“КИТОБ - САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ”
- Details
- Published on Friday, 14 August 2020 09:20
“Китоб ҳамчун сарчашмаи беҳтарин ва ҳуҷастатарин дастовезу дастовард ва ифтихорномаи миллӣ, ганҷинаи бебаҳои дониш дар ҳамаи давру замон барои рушди ҷомеа хидмат мекунад ва инсониятро ба сӯи равшаниву созандагӣ, афкори солиму ғояҳои наҷиб раҳнамоӣ менамояд”, оварда шудааст дар саҳифаи нахустини китоби “Китоб – сарчашмаи маърифат”, ки он дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон, адибону устодони донишгоҳҳо, аҳли фарҳанг ва ҷурналистон муаррифӣ гардид.
Дар он маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон ва адибони тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Саидумрон Саидов, Матлуба Амонзода, Рухсора Давлатзода, Нуралӣ Нурзод, Ҷӯрабек Исомаддинов, Раъно Бобоҷониён, Ислом Раҳимов, Муҳаббат Тиллохӯҷаева, Сорбон Азизов ва дигарон дар бораи китоб ва арзишҳои он, хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати китоб ва ҷалби ҷомеаи имрӯза ба китоб ва китобхонӣ нақл мекунанд.
Таҳиягари асар, номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов зикр кард, ки китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст. Мавсуф илова кард, ки беш аз 30 мақолаи олимону муҳаққиқони тоҷик фарогири мавзуъҳои иқдомҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат доир ба мақому манзалати китоб дар баланд бардоштани маънавиёти инсон, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ, китобу китобдорӣ ва нашру ҳолати китобхонаҳои имрӯзаи мамлакат мебошанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода, ходими давлативу ҷамъиятӣ Нодирҷон Солиҷонов, муаррих Ҷӯрабек Исомаддинов, доктори илми таърих, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шодмон Воҳидов, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов дар бораи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзиши китоб ва моҳияти он дар ҷомеаи муосир ва ба хондан ҷалб намудани аҳолӣ изҳори назар намуданд.
Пас аз садо додани чанд суруд аз ҷониби Ҳусейнҷон Юсуфов ба якчанд муассисаҳои таълимию илмӣ, фарҳангӣ, китобхонаҳои донишгоҳу коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятӣ китоби тозанашр бо теъдоди муайян ҳадя гардид.
Китоб таҳти назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Раҳбар бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир” ба табъ расидааст.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”