Норасоии кадр дар соҳаи фарҳанг

- Ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона аз ҷониби китобдорони шаҳру навоҳии вилоят корбарии хуб ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар миқёси вилоят 362 китобхона фаъолият бурда истодааст.

Давоми шаш моҳи соли равон ба китобхонаи вилоят 709 нусха китоб ворид гардид. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ, китобхона – филиалҳо, омӯзиши нигоҳдории ҳолати махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон ва амсоли ин ҳамасола дар вилоят озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» доир мегардад, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов.

Алҳол дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 95 қаср, кох ва хонаи фарҳанг, 6 хона – осорхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ - фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 22 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли “Шашмақом”, 2 гурӯҳи ҳаҷвӣ ва амсоли ин фаъолият дошта, 1190 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.

- Ҳамчунин, барои рушди соҳаи фарҳанг ва 25 муассисаи фарҳангӣ давоми соли 2014 - ум 421 ҳазору 186 сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, соли 2020 - ум ин маблағ ба беш аз 26 миллион сомонӣ аз буҷаи вилоят ҷудо гардидааст. Ин то як андоза таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вилоятро нисбат ба соҳаи фарҳанг нишон медиҳад, - афзуд Бахтиёр Қосимов.

Имрӯз Раёсати фарҳанги вилоят аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки пас аз хатми донишгоҳ кадрҳои соҳибтахассус ба кор намеоянд, аз ин лиҳоз норасоии кадр дар ин соҳа баръало эҳсос мешавад. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кадрҳои ҷавону тахассусманд чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Доир ба бемории сироятии COVID – 19 гуфта шуд, ки оид ба пешгирӣ ва ҷиҳати амалӣ чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар шаҳру навоҳии вилоят ситоди соҳаи фарҳанг ташкил шуда, корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷониби ҳунармандони театрҳои касбӣ роликҳои тарғиботиву ташвиқотӣ таҳия ва тавассути телевизиону шабакаҳои интернетӣ пахш шуданд. Ба кормандони соҳа, ки ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо бобати фаъолияти кунунии клубу китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои шахсӣ, тақдири Боғи навбунёди ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, таъминот бо китобҳои нав ва дастоварду камбудии соҳа пешниҳод шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh