Нахусткашшофи Саразм

Соли ҷорӣ фархундаҷашни 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Вақте мо Саразмро ном мегирем, бевосита симои нахустмуҳаққиқ, марди хоксору заковатманд, олими шинохта, шодравон Абдуллоҷон Исоқов ба назар аён мегардад, ки кашфиёти мазкур бо номи ӯ марбут аст.

Ӯ 20-уми апрели соли 1935 дар деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Баъд аз таҳсил дар мактаби миёнаи ҳафтсола ва хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом соли 1954 ба факултаи таърихи Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои пойтахт дохил мешавад. Соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар ҳафриёти Панҷакенти қадим ба фаъолият шурӯъ менамояд. Маҳз, фаъолияту тадқиқот дар кӯҳандизи Панҷакенти қадим таҳти роҳбарии бостоншиноси варзида А.М.Беленитский барои А.Исоқов имтиҳони ҷиддӣ ва мактаби таҷриба буд. Соли 1972 А. Исоқов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» ва соли 1991 рисолаи докториро дар мавзӯи «Маданияти кишоварзӣ –чорводории болооби Зарафшон дар аҳди энеолит ва биринҷӣ» дифоъ менамояд. Устод муаллифи 7 монография ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.

А. Исоқов аз соли 1966 сарварии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти қадимро ба уҳда дошт.

Нахуст соли 1977 бозёфти сокини деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Саразм Ашӯралӣ Тайлонов - табартешаи биринҷӣ А.Исоқовро водор менамояд, ки фаъолияти бостоншиносиро дар ёдгории Саразм оғоз намояд. Маҳз, бо дастгирии бевоситаи шодравон, академик М.Осимӣ дар ёдгории навкашфгардида тадқиқот ва ҳафриёт оғоз меёбад. Омӯзиши ёдгориро дар илми бостоншиносии ҷаҳон мутахассисони хориҷӣ зуд дарк карда, хоҳиши дар ин ҷо тадқиқоти илмӣ гузаронидан карданд. Зимни гузаронидани ҳафриёт ва тадқиқоти бостоншиносӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони Фаронса, Амрико ва Россия муайян карда шуд, ки ёдгории Саразм аз чаҳор қабати маданӣ иборат буда, ибтидои маскуншавӣ ба нимаи дуюми ҳазораи IV қабл аз мелод, яъне 5500 сол муқаддам рост меояд.

Абдуллоҷон Исоқов барои ободсозӣ ва тадқиқот дар дил орзуву ормонҳои зиёде дошт, лекин, мутаассифона, соли 1997 дар синни 62 - солагӣ, дар айни авҷи камолот риштаи умраш ба поён мерасад. Зеро бо файзу баракати Истиқлолияти кишвар ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи Саразм муайян гардид. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат тайи солҳои 2004-2008-ум 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он панҷарабандӣ шуд. Соли 2001 ёдгории Саразм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон ва соли 2010 ба Феҳрасти фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Бо назардошти аҳамияти таърихии шаҳри қадимаи Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500 - солагии Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шавад. Имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунӣ ба ифтихори ҷашн, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад, идома доранд.    

Кори неку номи неки нахустмуҳаққиқи шаҳри қадимаи Саразм Абдуллоҷон Исоқов то абад дар хотири мо боқӣ хоҳад монд.

У.САИДОВ,
корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh