“Ҳақиқати Хуҷанд” - бозёфти саҳифае аз таърихи матбуоти тоҷик

Зимни ҷустуҷӯи мавод доир ба таърихи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба дасти мо аз Китобхонаи давлатии шаҳри Маскави Федератсияи Россия шумораи нахустини рӯзномае дастрас шуд, ки то имрӯз номи он дар таърихи матбуоти Тоҷикистон ва ҳавзаи вилояти Суғд қариб ки зикр нашудааст. Ин рӯзнома «Ҳақиқати Хуҷанд» унвон дошта, ҳамчун Органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Хуҷанд санаи 5-уми июли соли 1958 дар ҳаҷми 4 саҳифа бо андозаи АФ-3 нашр шудааст. Рӯзнома бо имзои сармуҳаррир Набиҷон Абдуллоев чоп шудааст.

Зимни ҷустуҷӯи маълумот дар бораи ин рӯзнома мо танҳо аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» маълумоти кӯтоҳеро дастрас намудем. Энсиклопедия дар бораи рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» дар чанд ҷумла чунин маълумот пешниҳод намудааст: «газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Хуҷанд. Солҳои 1958-59 бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ(1,700 нусха) чоп мешуд. Соли 1959 чопи он қатъ шуд». Пас метавон гуфт, рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» рӯзномаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.

 Агар ба таърих назар дӯзем, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Бо қарори КИМ СССР соли 1926 таъсис дода шудааст. Санаи 9-уми январи соли 1936 номи Ленинободро гирифта, тибқи қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз 27-уми октябри соли 1939 ба ҳайати вилоят дохил мешавад. Аз 31-уми январи соли 1957 номи ноҳия ба номи Хуҷанд иваз шудааст. 30-юми июни соли 1999 ба шарафи 90-солагии алломаи замон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ноҳия барои бузургдошти ӯ - номи Бобоҷон Ғафуровро мегирад.

 Пас агар ба таърихи барориши шумораи нахустини рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» таваҷҷуҳ созем, метавонем гӯем, ки рӯзнома баъди номи Хуҷандро гирифтани ноҳия таъсис шудааст.

Дар пештоқи саҳифаи аввали рӯзнома шиори «Зинда бод матбуоти советӣ-аслиҳаи тавонои Партияи Коммунистӣ!» оварда шуда, шиори ҳамешагии рӯзнома «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!» интихоб шудааст. (Аслан, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар он замон қариб тамоми рӯзномаҳо бо ҳамин шиор нашр мешуданд.)

Дар тарафи рост, паҳлӯи шиносномаи рӯзнома пешгуфтори доҳии замон В.И.Ленин дар бораи матбуот оварда шудааст, ки чунин аст: «Газета нафақат пропагандисти коллективӣ ва агитатори коллективӣ, балки ташкилотчии коллективӣ ҳам мебошад».

Сармақолаи рӯзнома таҳти унвони «Зуҳуроти нави ғамхории партия ва ҳукумат» дар ҳамин саҳифа аз ташкили рӯзномаи ноҳия хабар дода, нақшаву дурнамои онро ҷиҳати пур кардани фазои иттилоотӣ бозгӯ намудааст. Дар ин мақола омадааст: «Мувофиқи қарори кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз имрӯз газетаи нави «Ҳақиқати Хуҷанд»- Органи комитети партиявии районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Хуҷанд ба баромадан сар кард, ки ин дар ҳаёти мадании меҳнаткашони район воқеаи хеле муҳим мебошад.

Коргарон, хизматчиён, деҳқонони колхоз ва интеллигенсияи Хуҷанд ин хабари хушро бо камоли хурсандӣ ва ҳисси қаноатмандӣ пешвоз мегиранд, зеро ин воқеа зуҳуроти нави ғамхории партия ва ҳукумати ҷоноҷон дар бораи қонеъ гардонидани талаботи доимафзояндаи маънавии одамони советӣ мебошад.

Дар солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Советӣ ба туфайли сиёсати оқилонаи миллӣ маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии халқҳои мамлакати мо, аз ҷумла халқи тоҷик гул-гул шукуфт. Симои маънавии одамони советӣ ба куллӣ тағйир ёфт, онҳо маърифатноку маданӣ, соҳиби одобу ахлоқи коммунистӣ ва иштирокчии фаъоли сохтмони қасри мӯҳташами коммунизм гаштанд.

Дар ҳалли вазифаҳои азими ба миён гузоштаи партия ва ҳукумат, дар пешравии ҷамъияти мо ба сӯи коммунизм ҳиссаи матбуоти советӣ бениҳоят бузург аст. Зеро вай ба оммаи меҳнаткашон идеяҳои зафаровари марксистӣ - лениниро пропаганда намуда, онро ба сӯи дастовардҳои меҳнатӣ ташкилу сафарбар менамояд, ҳушёрии синфӣ, ватандӯстии советӣ, ба кори Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ содиқ буданро дар онҳо тарбия менамояд.

Дар Тоҷикистони мо ҳам матбуоти советӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст, Ҳоло дар республикаамон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 7 газетаи республикавӣ, 4 газетаи вилоятӣ, 8 газетаи шаҳрӣ ва 41 газетаи районӣ ва журналҳои гуногун мебароянд. Дар як худи вилояти Ленинобод 12 газетаи районӣ ва ду газетаи вилоятӣ чоп мешавад.

Дар фабрикаву заводҳо, колхозу совхозҳо, сохтмонҳо, мактабҳо ва идораю муассисаҳо бисёр газетаҳои даврӣ бароварда мешаванд. Газетаю журналҳо бо мухбирони сершумори коргару деҳқони худ алоқаи зич дошта, ба кори ҳаррӯзаи ташкилотҳои партиявӣ, советӣ, комсомолӣ, хоҷагӣ барои ташкилу сафарбар намудани меҳнаткашон баҳри иҷрои вазифаҳои бузурги сохтмони коммунизм дар мамлакати мо мадади калон доранд.

 Баробари ташкил ва чоп шуда баромадани газетаи районии «Ҳақиқати Хуҷанд» дар назди коллективи коркунони редаксия, мухбирони коргару деҳқон ва хонандагони сершумори он вазифаи муҳиму фаврӣ меистад. Мо барои пуртаъсиру самарабахш, бурро, ҳаққонӣ ва бо фактҳои ҷоннок хабару мақолаҳо чоп намудан кӯшиш мекунем, бештар аз таҷрибаи кори пешқадамон, навоварони истеҳсолоти саноат ва хоҷагии қишлоқ, камбудиҳои кори онҳо хабару мақолаҳо навишта, ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ ва мадании районамон муваффақ мешавем, танқиду худтанқидкуниро ривоҷ дода, муборизаро барои боқимондаҳои урфу одатҳои кӯҳнаву зараровари боӣ-феодалӣ, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр менамоем ва ба тарбияи идеявии оммаи меҳнаткашон диққати махсус медиҳем.

Ба ташкилотҳои партиявӣ, советӣ, комсомолӣ ва хоҷагӣ зарур аст, ки ба ҳар як баромади танқидии газета бояд диққати ҷиддӣ дод, барои зуд бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳои қайдгардида фавран тадбирҳои конкретӣ андешанду дар ин бора ба редаксия хабар диҳанд.

Матбуоти советӣ аслиҳаи бурротарине мебошад, ки бо ёрии вай партияи мо кори тарбиявӣ сафарбаркуниро дар байни омма мебарад. Мо тамоми қувваи эҷодии худро ба он сарф мекунем, ки газетаи районии «Ҳақиқати Хуҷанд» аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои фахрии худ бо сарбаландӣ барояд.

Зинда бод матбуоти советӣ–аслиҳаи бурротарини Партияи Коммунистӣ!».

 Ин сармақолаи рӯзнома имрӯз барои мо иттилооти ҷолибиреро пешниҳод мекунад. Дар бораи вазъи матбуоти давр маълумот дода, мушаххас месозад, ки «Ҳақиқати Хуҷанд» дар оғози фаъолияти хеш чӣ нақшаву ниятҳо доштааст. Огоҳ мешавем, ки охири солҳои 50-уми асри гузашта дар вилоят дувоздаҳ рӯзномаи районӣ ва ду рӯзномаи вилоятӣ фаъолият дошта, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастраси хонандагон гаштааст.

Дар ҳамин саҳифа ҳамзамон табрикоту шодбошии Шуъбаи вилоятии бюрои ташкилоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба муносибати интишор шудани шумораи аввалини газета нашр шудааст: «Шуъбаи вилоятии бюрои ташкилоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ходимони газетаи «Ҳақиқати Хуҷанд»-ро ба муносибати нашр шудани шумораи аввалини газета самимона табрик ва муборакбод намуда, дар кори эҷодии онҳо муваффақиятҳои калон металабад, бо боварӣ изҳор менамояд, ки газетаи «Ҳақиқати Хуҷанд» дар кори иҷрои вазифаҳои бузурги дарпешистода, ташкилу сафарбар намудани меҳнаткашони район роли худро бо сарбаландӣ ба ҷо меоварад».

Шодбошии коллективи газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» низ дар ҳамин саҳифа ҷой дода шуда, рӯзноманигорони ин ҷарида ҳамкасбони хешро табрику таҳният намуда, аз ҷумла қайд кардаанд: «Коллективи газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» коркунони редаксияи газетаи районии «Ҳақиқати Хуҷанд»-ро ба муносибати нашр шуда баромадани шумораи якумини газета аз таҳти дил табрик ва муборакбод менамоянд. Орзумандем, ки газетаи мазкур дар ҳалли вазифаҳои азими сохтмони коммунистӣ роли пропагандистӣ, агитаторӣ ва ташкилотчигии коллективии худро бошарафона иҷро менамояд».

Ҳамчунин, дар ин саҳифа муборакбодии депутати Совети Олии СССР Оиша Қаробошева ва шодбошии А.Абдураззоқов низ нашр шудааст, ки коллективи рӯзнома ва хонандагону муштариёни онро бо ин санаи фархунда таҳният гуфтаанд.

Дар саҳифаи 2-юми «Ҳақиқати Хуҷанд» ҳайати партиявӣ, колхозӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳияи Хуҷанд инъикос шудааст. Дар ин саҳифа мо зери рубрикаи «Ба ёрии коркунони партиявӣ» маводи «Совети хона ва комбинатҳои маорифи сиёсӣ»-ро мутолиа карда метавонем. Навиштаҳои «Авҷи нави меҳнати самарабахш», «Барои ҳосили баланд» аз вазъи кори саҳро хабар медиҳанд. Репортаҷи «Дар сохтмони комбинати қолинбофӣ» дар баробари иттилоъ додан аз рафти сохтмони комбинат ҳамзамон барои мо аз шеваи истифодаи ҷанри репортаҷ хабар медиҳад. Саҳифаи 3-юми рӯзнома бо забони русӣ мавод пешкаш намудааст. Дар ин саҳифа мо табрики рӯзномаи «Ленинабадская правда»-ро ба муносибати таъсиси рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» мебинем.

 Ҳамчунин, ин саҳифа ба хонандагони русзабон хабару гузоришҳои «Строго выполнять план по каждому объекту», «Горячие сердца», «Пополняется фонд библиотеки» ва «Люди творческой мысли»-ро пешниҳод намудааст, ки аз вазъ ва ҳаводиси сиёсӣ, кишоварзӣ, фарҳангиву адабии ноҳия маълумот медиҳад.

 Хабарҳои хориҷи кишвар дар саҳифаи 4-уми рӯзнома нашр шудаанд. Истифодаи сурат дар саҳифаҳои аввал ва охири рӯзнома низ ҷолиб аст. Фоторепортаҷ иборат аз 1 расм дар саҳифаи аввал аз рафти ғаллағундории колхози «Қизил Юлдуз» иттилоъ медиҳад ва дар зер шарҳи он омадааст: «Колхози Қизил Юлдуз» аз заминҳои худ ҳосили фаровони ғалла ҷамъоварӣ карда истодааст. Дар расм: Кашонидани ғалла ба хирман. Суратгир: Г.Юрченко».

Дар саҳифаи 4-ум бошад, сурат аз ҳаводиси Ҳиндустон нашр шудааст ва дар зершарҳи он омадааст: «Ҳиндустон. Дар сохтмони комбинати металлургӣ дар Бихлай. Дар расм: Сохтмони участкаи сехи прокатӣ».

Шумораи нахустини рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд», ки давоми наздик як сол (аз соли 1958 то соли 1959) дастраси хонандагон гаштааст, маълумот медиҳад, ки рӯзнома бо азми ҷиддӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти партиявӣ ва кишоварзӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа оғоз намудааст ва давоми як соли нашри хеш дар инъикоси ҳаводиси замони худ саҳм гузоштааст.

Сурайё Ҳакимова,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh