Сайёҳон: Тоҷикистон мамлакати зебост!

Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ дар давраҳои гуногун тавонистааст, дар бонуфузтарин рейтингҳо мавқеи намоёнро ишғол намояд. Соли 2012 шабакаи иҷтимоии Би-Би-Си Тоҷикистонро дар портали байналмилалии сайёҳии “Globe Spots” дар даҳгонаи беҳтарин самтҳои сайёҳӣ ворид кард. Соли 2016 бошад, ҷурнали “National Geograpic” шоҳроҳи Помирро ба сифати яке аз роҳҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ эътироф намуд. Соли 2015 дар озмуни сатҳи ҷаҳонии “The Sustainable Destinations Global Top 100” 3 минтақаи биҳиштосои Помир ба садгонаи мавзеъҳои эко-сайёҳӣ дохил шуд. Озмун ду маротиба доир гардида, дар даври аввал Тоҷикистон ба ин рӯйхат 3 маротиба ба туфайли кӯҳҳои Помир, Водии Вахон ва дараи Бартанг номнавис шуд.

Соли 2015 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре эътироф гардид, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Чанде пеш яке аз марказҳои таҳлилии маъруфи ҷаҳон бо номи «Gallup» натиҷаи як тадқиқоти худро, ки масъалаи таъмини амният дар ҷомеа ва давлатҳои муайянро дар бар гирифта буд, нашр кард. Дар раванди тадқиқот, ки аҳолии беш аз 142 кишвари ҷаҳон мавриди назарпурсӣ қарор гирифтаанд, аслан ба саволҳое посух додаанд, ки перомуни масъалаи оромиву субот дар ҷомеа буданд. Маркази таҳлилӣ дар натиҷаи гузориши худ кишвари Сингапурро дар ҷойи аввал ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зинаи дуюм ҳамчун давлатҳои амнтарин дар ҷаҳон эълон кард.

Сайёҳе бо номи Андрей Захватов аксе бо номи «Сайёҳи аврупоӣ дар Тоҷикистон» дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо ин навиштаҷот ҷой намудааст:

“Ба хотири чунин зебоиро дидан одамон ҳазорҳо километр роҳро тай мекунанд. Тоҷикистон як мамлакати зебоест, ки мардуми оддии меҳмоннавоз дорад. Сайёҳонро дигар натарсонед, ки ин як макони хатарнок аст. Дурӯғ ҳам нагӯед, ки издиҳоме аз Афғонистон меоянд ва ҳамла мекунанд... Аз чунин дарё моҳӣ гирифтан, хоҳ гулмоҳӣ бошад ё ҳар навъи дигар - хеле лаззатбахш аст! Ман шахсан дар ин ҷо моҳигирӣ кардаам!”.

Аз ин нигоштаҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки мо - ҷавонон бояд дар тарғиби захираҳои туристии мамлакат, тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зисти худ ҳиссаи босазо гузорем.

Мастона ХОҶАЕВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh