Ду китоби нав аз Кароматулло Олимзода

Ба наздикӣ ду китоби нави академик Кароматулло Олимзода «Меҳри модар» ва «Мувашшаҳот ба аҳли адаб» тариқи нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе  дастраси ҳаводорони шеъру сухан гашт.

«Меҳри модар» ёдномаест аз зиндагӣ ва рӯзгори модари муаллиф, ки ба гиромидошти модарони олам бахшида шудааст. Тариқи ёддоштҳои муаллиф хонанда бо эҳсоси латифи  фарзанд нисбат ба модар ошно шуда, як бори дигар  ба азамати дарёи муҳаббату ҷонфидоии модар мафтун мешавад.

 «Мувашшаҳот ба аҳли адаб» китоби дигари Кароматулло Олимзода   шомили мувашшаҳот бар аҳли илму адаби кишвар мебошад.

 Дар адабиёти классики мо мувашшаҳ яке аз намудҳои маъмули шеър буда, дӯстию ҳусни нияти шуаро ва донишмандонро, ки ба ҳам мукотиба мекарданд ё мусоҳиби ҳам буданд, нишон медиҳад. Муаллиф дар пешгуфтори ин китоб қайд мекунад, ки «ин мувашшаҳҳо аслан бо расмулхати алифбои ниёгон иншо шудааст ва аз сари ҳар байте номи шахс падид меояд  ва маҳсули «гӯшанишинӣ» дар давраи «ҳуҷуми» коронавирус буда, чун  «барги сабзе туҳфаи дарвеш» ба орзуи сиҳатмандӣ  ва раҳоӣ аз ин офат ба дӯстон тақдим мегардад».

Китоб бо муноҷоте оғоз шудааст, ки изҳори илтиҷои муаллиф барои беҳрӯзӣ ва саодати мардуми шарифи Тоҷикистон  аст.  Хонандагони метавонанд аз ин китоб мувашшаҳот ба Абдулҳамид Самад, Абдуфаттоҳ Кулолӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа Нирӯ, Гулназар, Зулфия Атоӣ, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Носирҷон Салимӣ, Сайидалӣ Маъмур, Фарзона, Саттор Турсун ва дигаронро пайдо намоянд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh