Боздиди Раиси вилоят аз Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ
- Details
- Published on Wednesday, 26 August 2020 09:15
Соли равон 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таҷлил хоҳад шуд ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнвора омодагиҳо ҷараён дорад.
Дар доираи омодагиҳо ба ин санаи фархунда Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ навсозӣ карда хоҳад шуд. Тавре зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ин муассисаи фарҳангӣ иттилоъ дода шуд, дар театр 158 нафар кормандони эҷодию техникӣ фаъолият доранд ва дар он 63 утоқи корӣ ва хоҷагӣ вуҷуд дорад.
Бинои театр солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дорои 530 ҷойи нишаст мебошад ва он ҳамакнун бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят навсозӣ карда мешавад.
Раиси вилоят аснои боздид барои тибқи талаботи замони муосир таҷдид намудани бино, таъмини таҷҳизоти саҳна, системаи равшанидиҳии саҳна ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, ки бо номи Камоли Хуҷандӣ маъруфу машҳур гардидааст, тахминан солҳои 1319-1320 дар Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Ӯ яке аз намояндагони барҷастаи шеъру адаби форсу тоҷик буда, ҳамчун устоди ғазал дар рушду инкишофи ин жанри адабӣ хизмати шоистае анҷом додааст.
Ғазал дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ мавқеи асосӣ дорад. Ҳарчанд Камол ба жанрҳои дигари шеърӣ низ даст задааст, лекин теъдоди зиёди эҷодиёти ӯро ғазал ташкил медиҳад. Ғазал оинаи зиндагонии ӯст. Дар ғазал шоир тамоми ормону эҳсосоти худро то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ баён намудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади гиромидошти шоир мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ бунёд шуда, боғи фарҳангии марказӣ низ номи шоирро дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд