МОШИНИ ВАҚТ: САФАРИ АВВАЛ!
- Details
- Published on Friday, 19 June 2020 14:39
75 ДАРРАИ АЙНӢ.
БАРОИ ЧӢ САДРИДДИН АЙНӢ ЗИНДА МОНД?
Тӯли солҳост, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳ бунёд кардани “мошин вақт” дар зеҳнам давр мезад ва ғолибан ин ғоя дар сари ҳар инсони закӣ ва худшинос давр мезанад ва орзуи рафтан ба гузаштаву бо чашми сар дидани ҳаводису шахсиятҳо дар дил парварида мешавад. Ҳама дар ин олами ҳастӣ дар сар андешаи аз худ нишоне гузоштанро дорад. “Мошини вақт”-и ман омода шуд! Инак, имкон дорам, ки дар оғоз танҳо ба гузашта сафар кунам. Сараввал андешидам, ки кадом лаҳзаи ҳаёти гузаштагони ман ҳассос буда ва кадомин фурсатҳо шоистагии онро доранд, ки ман ба қаламрави онҳо сафар анљом диҳам. Аввалин хоҳишам дидани ҷисми лоғар ва андоми сабзина, чашмони пурмеҳру нерӯи бузурги мардонагӣ доштаи устод Айнӣ буд.
Вақте “мошини вақт” ба айёму замони дилхоҳ маро овард, ман низ бояд сару либоси ин даврро ба бар мекардам. Дар тан либоси тунуки пахтагин ва аз болояш ҷомаи хуҷандии оғози асри бистро ба бар кардам ва дар пой мӯзаи чармин доштам. Ба сар саллаи хурд гузошта будам. Ин гуна салларо муллобачаҳои бухороӣ мебастанд. Барои интихоби либос Иброҳим Сангинов – директори Осорхонаи вилоятӣ ва Абдуазиз Абдураҳмонов – рассоми маъруф кӯмак намуданд. Тамоми кӯшишҳои мо ба он равона карда шуда буд, ки банда ба ҷавонони замони Айнӣ монанд шавам. Мӯъҷикори худ “мошини вақт”-ро дар ғоре пинҳон карда, ба мадрасаи Кӯкалтош раҳсипор шудам. Дар қиёс бо Бухорои имрӯз Бухорои он давр танҳо бо рутубат ва сардӣ, беравнақиву куҳнагӣ фарқ мекард.
Сана 8 апрели соли 1917. Соат 4 субҳ. Паси дари Айнӣ, ки замоне Шарифҷон махдуми Садри Зиё онро ба устод Айнӣ тӯҳфа карда буд, роҳ мегаштам. Ҳароина Садри Зиё чун гавҳаршинос пас аз ба камол расидан ба кадом корҳои бузург қодир будани Айниро тахминан медонист. Агар ин мутафаккири бузург ба Айнии донишвар меҳрубоние намекард, шояд устоди бузурги мо дар иҷорахонаҳои сарду торик аз гуруснагӣ ва сардии тақатфарсо ҷон медод. Мо бошад натиҷаи андешаҳои мутафаккиронаи ӯро, ки дар асарҳояш инъикос ёфтаанд, намехондем, ҷараёни адабӣ низ тағйир мехурд ва имрӯз мо давлати мустақил низ надоштем. Аз паҳлӯи ҳуҷраи устод Айнӣ қадам мезадам ва нохост фикри хабардор кардан ва гурезонидани Устод Айнӣ ба сарам зад. Аммо аз рӯйи қавонину қавоид ба ҷараёни таърих набояд ҳамроҳ мешудам. Дар ин саҳна ман танҳо тамошогар будам. Бо омадани одамони қушбегӣ бо занҷир махкам шудани дари Устод Айнӣ ба гӯшам расид. Айнан он тавре, ки ман дар “Ёддоштҳо” хонда будам. Одамони қушбегӣ дарро сахт-сахт кӯфтанд. Дашномҳои бисёр карданд. Аминхони қаровулбегӣ аз ҳама бештар ҳақорат медод. Овозаш баланд буд. Дарро кушода натвонистанд.
“- Имшаб ба ин ҳуҷра бисёр ҷавонон ғун шуда маслиҳат карданд, ин он одам ҳоло дар ҳуҷраи худаш аст. Имшаб дар ҳуҷраи ман ҳеҷ кас набуд!”
Ин садо аз ҳамсояҳуҷраи устод Айнӣ садо дод.
Тирезаи хонаро зада шикастанд. Аҷиб он буд, ки Айнӣ дар ин асно ба кунҷи хона нагурехт. Пеши оинаи шикаста омад ва аз берун Аминхони қаровулбегӣ бо шаст аз гиребонаш кашид. Айнии лоғар бо сар ба замин зад. Хун аз пешонӣ ба рӯяш шорид. Дар ин вақт гирду атрофи ман пур аз одам шуд. Ҳама аз ҳуҷраҳои худ баромаданд. Касе муқобилият намекард. Агар хизматҳои Айниро барои адабиёту халқи тоҷик медонистанд, шояд мавқеъ нишон медоданд. Ман низ хомӯш истодам. Дар ҳамин вақт хоҳарзодаи Мулло Холмурод ва шогирдонаш Айниро як муштӣ заданд. Ман аз ғояти ғазаб он муллобачаи ношудро бо як зарбаи “оперкот” ба замин хобондам. Ҳар нафари ба ман наздикшуда ба замин меафтид. Онҳо намедонистанд, ки дастону тану бозуям тамриндидаву худам аз усулҳои гуштини миллӣ, боксу карате огоҳ будам. Дар ҳамин вақт касе овоз баланд кард:
- Ба пушт!!!
Пушт гашта афсареро дидам, ки бо куни шамшер ба сарам зад. Бедор шуда, худро дар зиндон-обхона дарёфтам. Мо дар обхона будем. Ман, 30-40 нафари дигар ва дар кунҷе устод Айнӣ. Сарам сахт дард мекард. Сарамро даст зада дидам, ки хуни сари кафида дар муйҳоям шах шудаанд ва маълум буд, ки аз ман хуни зиёд рафтааст. Дар вақти беҳуш будани ман дар Арк Насрулло қушбегӣ бо Айнӣ мубоҳиса карда, ӯро барои байрақбардорӣ гунаҳкор кардааст ва кофир хондааст. Дар торикӣ танҳо рӯи лоғари устод Айнӣ намудор буд. Зеро нуре аз сурохии дар ба рӯи ӯ мезад ва маълум буд, ки меларзид. Дар тан танҳо либоси пахтагини тунук дошт. Бо вуҷуди баҳор расиданаш, обхона сарду рутубатнок буда, бӯйи ғализи чизи пӯсида ба машом мерасид. Рӯи фарши хона нам дошт ва бояд эҳтиёткорона қадам мезадем. Аз ғояти баланд будани қувваи лағжиш, ба замин афтидан ва майиб шудан аз эҳтимол дур набуд. Гарчанд мо ҳама дар гирди хона, ки бо сангу семент курсигоҳ сохта буданд, менишастем, аммо курсигоҳи мо аз ғояти намии фарши хона сард ва намнок буд. Дар худ андешидам, ки моҳи апрел бояд гарм бошад. Баракс, сардии аз намӣ ба вуҷуд омада тани одамро сурох мекард. Нафароне низ буданд, ки аз 7 то 10 сол инҷониб дар ин маҳбасхона умр ба сар мебурданд. Макони қазои ҳоҷат ва дасту рӯйшӯӣ ҳам даруни ҳамин хона буд. Аз ин сабаб хона бӯи бад мекард. Аз ҳама ҷойи камнам ва хушк ин курсигоҳ ба ҳисоб мерафт. Ман аз ҷой хестам ва ба тани Айнӣ ҷомаи худро пӯшонидам. Бароям шараф буд, ки ҳадди ақал кӯчактарин кӯмакро барои Айнӣ анҷом додам. Медонистам, ки субҳ ӯро барои ҷазо мебаранд, барои задани 75 дарраи марговар.
Маҳбасиҳо ҳама чиркин буданд ва либосҳои даридаву ҷанда дар тан доштанд. Дар болои обхона аспҳоро нигаҳ медоштанд. Гоҳо пешоби асбҳо ба обхона мисли борон мерехт. Аз сурохиҳои девор ҳар гуна ҳашарот мебаромад. Аммо маҳбусон аз ин ҳаводис нороҳат намешуданд. Зеро одат карда буданд. Ман ва устод Айнӣ дар шигифт будем.
Субҳ вақте бедор шудам, ҳама хоб буданд. Аммо Айнӣ бедор. Меларзид. Чизеро дар сар баррасї мекард. Ман аз нигоҳаш хондам, ки ғолибан чунин мегуфт:
“Ман ку ҷавонбухориёнро аз роҳи бад ва ифротӣ нигаҳ медоштам. Танҳо мехостам, ки омӯзгорон дар мактабҳо бо усули нав ба хонандагон дарс гузаранд.”
Абрӯи устод Айнӣ чин шуд. Ба ғазаб омад. Фаҳмидам, ки касеро дашном доданӣ аст. Наздаш омадам, пешаш нишастам ва хостам ҳамдардӣ баён намоям. Ногоҳ Айнӣ шӯрид.
“Ҳатто як яроқе надорӣ, ки ин сагбаччаҳоро парронӣ. Баъд маҳбас мекунанд, мекушанд, дигар фарқе надорад. Мо фуқаро ором будем, имрӯз... Уф... Худо медонад пагоҳ чӣ ҷазо ба сарам аст!”
Хостам гӯям, ки пагоҳ ҳама халос мешавем ва шумо на пагоҳ, балки имрӯз 75 дарраи марговар ба тани худ қабул мекунед. Аммо ин аз қоида берун буд. Набояд аз ояндаи бароям гузашта ҳарфе мезадам.
- Чӣ ном доред? Барои чӣ аз паси ман хестед? Ҳоло вазъ ҳамин хел аст, ки касе аз паси касе намехезанд – гуфт Айнӣ.
- Ноадолатиро таҳаммул надорам – ҷавоб додам ман.
Ба чашмонам нигоҳ кард ва бо андӯҳ гуфт:
- Дар ин диёр адолатро кайҳо гӯронидаанд.
- Адолат вожаи нисбӣ аст. Ҳатто он давлати Шӯроӣ, ки ҳама дар борааш мегӯянд ва орзуи онро дорем, замоне хоҳад расид, ки аз рӯи адолат кор пеш намегирад.
- Ман шуморо нафаҳмидам, - гуфт Айнӣ.
- Ин танҳо як фикр аст. Фикри банда. Ман аслан дигар чӣ гуфтанӣ будам, - саросемавор аз ҷой хестам ва ба ҷойи худ рафта нишастам. Аз гуфтаҳоям пушаймон шудам.
Дар ҳамин вақт ду сарбоз ба обхона даромада Айнӣ ва Мирзо Назруллоро ҷеғ заданд. Ҳардуро гирифта ба берун бурданд. Пас аз 40 дақиқа Айнии ниммурдаро оварда партофтанд. Тахтапушташ даридаву пора пора шудааст. Аъзои баданаш пур аз хун. Аммо дар лаб табассум дорад. Ғолибиятро гӯё тантана мекунад. Ман ҷомаи нимхушкро ба болои Айнӣ пӯшондам ва интизори бегоҳ будам. Зеро бегоҳ бояд аскарони рус Айнӣ ва тамоми мардумро аз маҳбас озод мекарданд. Айнӣ менолид. Дасти ман дар сараш буд. Сараш ва танаш меларзиданд. Гоҳе хобаш мебурд ва тарсида бедор мешуд ва мадори гап задану ҷумбидан надошт.
Бегоҳ дарро нафаре кушод. Аз симояш маълум буд, ки рус аст. Ҳамоне ки сабаби наҷоти ман, маҳбусон ва устод Айнӣ шуд. Агар ин аскари рус, ки аслан он қадар симои зебову чеҳраи нуронӣ надошт, ду ё се рӯз дер меомад, ё аз мавҷудияти обхона касе огоҳ намешуд, ё дар ҳарбу зарб оташ мегирифт, ё дараш кушода намешуд, ё...
... Устод Айнӣ аз хунравии зиёд ҷонро ба ҷонофарин месупорид.
“Бароетон, шуморо револютсияи Русия озод кард!” – гуфт он мард.
Ҳама саросемавор баромадем. Ман аз дасти Айнӣ дошта, ба берун баровардам. Беморонро ба мошине савор мекарданд. Устод Айниро бо кӯмаки як аскарбачча ба мошин савор кардам ва ин охирин дидори ман бо ин шахси бузург буд. Зуд пеши аскарбачаи русе, ки моро озод кард, рафтам ва дасташро сахт фишурдам ва гуфтам: Ҳоло рӯзе мерасад, ки мо ту ва ҳаммилатонатро аз дасти фашистон халос мекунем. Мо ин некиро бармегардонем. Ӯ ҳайратзада ба ман менигарист. Албатта ман бо забони русӣ фикрамро баён доштам. Аммо ӯ намедонист, ки банда дар бораи кадом фашист ҳарф мезанам.
Ҷониби ғор равон шудам ва мошини вақтро пайдо карда, ба макону замони худ баргаштам.
Инак, ин сатрҳоро дар компютер менависам ва ба лаёқату дониши устод Айнӣ қоилам. Ҳоло барои мо ҳама чӣ ҳаст. Техника, интеренет, китоб, мактаб, донишгоҳ, омӯзгорони соҳибтаҷриба...
Мо бисёр шароити хуби хондан ва эҷод карданро дорем, аммо эҷод надорем. Мисли Айнӣ пуркор нестем. Дар замонаш, дар вазъи душвору сангин бо эҷоди асарҳои ҷаҳонӣ ва бузургаш даҳони пантуркистонро муҳр зад ва аз мавҷудияти миллате чун тоҷик садо баланд намуд. Ҳадди ақал як соли пуркории Айниро дар давоми умр дошта бошем....
Хонандаи азиз, сафари моро пайгирӣ кун, зеро ин сафари ғайриоддӣ туро ба саҳфаҳои бузурги таърихӣ мебарад.
Осим Орифпур
Рӯзноманигор, корманди
Раёсати вилоятии “Тоҷикфилм”