НАШР ВА МУАРРИФИИ ОСОРИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР ТЕҲРОН

Дар пойтахти кишвари Эрон-шаҳри Теҳрон дувумин нишасти маҳфили  «Ҳамандешӣ бо фаъолони арсаи нашр дар ҳавзаи кишварҳои узви ЭКО»,  ки ба муаррифии бархе осор ва фаъолияти интишороти адибон бахшида шуд,  санаи 15-уми июл тариқи ҳузури маҷозӣ (онлайн) дар толори ҳамоишҳои байналмилалии Муассисаи байналмилалии ЭКО баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи пойгоҳи иттилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО дар идомаи нишастҳои тахассусӣ, ки бо ҳузури мунаққидону муҳаққиқони  илму адаб ва ҳунар мегузарад, дувумин нишаст бо иштироки намояндагони дипломатии кишварҳои Покистону Тоҷикистон,  раиси идораи равобити байналмилалии фарҳангистони адабиёти форсӣ,  ноиби раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва зумраи шахсиятҳои фарҳангӣ  ба муаррифии фаъолияти интишори асарҳои адибон ва шаш асари тоза интишоёфта бахшида шуд. Дар оғози нишаст масъули бахши тоҷикистонии Муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури  Шоҳмирзо -  паёми Сарвар Бахтӣ,  раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО-ро ба самъи ҳозирин расонд. Аз ҷумла зикр гардид, дар асри муосир, ки нуктаи отифу авҷи санъати чопу нашри китоб мебошад, санъати чоп, бастамандӣ ва омилҳои сармоягузорӣ дар ин замина   яке аз ҳавзаҳои фарҳангии бисёр муҳим  дар кишварҳои узви ЭКО махсуб мешавад.

Дар идомаи нишаст, Ҳаҷир Теҳронӣ, ноиби раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон бо   ризомандӣ аз баргузории ин маҳфили самимӣ, аз таваҷҷуҳи вижа ба эҷодиёти қаламкашони ҷавон изҳори сипос намуд.

Ҳасан Қарибӣ, раиси Маркази равобити байналмилалии фархангистони забон ва адабиёти форсӣ ибрози қадрдонӣ аз баргузории ин нишаст намуда, китобҳои Сармаддеҳ ва «Баранда»-ро муррифӣ кард. Шоҳмансури Шоҳмирзо дар идомаи барнома  бобати асарҳои «Насиҳатнома»-и Абай Қӯнонбоев ва «Гурги хокистарӣ»-и  Мухтор Авезов, мутафаккирони барҷастаи адабиёти  қазоқ, ки  узви пайвастаи фарҳангистон ва забону адабиёти форсии Эрон Сафар Абдулло аз забони русӣ ба тоҷикӣ- форсӣ тарҷума намудааст, изҳори андеша намуда, ҳамчунин  китоби «Хаёли Обии Сайҳун»-и Сурайё Ҳасансултон  - шоир ва рӯзноманигори тоҷикро аз ҳайси забону сабку вижагиҳои адабӣ муаррифӣ кард.

 Шоҳмансури Шоҳмирзо  аз ҷумла зикр намуд, ки бону Сурайё Ҳасансултон  аз ҷумлаи суханварони мумтози адабиёти муосири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сурайёбону, ки бо вазъи  шеъри имрӯзи ҳамзабонон ошноӣ ва огоҳии комил дорад, саъй мекунад ҳарфи дили вижаи хешро бисарояд ва чеҳраи адабии хешро дар ойинаи тамомнамои адаб бинамояд. Сурайё маҷмуаи хешро бо вожаи Ватан,ки гӯшнавозтар аз ҳар калима аст, оғоз мекунад ва ин мафҳум барояш ончунон фароху бузург аст, ки дар тавсифи он аз вожаҳое фаротар аз фаҷму абъод кор мегирад: Ишқ бар меҳан водораш месозад то онро бо дасти дуои модар, ки саре ба машриқ дораду баре ба мағриб, шабеҳ созад ва хаёли шоир аз ин ҳам бештар амиқтар меравад ва салобату шаҳомати падарро бо он мушобеҳ медонад. Хаёли шоир гоҳе рангинтар аз садгеси осмон ва бориктар аз нахи сапеда аст ва онҷо,ки мегӯяд: бояд худ аз худам бирӯям, ин ҳамон худсозӣ, бозсозӣ ва тазкияи рӯҳ аст,ки шоир дар ин баёз бо борони аҳуроӣ вузӯъ мегирад ва ба намоз меистад то ин сарводаҳои нафису муаллоро дар барги хотироти имрӯзиёну фардоиён ба сабт расонад ва ин дафтари поктар аз булӯру боронро ба ташнагони каломи ноб ба армуғон оварад. Ҷое низ аз  ноҳинҷории рӯзгор ба танг меояд ва фарёдаш аз умқи ҷон берун меояд, он ҷо, ки мегӯяд: зиндагиро ранги дигаре мехоҳам. Ин ҳамон "Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем"-и Ҳофизи Шерозист, вале шоири тоҷик илтиҷои занона дорад ва худ дар посухи ин талош гӯяд: аз хандаи хуршеди саҳар омӯзам ё аз покии ҷонамози модари дилсӯз. Ба ҳар сурат бо таваҷҷӯҳ ба зиққи вақт ва инки китоб дар пешорӯи азизон қарор дорад, бо ҳамин чанд нукта, ки қатрае аз баҳр буд, иктифо мекунам.

Суҳайло Юсуфӣ, мудири интишороти "Хирадгон" низ дар ин маросим зимни қадрдонӣ аз мизбонӣ ба муаррифӣ ҷанбаҳои гуногунии фаъолиятҳои интишороти адибон, ҳадафи маҳфилро пайванду наздикии бештар байни ҳамаи форсизабонон, бавижа мардумони кишварҳои Осиёи Миёна, таҳкими равобити мардуми минтақа шуморид.

Китоби "Чашм ҷонам, чашм, чашм" -и Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш низ дар нишаст  муаррифӣ ва баррасӣ шуд.

Дар ин нишасти самимӣ доктор Маҷид Асадӣ, муаллифи китоби “Баранда” ба муаррифии китоби мазкур пардохт. Дар маҳфил суханронии адибону муҳаққиқон Муҳаммад Ҷаъфар Ёҳакӣ, доктор Сафар Абдулло, Шаҳзода Самарқандӣ, Толиб Озарахш, Сурайё Ҳасансултон ва Баҳманер тариқи онлайн пахш шуд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

Сайидамин УМАРОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh