Саршиори имрӯза кай пайдо шуд
- Details
- Published on Monday, 27 July 2020 16:47
Ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»
Аслан доир ба ин мавзӯъ бори аввал дар мақолаи нахустини силсиламақолаи “Хештаншиносӣ”, ки бо унвони “Эҳёи Хуҷанд” ва матбуот” дар ҳафтаномаи “Сухани халқ” 26-уми августи соли 2015 дарҷ шуда буд, маълумоти на чандон муфассал додаам.
Воқеан, дар нахустрӯзномаи вилоятамон бахшида ба 90-солагии таъсисёбии “Ҳақиқати Суғд” чанд мақолаи ҷолиб ба табъ расид, ки муаллифи асосии онҳо рӯзноманигор ва олими давр Сурайё Ҳакимова мебошад. Вале гумон мекунам, дар мавзӯи интихоби мо шояд бону Сурайё маводи на чандон зиёд ҳам дошта бошад. Пас, суоли матраҳ чунин аст: саршиори имрӯзаи нашрияи навадсола кай пайдо шуд?
Барои ҳамагон мусаллам аст, ки нахустин саршиори “Ҳақиқати Суғд” хоси замони шӯравӣ буд ва “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!” ном дошт. Саршиори имрӯза, яъне “Банӣ одам аъзои якдигаранд!” бошад, мутааҷҷибона замони ҳанӯз пурра дар сари қудрат будани ҳизби коммунист хоста ва ба кор андохта шуд. Он ба амалиёти бевоситаи ҳаракати мардумии “Эҳёи Хуҷанд” робита дорад. Воқеан, барои аз нав эҳё намудани номи куҳани Хуҷанд мавқеъ ва нақши ин ҳаракати мардумӣ хеле мондагор буд.
Шахсиятҳои барӯманди давру замон Ҷумъабой Ниёзов, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Дадоҷон Қаландарзодаи зиндаёд, Муҳиддин Файзуллоев, Маъруф Муродӣ, Солеҳи Зарифзод аз ҷумлаи бунёдгузорони ҳаракати мардумии (ҲМ) “Эҳёи Хуҷанд” маҳсуб мешуданд. Ба раёсати ҳаракат, ки расман 14-уми ноябри соли 1989 ба фаъолият шурӯъ намуд, олимони маъруф, профессорон Маҳмуд Зокиров ва Назирҷон Турсунов сарварӣ мекарданд.
Дар ибтидо фаъолони ҲМ “Эҳёи Хуҷанд” асосан талаб мекарданд, ки қарори махсуси 9-уми январи соли 1936 дар бораи Ленинобод номида шудани шаҳри Хуҷанд аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия бекор ва номи таърихӣ аз нав барқарор карда шавад, зеро он бе ягон асоси ҳуқуқӣ иваз гардонда шуда буд. Дар ҷавоби ин талаб намояндаҳои ҳизби абарқудрати Коммунист мегуфтанд, ки ин кори саҳл нест, зеро он аслан хиёнат ба хидматҳо ва номи табарруки доҳии пролетарҳои ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, агар кор ба илоҷи охирин оид шавад, он вақт ҳам ин масъаларо фақат бо роҳи раъйпурсӣ ҳал кардан мумкин аст. Вале фаъолони ҲМ “Эҳёи Хуҷанд”, ки аз сиёсати бозсозиҳои горбачёвӣ гӯё болу пари тоза бароварда буданд, аксаран ба эҳсосот дода шуда, масъаларо ҳатто бе даъвати раъйпурсӣ ҳал кардан мехостанд.
Азбаски рӯз аз рӯз, ҳафта ба ҳафта ва моҳ ба моҳ ҷонибдорони ин ҳаракати мардумӣ зиёд мешуданд, сарварони ҳизб ба таҳлука афтоданд. Ва тарси эшон асос ҳам дошт, зеро ки фармудаанд:
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад...
Ҳамон вақт вазъият барои матбуот чандон созгор набуд. Азбаски расонаҳои хабарии вақт пурра ба ҳизби ҳоким итоат мекарданд, дар нашри мавод доимо гирифтори тарсу ваҳм буданд. Аммо газетаи русии “Ленинабадская правда” пайваста дар бораи садоқат ба Ленин ва Ленинобод хабару мақолаҳои зиёд чоп мекард, ҳол он ки “Ҳақиқати Ленинобод” ҳанӯз мавқеи муайян надошт.
Дар ҳамин маврид камина ба ҳайсияти котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон якҷоя бо котиби созмони аввалияи журналистии идораи “Ҳақиқати Ленинобод” Аюби Кенҷа аҳд кардем, ки маҷлиси васеи журналистон даъват намуда, мавқеи газетаро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар рӯзномаи маҷлис ду масъала меистод: 1. Иваз кардани саршиори унвони нашрия. 2. Муайян намудани мавқеи журналистон дар мавриди раъйпурсӣ доир ба иваз намудани номи шаҳри Ленинобод.
Аснои маҷлис раиси Созмони журналистони вилоят, ҳамзамон корманди масъули кумитаи вилоятии ҳизби Коммунист Лумониддин Камолиддинов, ки ҳамчун инсон шахси беғаразест, ҳозир шуд. Ҷаласа хеле тӯл кашид. Садри маҷлис Аюби Кенҷа доир ба масъалаи якум таклиф пеш овард, ки саршиори “Ҳақиқати Ленинобод” ба ҷойи “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!” минбаъд шоҳмисраи Саъдии Шерозӣ “Банӣ одам аъзои якдигаранд!” номида шавад. Камолиддинов, албатта, вобаста ба супориши дар ӯҳда доштааш зикр кард, ки ин шиори рӯзномаи оппозитсионии “Сухан” аст ва мо набояд ба он тақлид кунем. Вале аҳли маҷлис ҳама мардумони оддию лаббайгӯ набуданд. Аз ин рӯ, бо таклифи Аюби Кенҷа аксарият, ғайр аз ду-се кас ба ҷонибдории шиори “Банӣ одам аъзои якдигаранд!” овоз доданд.
Чун навбат ба масъалаи дуюм расид, Камолиддинов аз мавқеи эъломдоштаи кумитаи вилоятии ҳизб, ки бетараф буданро таъкид менамуд, ёдовар шуда, пешниҳод кард, ки рӯзнома нашрияи ҳизбист, бояд онро ҷонибдорӣ кунад. Аҳли ҷаласа, ки аксарият коммунист буданд, хомӯш монданд. Вале камина сухан гирифта гуфтам, ки раъйпурсӣ ҳам як навъ интихобот аст. Пас, мо аз номзадҳое, ки барои интихоб пешниҳод шудаанд, яъне Ленинобод ва Хуҷанд, бояд якеро ҷонибдорӣ кунем. Агар дар ин маврид бетарафӣ зоҳир шавад, дар таърих гунаҳгор шуда мемонем. Ва аз садри маҷлис таклиф кардам, ки ин пешниҳодро ба овоз монад. Аз наздик 40 нафари ҳозирини маҷлис аксарияти том ба ҷонибдории мо овоз доданд.
Пагоҳи ҳамон рӯз асноди маҷлисро мураттаб сохта, ба кумитаи ҳизби вилоят фиристодем. Баъди ду рӯз муҳаррирро даъват карда, иҷозат медиҳанд, ки тариқи мусоидат бо онҳо маводи ҷонибдорони Хуҷандро низ дарҷ намояд.
Ин нахустин ғалабаи калони ҲМ “Эҳёи Хуҷанд” маҳсуб мешуд, ки барои ба зафари кулл муваффақ шудан дар раъйпурсӣ имкони васеъ фароҳам овард.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, барои ивази саршиори газета бо фишори муассис – кумитаи вилоятии ҳизб шитоб накарданд. Он танҳо аз 5-уми сентябри соли 1991 ба амал бароварда шуд.
Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН,
собиқадори матбуот, узви ИЖ
Тоҷикистон аз соли 1974