Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод рафт

7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазодро, ки пас аз гирифтани табобат аз беморхона мураххас шудааст, аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати аҳли илму адаб ёдовар шуда, ба нависанда шифои комил хост.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон илова кард, ки Муҳиддин Хоҷазод барои пурра барқарор намудани саломатиашон ба осоишгоҳи овозадори “Зумрад” фиристода мешаванд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод барои кӯмаку дастгириҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, ба табибоне, ки барои барқарорсозии саломатии сокинон талош намуда истодаанд, миннатдорӣ кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Муҳиддин Хоҷазод хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад.

Гулчини ҳикоя ва қиссаву романҳои нависанда дар маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) нашр гардидааст.

Муҳиддин Хоҷазод инчунин муаллифи драмаҳои «Об – рӯшноӣ» (1985), «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки Айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995), «Садди Сайҳун» (1997) ва  «Романи сегона» (2008), романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011) ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014) ва ғайраҳо мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh