НАШРИ ЧАНД ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР РӮЗНОМАИ СТАХАНОВЧӢ

Бо чунин пешгуфтор рӯзномаи «Стахановчӣ» 5 ғазал ва 5 байти алоҳидаи Камоли Хуҷандиро нашр намудааст, ки аз ҷумлаи ғазалҳои «Ёр гуфт: аз ғайри мо пӯшон назар! Гуфтам: Ба чашм!», «Ёри мо сарви баланд аст, бигӯем баланд», «Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард», «Ҷонро ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест», «Дӣ чоштгаҳ зи чеҳра фикандӣ ниқобро» бо номи «Ниқобро» мебошанд. Мутаассифона, аз кадом сарчашма интихоб шудани ин ғазалҳо зикр нашудааст.

 Аввалин ғазал ғазали машҳури Камоли Хуҷандӣ «Гуфтам:Ба чашм» мебошад, ки ҳамагӣ 5 байтро дар бар мегирад.

Ин ғазал дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ айнан ҳамин гуна дар 5 байт оварда шудааст. Айнӣ ин ғазалро дар алоҳидагӣ намеорад, балки зимни нақле менависад, ки «Шайх Камол муосири Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ будаанду ин шеърро ба Хоҷа Ҳофиз фиристода». Аммо ин ғазал дар дигар девонҳо, аз ҷумла дар «Девони Камоли Хуҷандӣ», ки дар таҳияи Абдуҷаббори Суруш, соли 2015, омода шудааст ва айни ҳол аз охирон ва саҳеҳтарин нусхаи девони Камол ба шумор меравад, 7 байт аст.

Дар нусхае, ки соли 1940 рӯзномаи «Стахановчӣ» (айни ҳол «Ҳақиқати Суғд») нашр намудааст, ду байти ин ғазал мавҷуд нест. Ин байтҳо //Гуфт: Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ, Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар! Гуфтам: Ба чашм!//ва байти мақтаи //Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол, Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар! Гуфтам: Ба чашм! // мебошанд.

Дар байти аввали ғазали мазкур «Гуфт ёр» омадааст на «Ёр гуфт», ки дар намунаи девонҳои дардастдоштаи мо омада. Муқоисаҳои мо нишон доданд, ки танҳо дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ин байт ба шакли «Гуфт ёр» омадааст. Ҳамзамон байте, ки дар девонҳои дигар байти шашуми ғазал аст, дар намунаи рӯзнома байти дувуми ғазал аст. Ҳамин тавр, байти севуми девони комил байти панҷум, байти чорум севум омадааст. Ҳамзамон, дар мисраи дувуми байти //Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ, Боз месозаш чу шамъ аз дида тар! Гуфтам: Ба чашм!// ба ҷои «дида тар» «гиря тар» омадааст (3,63; 4,70), ки ин шаклро мо дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ва «Мунтахаби ашъори Камол», ки соли 1955 нашр шудааст, мушоҳида кардем, дар дигар нусхаи девонҳо, аз ҷумла Девони охирони Камол шакли «дида тар» интихоб шудаст.

Аз мушоҳидаи иштибоҳоти ҳамсони ғазал метавон натиҷагирӣ кард, ки сарчашмаи ғазали нашрнамудаи рӯзнома китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад. Гуфтанист, ки дар №48(15270) аз 28-уми августи соли 1996 ғазали мазкур дар мақолаи Усмон Назир ба пуррагӣ оварда шуда, 7 байт аст. Дар ин мақола муаллиф ғазали мазкурро бо ҷавобияи Мунзим муқоиса намудааст.

 Метавон гуфт, ду ғазали дигар- «Ҷонро ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест» ва «Дӣ чоштгаҳ чеҳра фиканди ниқобро» низ аз ин тазкираи устод бознашр аст.

Ғазали «Ҷоно, ба ҷуз лабони ту...» дар саҳифаи «Стахановчӣ» чунин омадааст:

Ҷонро, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,

Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.

Имрӯз суханшиносон шакли дурусти байти матлаи ғазали мазкурро ба ин гуна шинохтаанд:

Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,

Ширинтар аз хати ту ба олам набот нест.

Дар мавриди «хати ту» Суруш чунин хулосаҳоро пешниҳод карда, қайд мекунад, ки «дар матлаъ такрори матлаб, яъне ду навбат дар тавсифи лаб сухан гуфтан, ҳашв аст ва аз шеваи Хоҷа Камол нест. Эътиқоди банда бар он аст, ки дар мисраи дувум ба ҷои "лаби ту" таркиби "хати ту" айни матлаби Хоҷа ва нусхаи асл буда, ба далели он ки дар матлае бо истифода аз назири таркиботи боло Хоҷа Камол фармуда:

Хатат чу Хизр ба оби ҳаёт наздик аст,

Ба он лаби чу шакар ин набот наздик аст».

Ин байт дар девони дигар, ки бо таҳия ва тасҳеҳи Баҳриддин Мақсудов, (дар асоси нусхаи дастнависи куҳани шумораи 4739, ки дар китобхонаи Остони Қудси Разавии Машҳад маҳфуз аст) мураттаб шудааст, дар шакли /Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест, Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест(5,6)// омадааст. Дар зимн бояд гуфт, ки дар ин девон ғазали мазкур 6 байт аст ва байти //Бар даври оразат хати сабзе, ки шуд падид, Мазмуни хат ҳамин, ки ба ошиқ наҷот нест(6)//дар девонҳои дигар ба чашм нарасиданд.

 Ғазали сеюме, ки дар рӯзномаи «Стахановчӣ» нашр шудааст, ғазали «Дӣ чоштгаҳ зи чеҳра фикандӣ ниқобро» мебошад, ки бо сарлавҳаи «Ниқобро» нашр шудааст.

Ғазале, ки соли 1940 дар рӯзнома нашр шудааст, байтҳои сеюм (Бинам ҳамеша чашми ту бемору саргарон, Инҳост шева мардуми бисёрхобро) ва панҷум (Эй пардадор, ҳоли дилам бину арза дор, Бо шаҳриёр қиссаи шаҳри хароб)-ро надорад. Бояд гуфт, ки ин байтҳо дар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки «Радоифулашъор»-и Мӯҳтарами Бухороиро сарчашмаи ғазали мазкур ишора кардааст, оварда нашудаанд.

Муқоисаи байтҳои ин ду ғазал нишон медиҳанд, ки дар байти «Бар ҳалқи ташна ҳукми равон аст обро». «Ҳукми равон» «ҳукм равон» омадааст, дар байти «Дил сӯхт аз самоъ намеистад зи чарх, Рақсест гарм бар сари оташ кабобро» пешоянди «аз» ба «дар» ва дар байти мақтаъ воҷаи «магар» ба «чаро» иваз шудааст.

 Ғазали чаҳорум «Ёри мо сарви баланд аст, бигӯем, баланд” аст, ки бо унвони “Ёри мо сарви баланд аст” дар рӯзнома нашр шудааст:

Ёри мо сарви баланд аст

Ёри мо сарви баланд аст, бигӯем, баланд,

Паст гуфтан сухан аз бими рақибон то чанд?

Доманаш дер ба даст афтад аз он ҳалқаи зулф,

Натавон зуд гирифт оҳуи мушкин ба каманд.

Дар нусхаҳои солҳои охир нашршудаи Камол байти «Доманаш дер ба даст афтад аз он ҳалқаи зулф, Натавон зуд гирифт оҳуи мушкин ба каманд».

Ба ин тарз мушоҳида мешавад:

Доманаш дер ба дастам фитаду ҳалқаи зулф,

Натавон зуд гирифт оҳуи мушкин ба каманд.

 Ин ғазал дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ оварда нашудааст ва аз кадом сарчашма дар рӯзнома нашр шудани он маълум нест.

Ғазали панҷуми ин шумораи «Стахановчӣ» «Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард» мебошад, ки бо номи «Натавон кард» пешниҳод шудааст.

Мушоҳида мекунем, ки дар байтҳои ин ғазал нисбат ба дигар ғазалҳо бештар тафовут ба назар мерасад. Байти аввали ин ғазал дар рӯзнома бо нуқсони вазнӣ дарҷ шудааст ва иллати онро дар мисраи аввал ба хатои тайпӣ, яъне афтидани ҳарф ҳангоми саҳифабандӣ метавон нисбат дод,зеро дар мисраи аввали байт воҷаи «чунин» «чун» нашр шудааст. Аммо дар мисраи дувуми байт калимаи «ҷуз» изофист, ки дар дигар нусхаҳо ба чашм намерасад. Шакли дурусти ин байт дар девонҳои дардастдоштаи мо ба ин гуна омадааст:

Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард,

Васли ту бад-ин сина таманно натавон кард.

Дар байти дувум «ҳимати воло»- «ҳиммати олӣ» омадааст, ҳамчунин мураттибони девонҳои баъдӣ «қомату боло»-ро саҳеҳтар донистаанд.

То ҳиммати воло нашавад раҳбари хотир,

Андешаи он қомату боло натавон кард.

Байти савуми «То дида нахуст аз назарат вом нагирад, Наззораи он сурати зебо натавон кард» дар пешниҳоди девони ҳозир ба ин шакл омада:

То дида нахуст аз ту назар вом нагирад,

Наззораи он сурати зебо натавон кард.

Зимнан гуфтанист, ки дар рӯзнома ин байт байти савуми ғазал аст, вале дар девонҳо байти дувум мебошад.

Дар мисраи аввали байти сонӣ ба ҷои воҷаи «гар» «в-ар» оварда шудааст.

Гар теғ кашад душману гар таъна занад дӯст,

Қатъ аз туву савдои ту қатъо натавон кард.

Дар баробари ин панҷ ғазал дар саҳифаи «Стахановчӣ» таҳти унвони «Байтҳои алоҳида» панҷ байт оварда шудааст, ки ба ин тартиб аст:

Эй равшанӣ аз рӯи ту чашми нигаронро,

Ин равшании чашм мабодо дигаронро.

* * *

Ваъдаи куштане бидеҳ ба Камол,

Ҷони ман! Ваъдае киро куштаст?

* * *

Бизан ба теғаму пеш аз

 ҳалокати ман гунаҳи худ,

Бар гардани дигаре неҳ, ки

ман гувоҳи ту бошам.

* * *

Гар шабе он маҳ зи манзил бе ниқоб ояд бурун,

З-аввали шаб то дами субҳ Офтоб ояд бурун.

 

Ин байт дар девонҳои шоир чунин аст:

Гар шабе он маҳ зи манзил бе ниқоб ояд бурун,

Аз сари шаб то дами субҳ Офтоб ояд бурун.

 

Ҳар куҷо бошад нишони пои ӯ, з-он ҷо ба чашм

Хок бардорем чандоне, ки об ояд бурун.

Ин байт низ дар девонҳо андаке дигар ба чашм расид:

Ҳар куҷо бошад нишони пои ӯ, он ҷо ба чашм,

Хок бардорем чандоне, ки об ояд бурун.

Аммо байти савуме, ки дар рӯзнома дарҷ шудааст, дар девонҳои Камол ба назар нарасид. Ба қалами Камоли Хуҷандӣ тааллуқ доштани ин байт таҳқиқи дақиқу ҷудогонаро тақозо мекунад.

Ба гумони ғолиб, ин ғазал ва байтҳои алоҳида аз ҷониби кормандони редаксия интихоб ва пешкаши хонандагон гаштааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh