ХОНА - МУЗЕЙИ НАМУНАВӢ ДАР ХУҶАНД

Эълон шудани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар собит сохт, ки кишвари тоҷикон табиати бой, ҳунарҳои қадима, мавзеъҳои таърихӣ дошта, метавонад худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Дар ҷомеаи кунунӣ ҳастанд нафароне, ки нисбат ба ҳунари волои дастӣ меҳри беандоза дошта, баҳри сайқал додани он солиёни зиёд заҳмат мекашанд. Яке аз чунин шахсиятҳо сокини шаҳри Хуҷанд Нозимҷон Усмонов мебошад, ки тӯли 20 сол бо ҳунари волои оҳангарӣ ва мисгарӣ машғул аст. Баробари ин манзили истиқоматиашро ба макони фарҳангиву таърихӣ табдил додааст. Барои аз наздик аз корҳои ин ҳунарманд ошно гардидан ба манзили истиқоматиаш равон шудем.

Баробари вориди ҳавлӣ гардидан кас худро дар даврони пешин эҳсос мекунад, зеро он маконро асбобу ашёҳои даврони қадима, ки бо маҳорати баланд сохта шудаанд, зеб медоданд.

Танӯри миллии нонпазӣ ва оташдонҳои хурди таомпазӣ ба бинанда шавқи беандозаро пайдо мекунад, умуман, ошхонаи миллии қадима хеле хубу ҷолиб ҷобаҷогузорӣ карда шуда, дар он ҷо тамоми намудҳои ҳунарҳои миллии қадима истифода шудааст. Кӯзаву табақҳои мисину сафолин, даричаи тахтагин ва дигар ашёҳои рӯзгордорӣ меҳнати дастони ин ҳунарманди асил аст.

Як ҳуҷраи алоҳидаи он ҳавлӣ бинандаро ба худ ҷалб мекунад, зеро дар он ҷо тамоми ҷиҳоз ва ашёи гузошташуда ҳунар ва санъати волои қадимаи тоҷикон буд. Либосҳои миллии занонаву мардона, тоқиву сӯзанӣ, кӯрпачаву лӯлаболишт ва дастархони аз лахтакчаҳои махсус дӯхташуда аз ҷумлаи онҳоанд. Ҷевону сандуқ бо ҳунари кандакорӣ, дару девор, токчаву шифти ҳуҷра ба таври қадима сохта шуда буданд. Дар ҳуҷра асбобҳои мусиқии миллии тоҷикон гузошта шуда буд, ки он санъатдӯст будани халқи тоҷикро маънидод мекард.

- Соли 2012 барои аз байн нарафтани анъанаи миллии тоҷикон, урфу одатҳои халқӣ тасмим гирифтам дар ҳавлии истиқоматиам хона - музей таъсис диҳам.  Дар ин ҷо навъҳои гуногуни кӯза, табақу қошуқҳои чӯбину сафолин, чанд намуди танӯр, оташдони давраи қадима, сабадҳои гуногун, обдастаҳо, ҷувозҳои майда ва калон, кафшҳои қадима, тарозуи давраи қадим, лаҷом ва зини асп, асбобҳо барои шудгори замин, либосҳои қадима, ки аксар маҳсули дастони ҳунармандони ин мавзеъ аст, нигоҳ дошта мешаванд, - иброз дошт ҳунарманд.  

Ҳамчунин, дар ҳуҷра дастархони орододашуда бо анвои ширинӣ ва маҳсулоти қаннодиро дидан мумкин буд, ки маҳсули дастони духтарони чирадасту завҷаи меҳрубони Нозимҷон Усмонов аст.

- Баробари бо ҳунари оҳангариву мисгарӣ машғул будан занони оилаи мо ба омода кардани маҳсулоти қаннодӣ машғул ҳастанд. Ҳунари мазкур ба мо аз бобою бибиамон расида омадааст. Ҳоло дар ин ҷо барои меҳмонону сайёҳон навъҳои гуногуни шириниҳо омода карда мешавад.    

Ҳуҷраи дигар махсус барои сайёҳону меҳмонон пешбинӣ шудааст, ки дар он ҷо ҳунарҳои дастӣ, алалхусус армуғонҳои фурӯшӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Ҳар нафаре, ки вориди ин ҷо мегардад, метавонад барои худ туҳфа дастрас кунад.

Дастони инсон қодир аст аз як чизи ночиз ашёи қимматбаҳою зеборо офарад ва дар ин ҷода барои оғози ҳар кор ва омӯзишу сайқал додани он барои инсони меҳнатдӯст устод, роҳнамо ва роҳбар лозим аст. Маҳз устоди ғамхор метавонад ба шогирди худ нозукиҳои касбу ҳунарро омӯзонад.

 - Устоди ман дар ҷодаи ҳунармандӣ Усто - Файзуллои кордсоз ҳастанд, ки тамоми нозукиҳои оҳангариву мисгариро аз ин нафар омухтаам. Маҳз, дастгирии он кас буд, ки ман ба ин ҷода расида, дар соҳаи ҳунармандӣ муваффақ шудам. Ин буд, ки меҳнати дастии моро ҳатто дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қадр кардаанд. Дар намоишгоҳи вилояти Қӯқанди ин кишвар дар номинатсияи «Хаймаи беҳтарин» ба гирифтани ҷойи аввал сазовор гардидем, - гуфт Н.Усмонов. 

Н.Усмонов мегӯяд, ки барои омода кардани як коса ва ё як пиёла аввал тарҳи онро пеши назар меорам. Миси тайёрро гирифта, болои гармкунак мегузорем, сониян қолиби дилхоҳро интихоб мекунем, агар асбобро нақшпартоӣ кардан хоҳем ё навиштаҷотеро орем, онро бо истифода аз болға омода мекунем. Ашёи зарурӣ дар як ҳафта омода мешавад.

Дарвоқеъ, бо сухан гуфтан дар назар кор саҳл менамояд, вале дар асл ба таври дуруст офаридани як ашё заҳматталаб аст. Нозимҷон Усмонов барои идома додани ҳунари оҳангариву мисгарӣ чанд нафар шогирдонро тарбия карда истодааст. Аз ин ҷост, ки ӯ тамоми он донише, ки аз устоди худ гирифтааст, ба шогирдон меомӯзонаду барои идома додани ҳунари қадимаи тоҷикон нақш мегузорад.        

Мавсуф дар хона - музейи худ садҳо ашёи қадимаро ҷамъ овардааст, ки аксари он мероси модаркалон ва бобояш, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, худи ӯ низ аз мардум ашёи қадимаро харидорӣ намудааст.  

Ба хона - музей садҳо нафар сайёҳон барои тамошо ва огоҳ шудан аз санъати воло ва фарҳанги қадимаи тоҷикон ташриф оварда, бо намунаҳои санъати миллии тоҷикон шинос шудаанд.

Боиси таъкид аст, ки ба рушди соҳаи ҳунармандӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд чораҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад. Таъсис ёфтани марказҳои ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ ва ҷалби ҳунармандон баҳри иштирок дар намоишгоҳҳои дохиливу беруна аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд.  

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh