Китобиёт. "НИГИНА ВА МИРМАЛИК"

Додохони Эгамзод рӯзноманигори шинохта ва нависандаи хушсалиқаи тоҷик, муаллифи даҳҳо очерку фелетон ва қиссаву повестҳои ҷолибу хонданӣ аст.

То имрӯз маҷмӯаҳои ин адиби сермаҳсул, аз қабили “Корвони ханда”, “Лабханди нодир”, “Лангари бозсозӣ”, “1001 ханда”, “Балогардон” ба дили хонандагони нуктасанҷи тоҷик роҳ ёфтаанд.

Ҳамзамон повестҳои ҳаҷвии “Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам”, “Муҳаббати думбурида ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар”-и ин адиб аз он нигоштаҳоест, ки хонандаро ба шӯру шавқ меоранд.

Соли 2018-уми романи таърихии Додохони Эгамзод “Нигина ва Мирмалик ё худ чакомаи ишқи пурафсун” тавассути нашриёти "Хуросон" бо теъдоди 1000 нусха нашр ва дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардид.

Романи таърихии «Нигина ва Мирмалик» рӯйдоди сӣ соли аввали қарни сенздаҳуми милодиро аз оғози ба тахт нишастани Хоразмшоҳи сонӣ то ҳуҷуми Чингизхон дар бар мегирад. Қаҳрамонони асари мазкур ҳоким ва сипаҳсолори Хуҷанд Мирмалик ибн Мирраҳмат машҳур бо лақаби Темурмалик ва раққосаи дарбори Султонмуҳаммади Хоразмшоҳ Нигина бинти Абдул Сайид мебошанд ва роман аз оғозу анҷоми ишқи поку самимии ин ду дилдода қисса мекунад.

 Ҳамзамон шайхони номдори он айём Маслиҳаддин Бадеуддин Нурӣ, Бурҳониддини Валӣ, шоирон Саъдии Шерозӣ, Сайфуддини Исфарангӣ ва шоҳзода Ҷалолиддин аз силсилаҷунбони суҷаи роман мебошанд. Роман аз чаҳор китоб иборат аст, ки ҳар кадом дар ҳашт равза суҷаи асарро марҳала ба марҳала бознамо мекунад.

 Китоби аввал, ки «Кабӯтари биҳиштӣ» унвон дорад, бо пешгуфтори “Саргузашти зани фарзандгадо, ки суратан афсона асту афсун, лек сиратан достонест ростмазмун” оғоз гашта, аз рӯзгори ду ҷуфти муносибе бо номи Абдулсайид ва Бимастура қисса мекунад, ки дер боз орзуи фарзандро доштанд, вале аз ин неъмати бебаҳо маҳрум буданд. Бо вуҷуди дуову дурудҳову нарзу ниёзи зиёд ин ҷуфт ба мақсади хеш расида наметавонист.

Онҳо ночор ба назди пиразани деҳа - Муяссарбону мераванд, ки аксаран ӯро ҷину паридор мегуфтанд. Ин зан бар ивази як тангаи нуқра Бимастураро сеҳр намудаву ба хоб кардан водор менамояд. Дар хоб ӯ кабӯтари сафед ва пири нурониеро мебинад, ки ваъдаи ёрӣ додан мекунад. Бимастура ба Хуҷанди бостон меравад ва ба дидори Шайх Маслиҳаддин мушарраф мегардад.

Шайх фарзандталаб будани ҷавонзани баландҳимматро дониста, тахтасанги назди дарвозаро нишон дода мегӯяд: «- Санги ҳақдор ана ҳамин. Дар китобҳо набиштаанд, ки ин хел санг ба ҳафт ранг ҳафт адад бошад дар ҳафт иқлими олам. Ин шахпораи оддӣ не, санги осмонӣ ва раҳмонист пас аз санги сиёҳи муқаддас дар хонаи Каъба! Санги бахткушо аст барои духтарони дилхаста ва санги ҳоҷатбарорест барои бонувони фарзандталаб. Рӯ ба қибла истода, бо дасти рост сангро дошта, «Дасти ман не, дасти Пирам Подшоҳмарди Валӣ, ҳақ ба ҳақдор расон» гуфта ва бо пешонӣ сангро суфта, сидқан калима гардонда, талабу ният кардан даркор… »(13 с.) Пас аз ин дидор Бимастура бо ҳисси шодмонӣ ва як ҷаҳон умедворӣ ба зодбум-ба Ворух бармегардад.

Пас аз моҳҳои интизорӣ ин ду ҷуфт соҳиби гулдухтаре мегарданд ва номашро Нигина мемонанд, то нигини Ворух, “бути Ворух, моҳи мунаввари шаби чаҳордаҳум дар шаби Ворух гардад”.

Ин роман бо вуҷуди таърихӣ будан аз ишқи поки ду дилдода-Нигина ва Мирмалик қисса мекунад, ки сар то по ибратбахшу омӯзанда аст. Муаллиф кӯшидааст, ки ҷузъиёти муҳими рӯзгори онҳоро ба риштаи тасвир кашида, ба ин васила хонандаро ба андеша кардан водор намояд.

Дар китоби аввали романи «Нигина ва Мирмалик» хонанда бо тарзи зиндагонӣ, будубош ва меҳмондориву муҳаббати мардуми Ворух ошно мешавад. Дар равзаҳои «Тасвири нахустин парвози андалеби Исфара ба Ворухи андалебнавоз», «Таҳвили ҳидоятҳои тақдирсоз аз шаҳри азим ба кӯҳи баланд», «Чакомаи Наврӯзи Хуҷанд аз назари меҳмонҳои арҷманд» аз кӯдакӣ ва зиндагии Нигина, муҳаббати ин духтарак ба рақс ва хушхиромии бесобиқаи ин духтараки ворухӣ, аввалин сафараш ба Хуҷанди бостон, таҳсил ва омӯзиши илму адаби мусиқӣ дар ин шаҳр огоҳ мешавад.

Дар китоби аввал хонанда саҳифа ба саҳифа ба асли мақсади нависанда ошно мешавад. Таърифу тавсиф, ҳикоятҳои ҷолиб ва тасвири тарзи зиндагонии мардуми Хуҷанд ва Ворух дар аввали асри сездаҳуми мелодӣ бағоят аҷиб аст ва хонандаро мафтун месозад. Китоби якум бо қиссаи «Гулбонги шоҳона аз дурахши ду ахтари тобони Исфара» ба поён мерасад, ки гузариш ва ё пулест барои оғози бахши дувуми ин романи таърихӣ-ишқӣ.

Дар ин равза нақл мешавад, ки «ҳафт моҳи таҳсил ва омӯзиши илми мусиқӣ монанди ҳафт бор миҷа задан гузашту гулдухтари ворухӣ аз ҳар сурфаи маърифат ба қадри дилхоҳ чошнӣ гирифта, ҷисман ва рӯҳан хеле тағйир ёфта, ба таъбири устод Рубобӣ, «суп-сурх хуҷандӣ» шуд»(151с.).

Дар романи мазкур симои шоир Сайфуддини Исфарангӣ низ хеле мунаввар инъикос шуда, нависанда Сайфуддини Исфарангӣ ва Нигинаро намояндаи тобноки илуму адабу ҳунари Ворух муаррифӣ кардааст.

 Дар иди зардолу, дар назди шоҳзода Ҷалолиддин Манкбурнӣ шеър хондану мақбули аҳли маҳфил ва хоса Шоҳзода шудани сеҳри килки шоир дар ҳамин равза ҳикоят шудааст. Вохӯрии аввали Сайфуддин бо Шоҳзода, ки шеъре аз шоири сара шунидан мехост ва бо таърифи Мирмалик хостори ошноӣ бо ҳунари Сайфиддини Исфарангӣ мегардад, чунин тасвир мешавад:

«Ҷалолуддин боз ангушти хитоб боло бардошт:

-Эй мардум! Дар чунин макони биҳиштӣ зиста, аз чунин ҳавои муаттар нафас кашида, аз чунин меваҷоти шаҳдрез ком ширин карда, аз чунин манзараҳои зебо баҳра бардошта, шеъри ноб мебояд гуфт! Хушилҳоме ҳаст?.

Аз мобайни издиҳом чанд ҷавонмарде бо тавазӯъ пештари Шоҳзода омад шеърхонӣ мекунанд, вале бо вуҷуди таърифу тавсифҳояш Шоҳзода шоири сараеро ҷӯё мешавад.

Мирмалик - сипаҳсолори Ҷаллолиддин Сайфуддини Исфарангиро чунин таъриф мекунад: «Сайфуддин фарзанди ҳамин диёр, эй соҳибқирон! Мо ҳамсабақем. Як сол дар Хуҷанду ду сол дар Самарқанд якҷоя илм омӯхтем. Ман ба Хуҷанд баргаштаму вай чор соли дигар самарқандӣ шуд… Шоири хуб аст, каломи хуш, табъи баланд, фикри амиқ дорад…».

Дар ин равза ҳам шоир Сайфуддини Исфарангӣ ва ҳам Нигина Шоҳзода Ҷалолиддинро бо истеъдод ва ҳунари хеш тасхир мекунанд ва Сайфиддини Исфарангӣ Малик-ул-каломи дарбори Султонмуҳаммади Хоразмшоҳ ва Нигина «кабӯтари ҳарам»-и шоҳ эълон мешаванд ва Шоҳзода қарор медиҳад, ки ин ду ахтарони тобнокро бо худ ба Ғӯрганҷ бибарад.

Дар китоби дувум, ки "Кабӯтари зарринқафас" унвон дорад, суҷаи роман боз ҳам аҷибтару ҷолибтар мегардад ва хонанда аз салтанати Хоразмшоҳиёни Кабир, зиндагиву тақдири минбаъдаи Нигинаву Мирмалик ошно мешавад.

Бахши «Оҳуи шергир» китоби сеюми романи «Нигина ва Мирмалик» буда, авҷи қиссаҳои ошиқӣ ва дарду ранҷҳо ин ду дилдодаи аз ҳам ҷудо Мирмалик, ки бо духтари мири Хуҷанд издивоҷ мекунад ва Нигина, ки Хоразмшоҳ бар ӯ ошиқ мешавад, мебошад. Дар боробари ин дар ин бахши китоб ҳуҷуми Чингизхон ба давлати Хоразмшоҳӣ, ки аллакай нақли оғози ин бахши суҷа дар китоби дувум оғоз шуда буд, қувват мегирад ва бо ҳуҷуми Чингизхон ба Хуҷанд ва оғози муҳорибаи Мирмалик анҷом меёбад.

Бахши чаҳоруми романи «Нигина ва Мирмалик», ки «Ғуруби моҳу ахтарон» номида шудааст, аз ҳашт руҷуъ таркиб шуда, ки ҳар кадом риштаҳои суҷаи романро ба ҳам меорад. Пешгуфтори китоби чаҳорум бо «Ғамномаи ғамбори андалеби гирёни Исфара» оғоз мешавад: «Сайфуддини Исфарангӣ дар панҷоҳсолагӣ маротибаи охирин ба Ворухи андалебнавоз омад. Дар сари болини Абдулмаҷиди бемор нишаст…» ва дар ҳашт руҷуъ хонанда огоҳ хоҳад шуд, ки ба қаҳрамонони роман чӣ тақдиру қисмате насиб кардаву анҷоми оғозҳо чӣ шуд?

Ба нависанда Додохони Эгамзод муяссар шудааст, ки дар романи таърихии «Нигина ва Мирмалик» ҳаводиси таърихиро бо тахаюли бадеӣ зебо созиш диҳад ва барои хонанда як асари комилу хондании ошиқонаву таърихиро пешниҳод созад. Албатта, дар як китобиёти кӯчаки хеш мо наметавонем ба таври бояду шояд як романи 580-саҳифагиро баррасӣ намоем, бурду бохти онро бозгӯ шавем. Он чӣ мо гуфтем, фақат муаррифии китоб буд ва тавсия барои хондани ин романи ҷолиб.

Ҳунар ва маҳорати суханварии муаллиф дар иншои чунин як роман, ки дар арсаи адабиёт масъулияти гаронеро бар дӯш гирифтааст, хеле кӯмак кардааст, зеро забону шеваи баён сода, фаҳмо ва дилрабо аст. Муаллиф содаву самимӣ менигорад: «Зиёфат оғоз ёфтан ҳамон аз осмон гул борид! Аз нахустин барфи лаклакӣ буттаю дарахтони урёнгашта чун дар фасли баҳорон шукуфтанду кунҷе, ки сиёҳ буд, сап-сафед шуд»(262с.)

Дар забони асар шеваи гӯиши ворухӣ низ эҳсос мешавад. Истифодаи санъати саҷъ аз ҷониби муаллиф чун меросбари адабиёти классикӣ шоистаи таҳсин мебошад. Истифодаи байту ғазалҳо дар роман, тасвири мушоираҳои шоирон ва маҳфилҳои шеърхонӣ ба сони қанди порсӣ забон ва баёну мӯҳтавои романро ширину хонданӣ сохтааст.

Мақбул он аст, дар поварақи ҳар саҳифа муаллиф луғати калимоти номафҳумро овардааст.

Шарҳу тавзеҳи истифодаи воҷаҳо низ хеле ҷолиб аст. Масалан, дар саҳифаи 263-юми китоб дар поварақ маънии воҷаи «соткин»-ро ба хонанда шарҳ медиҳад, ки «пиёла» аст бо шеваи хоразмӣ. Ё дар саҳифаи 372-уми роман воҷаи бакоррафтаи «баидулфикр» - «дурандеш», пешбинӣ, бохирад, бомулоҳиза» шарҳ дода шудааст.

Романи таърихии «Нигина ва Мирмалик, ё худ чакомаи ишқи пурафсунӣ таърихӣ» хеле ҷолиб ва хонданист ва аз ҷумлаи романҳои хубест, ки дар марҳалаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон - Тоҷикистон эҷод шудааст. Ин асар бегумон дар худшиносии насли наврас ва шинохти таъриху тамаддуни миллати мо хидмат хоҳад кард.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh