Олам сухани Камол бигрифт…

Хонаи дида зи дидори ту равшан бошад,

Байти аҳзони ман аз рӯи ту гулшан бошад!

Cуғд маконест, ки таърихи зиндаи ниёгони мо Саразми қадима, яъне сари замин (таърихи беш аз 6 - ҳазорсола дорад), ин ҷост, Суғд зодгоҳ ва парвардаи Одам - уш - Шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар нобиғагоне, чун Шайх Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо дигарон мебошад.

Суғд диёри қаҳрамонону ватандороне, чун Спитамену Деваштич ва Темурмалики шарафманд аст!

Сарвари хирадманди давлати тоҷикон фарҳанги худшиносии миллиро омили асосии ҳастии миллат муаррифӣ намудаанд. Шоистаи таъкид аст, ки бо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият ҷашнҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, ба монанди 1100 - солагии давлати Сомониён, 1000 - солагии «Шоҳнома», 1150 -солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 -солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт пайваста кӯшиш намуда, фазои мувофиқеро барои аҳли илму адаб фароҳам овардааст. Ҳар сол дар қаламрави вилоят даҳҳо маҳфилу конфронсҳои илмиву фарҳангӣ барпо гардида, садҳо китобу рисолаҳо ба нашр мерасанд.

Ба чоп расидани “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, “Девон”-и Фарзона, “Девон”-и Шайдои Хуҷандӣ, “Тазкират-уш--шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Тазкираи шуарои Хуҷанд”-и Абдулманнони Насриддин, “Мунтахаби девон”-и Шӯхии Хуҷандӣ, “Девон”-и Хаёлии Бухороӣ, “Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари арзишманди дигар, ки аксар бори аввал ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардиданд ва бо сифати оливу дараҷаи баланди илмӣ ба дастархони маънавии ҷомеа гузошта шуданд, баёнгари ин ҳақиқат мебошад. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Бояд ёдовар шуд, ки нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Гуфтору навиштори онон садсолаҳо инҷониб қофилаи ҷомеаи ҷаҳониро ба сулҳу дӯстӣ, ободиву зебопарастӣ ва ҳаёти хушбахтона раҳнамоӣ менамояд.

Яке аз чунин нобиғагони миллат Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дорад ва, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад. Сухани баланди Хоҷа Камол дар рӯзгори худи ӯ кайҳо оламгир шуда буд. Он гуна, ки аз забони шаккарини Хоҷа омада:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.

Ҳамин манзалати олии ӯ сабаб гардид, то бузургтарин суханварон шахсияташ биситоянд ва азаматашро эътироф бикунанд. Аз ҷумла, вақте ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ шеъри ӯро шунид, гуфт: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ».

Орифону шоирони номвари он рӯзгор, ба мисли Муҳаммадширини Мағрибӣ, Наҷмуддини Торумӣ, Исмоили Сисӣ, Абдураҳими Хилватӣ, Мавлоно Тоҷиддин Алии Миншорӣ, Шайх Зайниддини Хофӣ, Шайх Ҳусайни Сарипулӣ ҳама эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва сӯҳбаташро ғанимат мешумориданд. Султон Ҳусайни Ҷалоир, Тӯхтамишхон, Мирзо Мироншоҳ ва дигар шоҳу амирони ҷаҳони он давр ба ӯ иродат доштанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурӯҳе аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз дусад нусхаи дастнависи девони ӯ, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурӯҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рӯзгору ашъори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ки инҳо низ ҳама аз мақоми ҷаҳонии ӯ дарак медиҳанд.

Ин ҳама бузургӣ тақозо менамуд, то ворисони Камол дар назди рӯҳи бузурги ӯ қарзи худро адо созанд ва аз ӯ ба таври хеле шоиста қадршиносӣ намоянд.

Ба ҳамин сабаб аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қадршиносии бузургони миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангсози эшон қарор дорад, дастур гардид, то дар соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифт ва онҳо марҳала ба марҳала анҷом ёфта истодаанд. Дар ин раванд яке аз иқдомоти хоса эҳёи Қалъаи таърихии Хуҷанд мебошад, ки дар фурсатҳои наздик амалӣ хоҳад гашт.

 Равшан аст, ки бо амри тақдир, Камоли Хуҷандӣ дар Табрез аз олам гузашт ва он ҷо ба хок супорида шуд. Зиёрати оромгоҳи ӯ барои тамоми ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб муште хок аз қабри Камол ба зодгоҳаш оварда шуд ва ин иқдоми муборак намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба ватани хеш мебошад. Барои ин хок оромгоҳи намодин ба сурати хеле мӯҳташам бино ёфт ва он хок дар Наврӯзи байналмилалии соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Дар паҳлуи он муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохт. Имрӯз ин маҷмаа зиёратгоҳи иродатмандони Шайх Камол гардидааст ва он дар қаламрави кишвар ба ҷоизаи беҳтарин Боғи фарҳангӣ сазовор гардид.

Ба ҳама маълум аст, ки солҳо инҷониб ҷои хонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш холӣ буд. Аммо имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби хонасозии қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардид ва ба диданитарин ҷои меҳмонон ва сайёҳон мубаддал шуд.

Дар ин ҳавлӣ тадрисгоҳи Хоҷа Камол низ ҷой дода шуд, ки имрӯз бо дастхатҳои бисёр нодири худ дар байни махзанҳои нусхаҳои хаттии ҷаҳон аз эътибори баланд бархурдор аст.

Ҳамчунин, дар ин самт Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд ва имрӯз олимони маркази номбурда ба омӯзиш ва муаррифии ҳамаҷонибаи осори Камоли Хуҷандӣ машғул мебошанд. «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» афзун бар таҳияи бештар аз сӣ китоби нодир ва тасҳеҳу нашри бист китоби арзишманди илмиву адабӣ, ки имрӯз дар донишгоҳҳо, мактабҳо ва институтҳои илмӣ - тадқиқотии кишварамон истиқболи гарм ёфтааст, дар ин самт китобҳои «Муқаддимаи Камолшиносӣ», «Иксири саодат», «Армуғони аҳли дил», «Мактаби Камол» ва «Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ» - ро ба нашр расонид.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh