Ҳунари аҷдодӣ

Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳама ҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд.

Вақте вориди коргоҳи усто Исломи кандакор гардидам, ӯро чун як нафари самимӣ, зиндадил, ҳаётдӯст, кордон ва дӯстдори ҳунари хеш дарёфтам.

Ислом Орифов дар оилаи ҳунарманд усто - Ориф ба дунё омада, ҳунари кандакориро аз падараш ва бародараш омӯхтааст. Усто – Ислом ин ҳунари авлодӣ, ин санъати халқии беҳамторо аз насл ба насл мерасонад.

- Аз ҳунар мардум манфиат мегирад. Ҳунарманде, ки ҳунарашро ба шогирдон намеомӯзонад, ба олими беамал шабоҳат дорад, - гуфт усто. Ин аст, ки усто - Ислом зиёда аз сад шогирди гулдаст тарбия кардааст. Аз ҷумла, 6 писар ва 12 бародарзодааш ҳоло алоҳида фаъолият менамоянд.

Маҳсули дасти ин ҳунарманд дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе низ ба кошонаҳои сокинон ҳусну ҷилои тоза мебахшад. Яке аз намунаҳои кори усто - Ислом дари даромадгоҳи Муассисаи давлатии Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Санъати кандакории ин дарвоза аз ҷониби хориҷиёну тамошобинон баҳои баланд гирифтааст. Аз дидани нақшу нигоре, ки усто рӯи чӯб меорад, қалби инсон боз ҳам мафтуну шайдотар мегардад.

Дар санъати кандакории ин устои асил қолабҳои нав ба нав эҷод мешаванд. Нақшҳо дар эҷодиёти усто - Ислом чунон моҳирона ҷой дода шудаанд, ки кас аз зебоиву нафосати он ҳаловат мебарад. Истеъдоди волои ин ҳунарманд шоёни таҳсин аст.

Хизматҳои шоёни усто - Ислом қадрдонӣ шудаанд.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди илмии Осорхонаи ба номи
Абӯабдулло Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh