Китоби нав - «Камол дар оинаи пажӯҳиш»

Бахшида ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ҷилди дувуми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» – «Камол дар оинаи пажӯҳиш»-ро бо теъдоди 400 нусха, тариқи нашриёти «Хуросон» нашр намуд.

Асари мазкур пажӯҳишҳои ғарбиву шарқии камолшиносиро аз оғоз то солҳои 60-уми асри гузашта фаро гирифта, ҷилди «Силсила и китобҳои камолшиносӣ» мебошад.

«Камол дар оинаи пажӯҳиш» фарогири муҳимтарин иттилоъ оид ба Камоли Хуҷандӣ дар як давраи пурбори таърихӣ (1845-1960) мебошад.

 Китоб бо баргардон, таҳия, таҳқиқ, пешгуфтор ва шарҳу тавзеҳоти дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, ходими калони илмии ИИТ илмҳои ҷомеашиносии назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Субҳони Аъзамзод таҳия шуда аст ва 568 саҳифаро дар бар мегирад.

Китоб бо муқаддимаи муфассал, ки ба қалами Субҳони Аъзамзод тааллуқ дорад оғоз мешавад ва қисматҳои «Камоли Хуҷандӣ дар ховаршиносии ғарбиву шарқӣ», «Камолшиносӣ дар Тоҷикистон», «Камоли Хуҷандӣ дар китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик», «Камоли Хуҷандӣ дар номаҳо», «Шарҳу тафсири камолшиносӣ» ва «Шарҳу тавзеҳот»-ро фаро гирифтааст.

Дар қисмати нахустин навиштаҳои аҳли таҳқиқи ғарбиву шарқӣ В.В. Григорҳев, ҳерман Эте, Шиблии Нуъмонӣ, Агафангел Кримский, Эдуард Браун, Алиакбари Деҳхудо, Евгений Бертелс, Ян Рипка, Иосиф Брагинский, Саид Нафисӣ, Эҳсони Ёршотир, Азизи Давлатободӣ, Зайнулобиддини Муътаман, Забеҳулло Сафо ва чанд муаллифони дигар гирдоварда шудаанд.

Бахши дигар корҳои таҳқиқии камолшиносони варзидаи тоҷик чун устод С.Айнӣ, Деҳотӣ, Шарифҷон ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Набиҷон Сатторов сарҷамъ кардааст.

Дар қисмати сеюм аз нафиштаҳои яке аз муаллифони китобҳои дарсии «Адабиёти Ватан» барои синфи 7-ум ва «Адабиёти тоҷик» барои синфи 8-ум Ш.ҳусейнзода оварда шудааст, ки дар бораи ҳунари шоирии Камол ва сабки эҷоди ӯ муфассалтар маълумот дода аст, ки аз мушоҳида ва таҳқиқоти бевоситаи худи Ш.ҳусейнзода берун омадаанд.

Бахши «Камоли Хуҷандӣ дар номаҳо аз «пурбортарин фасл»-и ин китоб аст. Дар ин бахш 16 номаи арзишманд, ки дар фосилаи солҳои 1939-2020 аз ҷониби аҳли илму адаби тоҷику рус ва миллатҳои дигар – Абдусалом Деҳотӣ (ба Садриддин Айнӣ), Садриддин Айнӣ (ба Мирсаид Миршакар, Камол Айнӣ, Мирзо Турсунзода), Мирзо Турсунзода (ба Александр Болдирев ва рафиқ Зингер), Аҳмад Гулчини Маонӣ, Тураҷи Атобакӣ, Микоила Бернардини (ба Саъдулло Асадуллоев), Акрами Ҷаъфар (ба Шарифҷон ҳусейнзода), Бадриддин Мақсудов (ба Александр Болдирев), Александр Николаевич Болдирев, Азизи Давлатободӣ, Ботурхон Валихӯҷаев (ба Бадриддин Мақсудов) навишта шуда, дар онҳо силсилаи муаммоҳои мубрами шинохти Камол ва масоили таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ таҷассум ёфтаанд.

Қисмати «Шарҳу тафсири камолшиносӣ» ба баррасии худи осори аслии камолшиносии қаламрави ҷаҳон (1845-1960) бахшида шуда аст. Ин бахш мақолоти ҷудогона, пораҳо аз рисола ва мақолаҳо, пешгуфтори пажӯҳишҳо оид ба Камоли Хуҷандӣ ва девонҳои шоир, қайду эзоҳоти таҳиягарони осори пажӯҳиширо дар бар гирифта аст. Дар бахши хотима муҳимтарин матлабҳое, ки ниёз ба тавзеҳ ва тасҳеҳ доштаанд, аз ҷониби мутатиби китоб баррасӣ шудааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh