Саҳми рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» дар шинохт ва тарғибу ташвиқи ашъори Камоли Хуҷандӣ

«Ҳақиқати Суғд»- рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд. Шумораи аввалинаш 25-уми марти соли 1930 бо номи "Роҳи колхозчӣ" аз чоп баромад. «Ҳақиқати Суғд» органи Комитети партиявии округи Хуҷанд, Совети депутатҳои меҳнаткашон ва Президиуми иттифоқҳои касабаи округ буд. Шумораи аввал ба хати арабиасос нашр гардидааст. Муҳаррири аввалин Муҳаммадҷон Ҳасанов. Аз шумораи 61-ум (7-уми ноябри соли 1930) "Пролетари Хуҷанд" ном гирифт, органи Комитети партиявии шаҳри Хуҷанд, Совети депутатҳои шаҳр ва Бюрои иттифоқи касаба буд. Соли 1940 баъди ташкил ёфтани вилояти Ленинобод рӯзнома номи "Стахановчӣ"-ро гирифта, чун органи Комитети партиявӣ ва Комиҷроияи совети вилоятӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Рӯзнома аз 1-уми январи соли 1948 "Ҳақиқати Ленинобод" ном гирифт. Аз 5-уми майи соли 1971 то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳафтае 5 маротиба нашр шуд. Рӯзнома аз соли 2008 бо номи «Ҳақиқати Суғд» ҳафтае се маротиба интишор мешавад.

Дар саргаҳи таъсис ва рушду такомули рӯзнома як зумра фарзандони бузург, аз ҷумла Зариф Раҷабов, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Ҳасанов, Қурбон Баҳлулзода, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигарон меистанд. Мутахассисоне чун Муҳаммадҷон Ҳасанов, Тоҷӣ Усмон, Саид Носиров, Юлчӣ Бобоев, Раҳмат Саидов, Набиҷон Абдуллоев, Ғаффорхоҷа Яҳёхоҷаев, Усмонҷон Тоҷибоев, Ғуфронҷон Рустамов, Озод Аминзода, Файзуллохоҷа Атохоҷаев, Мазбут Вoҳидов, Маҳмудҷон Иброҳимов, Дадоҷон Раҷабӣ, Саодат Каримова, Аюбҷон Умаров, Эргаш Мӯҳсинзода, Ҳафиза Наимова, Комилҷон Пӯлодов, Карим Солеҳзода, Исмоил Бобоҷонов, Усмон Олим, Муҳаммадҷон Юсуфов, Исроилҷон Исмоилов, Болтухон Хӯҷаев, Ҳомидҷон Олимӣ, Хайринисо Муҳиддинова, Мулло Боқӣ, Неъмат Шариф, Акобир Нарзиев, Абдураззоқ Умаров, Ӯрунбой Орифов, Саидхон Мамадов ва дигарон дар ин даргоҳ тарбия ёфтаанд.

«Ҳақиқати Суғд» аз оғози фаъолият дар тарғиби адабиёту ҳунар ва муаррифии шахсиятҳои маъруфи адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Камоли Хуҷандӣ саҳми арзанда дорад. Чунончӣ соли 1940 рӯзномаи «Стахановчӣ» мақолаи устод Садриддин Айниро таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ» нашр намудааст.

Солҳои 60-70-уми асри ХХ Саъдулло Асадуллоев ва А.Афсаҳзод аз муаллифони фаъоли рӯзнома буданд, ки роҷеъ ба шинохти Камоли Хуҷандӣ ба хонандагони рӯзнома мақолаҳои ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ пешниҳод менамуданд. Мақолаҳои Саъдулло Асадуллоев «Мусоҳибони Камоли Хуҷандӣ» (Ҳақиқати Ленинобод,№106 (9203), 5-уми июли соли 1969. - с.3; Ҳақиқати Ленинобод, №107 (9204), 8-уми июли соли 1969.- с.3), «Муосирони Камоли Хуҷандӣ» (Ҳақиқати Ленинобод, №110 (9207), 12-уми июли соли 1969.- с.3; №115 (9212), 22-уми июли соли 1969.- с.3), «Зароиф ва мутоиботи Камоли Хуҷандӣ», (Ҳақиқати Ленинобод, №117(92 14), 25-уми июли соли 1969.- с.3.), навиштаи А. Афсаҳзод «Ҳофиз ва Камол» (Ҳақиқати Ленинобод аз 21-23-юми октябри соли 1970) аз мақолоте ҳастанд, ки дар муаррифии осор ва зиндагии Шайх Камол ба хонандагони рӯзнома нақши муҳим доранд.

Ба андешаи мо, баъд аз соҳибистиқлолии кишвар «Ҳақиқати Ленинобод» дар шаш бахш ба муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи осори Камоли Хуҷандӣ саҳм гузоштааст:

1. Муаррифӣ ва интишори ашъори Камоли Хуҷандӣ. Дар ин бахш мунтазам намунаҳои ғазалиёт ва гоҳо шоҳбайтҳои Камоли Хуҷандӣ нашр шудаанд. Масалан, дар №48(15270), саҳифаи сеюми «Ҳақиқати Ленинобод» мақолаи Саъдулло Асадулло «Шарҳи мухтасари як ғазал» нашр шудааст, ки ғазали машҳури Камоли Хуҷандӣ «Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар, гуфтам ба чашм, В-он гаҳе дуздида бар мо менигар», Гуфтам: Ба чашм. – ро шарҳу баррасӣ намудааст.

2. Интишори мақолаҳои тадқиқотӣ ва паҷӯҳишии олимон. Ин бахш дар ду самт мақолаҳо интишор додааст. Мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ.

3. Нашри тақризу китобиёти асарҳои тадқиқотӣ дар бораи зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ.

4. Муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи камолшиносон.

5. Нашри гузориш ва хабару мақолот аз рафти чорабинӣ, конфронсҳо ва ҷашнвораҳо бахшида ба бузургдошти Камоли Хуҷандӣ.

6. Инъикоси фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ».

 Ибтидои солҳои 90-ум «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамзамон бо забони ӯзбекӣ низ дар мавриди шинохт ва муаррифии Камоли Хуҷандӣ мақолаҳои илмӣ нашр мекард: Навойӣ ва Хоҷа Камол (Ҳақиқати Ленинобод,№120 (14815 аз 26-уми июни соли 1991.-с.3.), Камоли Хуҷандий – зуллисонайн шоир (Ҳақиқати Ленинобод аз 23-юми ноябри соли 1991), ки ба қалами Э.Шодиев тааллуқ дорад, хонандагони ӯзбекзабонро бо зиндагиву осори шоири номвари тоҷик шинос мекунад.

Соли 1996 ба истиқболи 675–солагии зодрӯзи Шайх Камоли Хуҷандӣ рӯзнома қариб дар ҳар шумора роҷеъ ба осор ва зиндагии шоир маводи ҷолиб нашр намудааст. Муаллифони фаъоли рӯзнома дар ин марҳала С.Асадулло, Атахон Сайфуллоев, С.Абдуллоев, Раҳим Тошматов, Абдулманнони Насриддин, Бобоҷон Ибодуллоев, Илёсхон Ғозиев, А.Абдуқодиров, А.Давронов, Абдумаҷид Достиев, Усмон Назир, Х.Муҳаммадзод, Э.Шодиев, С.Саидзода ва дигарон буданд.

Яке аз навиштаҳои ҷолиб бахшида ба 675-солагии зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ силсиламақолаи Атахон Сайфуллоев ва С.Абдуллоев таҳти унвони «Малики адаб» мебошад, ки дар 10 шумораи «Ҳақиқати Ленинобод» нашр шудааст. Ихтилофи назарҳои муҳаққиқон роҷеъ ба ҳаёт ва осори Камол дар навиштаи Бобоҷон Ибодуллоев («Ҳақиқати Ленинобод», №2(15224), 5,7с.6.01.1996) интишор шудааст, ки хонандагонро бо ақида ва назарҳои гуногуни олимони ватаниву хориҷӣ дар мавриди шинохти Камоли Хуҷандӣ ошно месозад. Мақолаи Раҳим Тошматов дар бораи «Ҳаҷву мутоиботи Камоли Хуҷандӣ» дар шумораи №34 (15256) нашр шуда, дар хусуси ҳаҷву мутоибот аз ҳаёти Камоли Хуҷандӣ, мутоиботи Камол дар ҳаққи дӯстон ва атрофиёнаш маълумот медиҳад. Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири башардӯст дар навиштаи Хоҷамуҳаммад Муҳаммадзод муаррифӣ шуда, дар саҳифаи рӯзнома ақидаҳои башардӯстона дар ғазалиёти ӯ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аз нимаи дувуми соли 2011 (шумораи №75(16819), 25-уми июни 2011) ба ифтихори 690-солагии зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ «Ҳақиқати Суғд» саҳифаи виҷаеро таҳти унвони «Булбули хушилҳон» таъсис ва интишор додааст, ки то соли 2014 мунтазам нашр гашта, паҷӯҳишот ва мақолоти илмии олимони ватаниву хориҷиро дар мавриди шинохти Камоли Хуҷандӣ нашр намудааст.

Ба масъулини саҳифаи виҷаи «Булбули хушилҳон» муяссар шудааст, ки давоми се соли нашри мунтазам таваҷҷуҳи камолшиносон ва олимону муҳаққиқони шинохтаи кишварро ҷалб намуда, ҳамчун минбари бонуфуз дар тарғибу ташвиқ ва муаррифии осори Камоли Хуҷандӣ ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» саҳм гирад.

Дар баробари нашри мақолаҳои олимони ватанӣ дар шумораҳои «Булбули хушилҳон» андешаҳои муҳаққиқони хориҷӣ дар мавриди шинохт ва омӯзиши осори Шайх Камол пешниҳоди хонандагони рӯзнома мешуд. Аз ҷумла, андешаҳои илмии Ҳамидӣ Сайид Ҷаъфар. «Табрез маро роҳати ҷон»-ро, ки дар рӯзномаи «Иттилоот» -и Эрон нашр шудааст (аз форсӣ баргардони Солеҳи Маҳзун), саҳифаи «Булбули хушилҳон» пешкаши хонандагони тоҷик намудааст. (Ҳақиқати Суғд, №51 (16951) 26.04.2012.-с.4; №52 (16952) 28.04.2012.-с.7). Дар ҳамин шумора шарҳи як ғазали Камоли Хуҷандӣ бо матлаи «Дили ман сӯҳбати дилдори дигар металабад, - Хотирам бори дигар ёри дигар металабад» аз ҷониби профессор Баҳриддин Мақсудов манзури аҳли назар шудааст. Ин навишта ««Ёри дигар»-и Камол кист?» унвон дорад.

 Дар баробари нашри мақолот ва паҷӯҳишоти олимону адабиётшиносон ва омӯзгорону ҳаводорони шеъри Камол дар ин саҳифа ҳамзамон намунаҳои осори Камоли Хуҷандӣ, шеъру сурудаҳо дар васфи ин шоири номвар ва муаррифии асарҳои камолшиносӣ интишор ёфтаанд.

Баҳриддин Мақсудов, Абдуҷамол Ҳасанов, Раҳим Тошматов Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ, Мӯсозода Ҳоҷӣ Ҳусайн, Солеҳи Маҳзун, Адибаи Хуҷандӣ, Баҳром Раҳматов, Ғафурҷон Файзиев, Тиллозода Тилло, Абдуллоҷон Мирбобоев аз муаллифони фаъоли саҳифаи виҷаи «Булбули хушилҳон» буданд.

Давоми солҳои нашри ин саҳифа хонандагони рӯзнома роҷеъ ба мавзӯъҳои «Ашъори тозаи Камоли Хуҷандӣ», «Ибтикороти Камоли Хуҷандӣ дар ғазали сабки ироқӣ», «Ақл аз нигоҳи шоири ориф» (Раҳматзода Баҳром), «Камоли Хуҷандӣ ва Мавлонои Балхӣ», (Нуралӣ Нурзод), «Асрори ҳақиқату маҷоз» (Тоҷибой Султонӣ), «Ҳунари шоирии Камол» (Адибаи Хуҷандӣ), «Лирикаи Камол» (Ғ.Файзиев), «Девони мукаммал ва саҳеҳтарини шоир» (Солеҳи Маҳзун), «Мавлоно Ҷомӣ ва Шайх Камол аз мавқеи диди нақшбандия» (Баҳриддин Мақсудов) ва ғайраҳо маълумоти ҷолиб нашр намудааст.

«Булбули хушилҳон» аз соли 2011 то соли 2014 дар бисту ду шумора нашр шудааст. Масъули ин саҳифа адиб ва рӯзноманигор Солеҳи Зарифзод буд.

Метавон гуфт, рӯзнома аз ибтидо то имрӯз дар тарғибу ташвиқи шоири ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ нақши бориз доштааст.

Сурайё Ҳакимова,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh