Саразм – макони гузаштагони мо

Дар натиҷаи кофтуковҳои аз соли 1978 то 1996 муайян шуд, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарқи Наздик – Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад. Санъатҳои кулолгарӣ, шаҳрсозӣ, чорводорӣ дар Саразм дар давраҳои энеолит ва биринҷ дар худ санъати волоро таҷассум намудааст, ки то куҷо ҳунарманду эҷодкор ва тамаддунофарии ориёиҳоро нишон додааст. Ёдгориҳои аз шаҳраки Саразм дарёфтшуда худ шаҳодати далели таърихи 6000 - сола доштани аввалин халқиятҳои ориёиро нишон медиҳад, яъне онҳо шоҳиди безабони бозгӯи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аст.

Саразм 4 давраи 4000-соларо паси сар кардааст, ки фарқ байни ҳамдигар 1000-солӣ мебошад. Шаҳр дорои қаср, маъбад, маҳалҳо ва кӯчаҳо будааст. Мардумаш асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мешудаанд. Қадимтарин бозёфти он “Гӯри Маликаи Саразм ” ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуданд, ки ҳамарӯза сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Саразм низ ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солиёни зиёдест, ки ба ин мавзеи таърихию давлатӣ кӯмаки моддию маънавӣ расонида истодаанд. 1-уми сентябри соли 2000-ум бо Фармони Сарвари давлат “Ёдгории 5500-солагии Саразм ба маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ” эълон карда шуд.

Соли 2010 бошад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодири таърихӣ аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии кумитаи омӯзиш ва фарҳангии СММ ворид шуд.

Дар баробари пайдо намудани маълумот оид ба таърихӣ будани шаҳраки Саразм маро ҳиссиёти бузурги ватандӯстӣ фаро гирифт, зеро бори дигар шоҳиди он гаштам, ки халқи куҳанбунёд, ниёгони гузаштаи ман дорои чӣ қадар ҳунар ва маҳорат буда, дар ҳамон солҳои барои аз баъзе дастовардҳои имрӯза дастнорас, барои худ бо меҳнати дастӣ зиндагиашонро пеш мебурданд.

Бинобар ин таҷлили 5500 - солагии Саразми бостон ин бори дигар ҷавонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки халқи мо дорои таърихи куҳан буда, пос доштани чунин ёдгориҳо кори дастаҷамъии мо аст. Шояд дар як гӯшае аз деҳи мову шумо ёдгорие хобидаасту мо аз он бехабарем? Бояд ки чунин ёдгориҳо кашф ва ҳифз шаванд, то бори дигар ба ҷаҳониён дорои қудрати таърихӣ ва бумӣ будани миллати азизамонро исбот намоем.

Дилбари Илҳом,

ходими илмии Муассисаи давлатии

Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”

Add comment


Security code
Refresh