ДУШАНБЕ, ТАХТИ БАХТИ ТОҶИКОНУ ТОҶИКИСТОНӢ....
- Details
- Published on Friday, 24 July 2020 09:16
Бобоҷони Нурзод “Девони саодат ва садоқат”. Хуҷанд, “Ношир”, 2018, 320 с.
Сидқу хулусро ҳамеша дар адабиёти фаротар аз ҳазорсолаи мо аҳли сухан сутудаанд, нахуст бар ваҷҳи он ки аз ҷумлаи отифаҳои бузургу беназири инсонӣ шинохта мешаванд, ки сармояи саодати абадии ӯро ҳосил мекунанд. Ваҷҳи дигар пайванд бар он мегирад, ки ҳар чӣ маҳсули садоқат аст, дорои арзиш ва аҳамияти муҳим хоҳад буд. Аз ҷумла, аҳли балоғат ҳам дар шеър вуҷуди самимият ва сидқро аз ҷумлаи аносири аслӣ ва зарурӣ баршумурдаанд. Ҳар кӣ аз роҳи сидқ ба сухан ба қаламрави шеър раҳ мекушояд, ба қавле, ба ҷое хоҳад расид ва пайроҳаеро ба самти тавфиқ боз хоҳад намуд.
“Девони саодат ва садоқат”, ки унвони китоби ашъори узви Иттифоқи нависандагон Бобоҷони Нурзод аст, бозгӯи нукоте аз ин ҳақиқатҳо дар шинохти сидқу ихлос дар роҳи дӯст доштани Ватан ба шумор меравад. Бобоҷони Нурзод солҳои тӯлонист, ки дар роҳи суханварӣ бо садоқат хосаи хеш ба сухан, ба Ватану хоку оби аҷдодӣ қадам мебардорад. Аз ҳар сухани вай ҳиссе аз ин садоқату ихлос, ки омил бар саодати зиндагониаш мегардад, ҷилвагар мегардад. Ин бор саодати вай аз шукуфоиву нусратёриҳои шаҳри Душанбе - қалби Ватани азиз - Тоҷикистон аст. Аз ин хотир, эҳсоси садоқати хешро нисбат ба як пораи азизи Тоҷикистон – пойтахти он Душанбе дар силсилаҳамосаҳо баён намудааст. Аз муҳтавои китоб бармеояд, ки қалби шоир саршори сидқу ихлос аст, ки муҳаббати бузургашро ба Ватани хеш тафсир мекунад. Барҳақ, дар муаррифии китоб ҳам ин матлаб ба таври барҷаста тафсир шудааст: “Пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе оина ва симои давлату миллати барӯманди тоҷик ва хонаи умеди тоҷикони дунё мебошад. Дар ин даврони соҳибистиқлол тайи чанд соли охир ин шаҳри муқаддасу мубаррою мусаффо бо дастур ва супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳриёри шаҳри Душанбе, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои хешро ба куллӣ дигар намуд ва ҳамчун «Бехатар шаҳри ҷаҳонӣ», шаҳри гулҳо, шаҳри умеду орзуҳо ва ҳамчун шаҳри саодату садоқат шинохта шуд”. Ин матлаб, пеш аз ҳама, аз гуфторҳои сарчашма дар умқи дили шоир дошта берун омадааст. Он ҷо ки мефармояд:
Шуҳраёрон, шаҳри тиллоӣ муборак,
Олами сабзи шукуфоӣ муборак.
Дар фазои сулҳу ваҳдатофаринӣ,
Тозаву тар чеҳрабикшоӣ муборак.
Он ҳама майдону гулгашти сафорез,
Дар хиёбон муҳри Мавлоӣ муборак.
Маълум мешавад, ки ободиву шукуфоиҳои шаҳри Душанбе, қомат афрохтани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, қасри миллат, нусратёриҳои гулгашту хиёбонҳои шаҳр, ки ба қавли шоир, чеҳраи шаҳрро тозаву тар гардонидаанд, илҳомбашхи суханвар гардидаанд. Ба ин хотир аст, ки ӯ Душанберо намоди бузурги шаҳр ё бузургшаҳри ҳама шаҳрҳо унвон мекунад ва бароям Мавлоиро муборак мегӯяд.
Бобоҷони Нурзод бо такя бар каломи Пешвои миллат, ки Душанберо хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон номидаанд, изҳор медорад:
Эй Душанбе, хонаи умеди тоҷик,
Гулчаман гулғунчаороӣ муборак.
Ин ҳама нусратёриву шукӯҳи шаҳри Душанберо, ки меҳвари Ваҳдати тоҷикони тамоми олам аст, Бобоҷони Нусрат аз баракоти ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳриёри шаҳри Душанбе – Рустами Эмомалӣ медонад ва ин амрро барои қалби Тоҷикистони азиз саодати бузург мешуморад, ки дар ин рӯзу ин соат барояш ҳузури мунавварашон насиб гардида. Баракати ҳамин сардабирии ҳусни Душанбе будани Пешвои миллат ва шаҳриёри шаҳр омил омада, ки Душанбе имрӯз қуллапаймо гардад:
Сардабири ҳусни ту Пешвою Рустам,
Эй Душанбе қуллапаймоӣ муборак.
Дуои шоири соҳибтаҷриба ва софдилу некназар он ба шаҳри Душанбе ин аст, ки умри шаҳри азизи ӯ то ҳазорсолаҳо доман кашад, чун имрӯз Душанбе минбари меҳру макони баҳамоии на танҳо мардуми тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон, балки ҳамдилону ҳамнафасон дар саросари олам аст:
Ман ба ту умри ҳазоронсола хоҳам,
Минбару меҳри баҳамоӣ муборак.
Ҳамосаҳои Душанбеи Бобоҷони Нурзод шореҳи назокату нусрати ин боғшаҳри зебову шукуфоанд, ки ҳамагӣ аз қалби саршори меҳру муҳаббат ва ихлосу иродати ӯ берун омадаанд. Зебоиву боландагиҳои қалби Тоҷикистон мавҷи илҳоми шоирро ба шӯр овардааст, ки дар васфу ситоиши он қасидае бисарояд, ки ки дар он Душанбе бо сифоти шаҳри сарфарозу сарбагардунсудаи тоҷик, решапайванди Хуросону Бухорову Балх, тахти бахти ҷовидон аз дудаи тоҷик тасвиф мешавад:
Ту шаҳри сарфарози сарбагардунсудаи тоҷик,
Ҷилобахшандаи Шарқи кӯҳан фармудаи тоҷик.
Ба сони ту дигар дар олами мавҷуд шаҳре нест,
Миёни қуллаҳо дар барфи дилолудаи тоҷик.
Туӣ он решапайванди Хуросону Бухоро, Балх,
Душанбе, тахти бахти ҷовидон аз дудаи тоҷик.
Мавриди дигар, шоир Душанберо шоир тахти бахти тоҷикону Тоҷикистон, ниҳоли сабзи миллат дар фарози кӯҳистон, беҳин меросбари шаҳри Бухоро аз ниёгон ва сафири сулҳу ваҳдат, пораи марзи Хуросон унвон мекунад:
Душанбе, тахти бахти тоҷикону Тоҷикистонӣ,
Ниҳоли сабзи миллат дар фарози кӯҳсоронӣ!
Душанбе, минбари розу ниёзи тоҷикони даҳр,
Беҳин меросбари шаҳри Бухоро аз ниёгонӣ!
Душанбе, шаҳри санъат, шаҳри фарҳангу ҳунар ҳастӣ,
Сафири сулҳу ваҳдат, пораи марзи Хуросонӣ!
Ин каломи шоир сарчашма аз ҳақиқати ҷилвагоҳи кунунии шаҳри Душанбе ва нусрату шукуфоиҳои он мегирад, зеро имрӯз, воқеан гулбоғҳои зебои шаҳр, ки номи Куруши Кабир, устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургони Аҷамро гирифтаанд, инчунин майдонҳои Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, коху кӯшкҳои дигар воқеан чеҳраи Душанберо ба шаҳри меросбари бузурги ниёгони хеш монанд кардааст. Барҳақ, имрӯз Душанбе шаҳри санъату фарҳангу ҳунар гаштааст ва беҳин меросбари Бухоро. Устод Гулназар ҳам дар робита ба ин мавзӯъ фармудаанд, ки бегумон, сарчашмаи илҳоми Бобоҷони Нурзод гардид:
Душанбе тахти Сино шуд, муборак,
Ба ҳам машҳури дунё шуд, муборак.
Агарчанде дилам доғи Бухорост,
Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак.
Силсилаҳамосаи шоир Бобоҷони Нурзод, ки аз файзи илҳом аз шукуфоиву нусратёриҳои шаҳри Душанбе рӯи коғаз омадаанд, барҳақ шореҳи муҳаббати бузурги як инсони самимӣ ва содиқ нисбат ба Ватан, қалби Тоҷикистони азиз- шаҳри Душанбе ҳастанд. Каломи саршор аз оини ватандӯстиву муҳаббату ихлосу иродати Бобоҷони Нурзод, огоҳиҳои фаровони ӯ аз таъриху фарҳанги миллат омил шудаанд, ки дар сурудаҳои вай маърифату дониш ва ҳисси садоқату ихлос ва ифтихор ба ҳам омада, самимияти суханашро тақвият бахшанд. Баррасии ҳамаҷонибаи ин ҳамосаҳо тафсилоти бештареро хостор аст ва умедворам, аҳли таҳқиқ бар он дар фурсатҳои муносиб руҷуъ хоҳанд кард. Ҳоло танҳо ҷое мемонад, ки барои устод Бобоҷони Нурзод тандурустиву саломатӣ аз даргоҳи Худованди бузург бихоҳем ва изҳор дорем, ки китоби “Достони саодат ва садоқат” шоистаи дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ аст.
Нуралӣ Нурзод,
муовини директори Институти
илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров