро аз боми қаср ба поён мепартояд. Дар ҷое, ки ӯ меафтад, кӯле ба вуҷуд меояд, ки онро Мижгон меноманд. Шаш кӯли дигаре, ки дар Ҳафткӯл пайдо шудаанд, гӯё аз ашки шаш хоҳари ӯ ба амал омадаанд.
Бояд гуфт, ки Ҳафткӯл бо ҷойҳои муқаддасаш низ фарқ мекунад ва ҳар сол сайёҳони зиёде ба зиёрати он меоянд.
Шодмон Нурматов,
сокини ноҳияи Ашт