«ЧИҲИЛ ДАРСИ КАМОЛ»

Дар қатори дигар ҷашнвораҳои бузург бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО ба рӯйхати санаҳои ҳумоюнӣ шомил шудани ҷашни 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ мардуми кишвар, бахусус дӯстдорони каломи бадеъро шод гардонд.

Яке аз ворисони арзандаи Камоли Хуҷандӣ, ки баъди шунидани хабари хуши таҷлили мавлуди мубораки шоир андешаи ба сифати як эҷодкор чӣ армуғоне ба ин ҷашни бошукӯҳ барои устоди ширинкалом Шайх Камоли Хуҷандӣ, барои дӯстдорон ва ҳаводорони шеъри дилпазираш ва шахсан барои худаш, ки ба синни чиҳилсолагӣ қадам гузоштаасту дар адабиёти имрӯза ҳамчун шоираи хушбаён шинохта шудааст, ҳадя биоварад, Сурайё Ҳакимова аст.

Сурайё худ дӯстдору ошиқи ғазалҳои Камол асту девони пурарзишаш китоби рӯимизии ӯст. «Чиҳил дарси Камол» унвон дорад китоби навнашри Сурайё, ки ба ифтихори ҷашни 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ таҳия гардида, чиҳил мухаммас бар ғазалҳои шоирро фарогир аст. Китоб дар нашриёти ҶММ «Хуросон» ба нашр расида, мухаммасҳои бастаи ин бонуи хушсухан, ба қавли худи шоира, чиҳил дарси устод Камоли Хуҷандист. Тавре дар пешгуфтори китоб нигошта шудааст: «…Бори аввал, вақте бар ғазали Камоли Хуҷандӣ мухаммас мебастам, эҳсос мекардам, дарсҳои Камоли Хуҷандиро аз моварои замон, мисраъ ба мисраъ, байт ба байт устоди сухан бо каломи мавзуни хеш аз нозукиҳову розҳои ширинбаёнӣ қисса мекард. Ман меомӯхтам. Тақлид мекардам, лаззат мебурдам. Дарк мекардам ва зина ба зина дар дарси девони Камол сайқал меёфтам. Ҳамин тавр, ҳар мухаммас барои ман як дарси устод Камоли Хуҷандӣ буд, ҳар байти ғазал бароям дарёе буд, ки дар қаъри он дурру гавҳар ва марворидҳо нуҳуфта аст. Хешро ба дарё меафкандам, дасту по мезадам, душвор буд, аммо шино кардан мехостам, ғарқ мешудам, ғарқ ба азамати ин дарё, вале дубора ба дарё мезадам худро!»

Бале, ғаввоси дарёи сухан – Сурайёбону худро хушбахти замон мепиндорад, зеро дар чидани донаҳое аз марворидҳои садафосо бардошт намудааст. Умед бар он дорем, ки суханаш бурро, қаламаш хоно ва шеърҳояш то арши воло бирасад.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh