Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ

22 июл дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарияти шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Бо назардошти пешниҳоди дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ, ки моҳи сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, ташаббуси мазкур дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ( 12-28 ноябри соли 2019) мавриди дастгирӣ қарор гирифта, ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, татбиқи нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин мавзеъ идома дорад.

Ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар шаҳри Панҷакент бунёди қариб 30 иншооти гуногун, аз ҷумла осорхонаи «Саразм», меҳмонхонаҳои замонавӣ, дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон, рамзи 5500-солагии Саразм, дарвозаи мамнуъгоҳ, панҷарабандии атрофи он ва мумфаршкунии роҳҳоба нақша гирифта шудааст.

Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ Қоҳир Расулзода пас аз шунидани ҳисоботи шахсони масъул барои тақвияти корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ, дар сатҳи баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ дастуру супоришҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh