КИТОБНОМАИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» МАНЗУРИ ХОНАНДАГОН
- Details
- Published on Friday, 24 July 2020 13:47
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паҷӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ин навбат тасмим гирифтанд, ки маҳфили рӯнамои китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки шомили корномаҳои беназир ва фаъолияти омӯзандаи Президенти мамлакат мебошад, гузаронанд.
Собиқадори матбуот, устоди шуъбаи китобдории факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нодирҷон Солиҷонов нахуст меҳмони китобхона: профессор, директори Паҷӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ Шарифҷон Комилзодаро ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории ин маҳфил маҳз самараи меҳнати фидокоронаи ӯ ва аҳли паҷӯҳишгоҳ ба шумор меравад.
Боиси хушнудиву сарфарозист, ки рӯз аз рӯз дар ҳаёти маънавии кишварамон воқеаҳои хурсандиовар ба вуқӯъ пайваста истодааст. Дастовардҳои даврони Истиқлолият маҳз бо ташаббус ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор меоянд. Дар даҳ соли охир ба вуқӯъ пайвастани як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла кушода шудани Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз кардани Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ёфтан ва баргузор гардидани иди касбии китобдорию китобшиносӣ ва матбуот, Рӯзи китоб ба вуҷуд омаданд, ки барои дастрасии мардум ба маънавиёти миллии мо вобастагӣ дорад.
Боиси тазаккур аст, ки давоми се-чаҳор соли охир фаъолияти ин маркази илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ куллан тағйир ёфт. Ҳамарӯза кормандони паҷӯҳишгоҳ дар ҳама бахшҳои соҳаи фарҳанг корҳои илмӣ ба анҷом мерасонанд. Асари фундаменталӣ дар соҳаи библиографияи миллӣ китоби ҳаштҷилдаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» буда, тамоми асарҳои вобаста ба хизматҳои шоён, фаълият ва сарнавишти Пешвои миллат ва тамоми маҳсулоти чопие, ки дар даврони Истиқлолият ба табъ расидаанд, фарогир аст. Баъди нашри нахустин, ки «Эмомалӣ Раҳмон китобномаи шарҳиҳолӣ» унвон дошт, сафи мухлисону китобдӯстон зиёд гашта, эҳтиёҷ ба нашри китоби ҳаштҷилда пеш омад. Агар китоби нашри аввал 5 ҳазору 297 навиштаҷоти библиографиро дар бар гирад, дар ҳашт ҷилди баъдина 16 ҳазору 395 номгӯи адабиёт номнавис гардидааст.
Директори паҷӯҳишгоҳ Шарифҷон Комилзода ба намояндагони як қатор корхонаву муассиса, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд ба номи Муҳаммад Осимӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», маҷаллаи «Паёми Суғд» ва Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз бастаи ҳаштҷилдаи китоби тозанашри «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон»-ро тӯҳфа намуда, барои дастгириҳояшон изҳори сипос гуфт. Боиси хурсандист, ки дар ҷилдҳои якум, шашум ва ҳаштуми китоби болозикр 1388 номгӯи адабиёте, ки дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» чоп шудааст, гирд оварда шуда, даҳ фисади маводи ҷамъовардашударо дар бар мегирад.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»