Раҷаббой Аҳмадзода Шоирони халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ва Фарзонаро аёдат намуд

7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Шоирони халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ва Фарзона ташриф оварда, онҳоро аёдат намуд.

Тавре маълум аст, Толиб Карими Озарахш бо бемории илтиҳоби шуш муддате дар беморхона қарор дошт ва бо беҳтар шудани вазъи саломатиаш ба хона ҷавоб дода шуд.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат бо шоирони халқӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагиву эҷоди аҳли зиёи мамлакат таваҷҷуҳи хоса доранд. Тамоми талошу заҳматҳои шоирону нависандагон барои пешрафти ҷомеа аст ва бо ин сабаб Ҳукумати мамлакат мунтазам чунин ашхосро дастгирӣ менамояд.

Таъкид карда шуд, ки барои пурра барқарор намудани саломатӣ ва хуш гузаронидани истироҳати давраи пас аз табобат бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озарахш ба осоишгоҳи овозадори “Зумрад” фиристода мешавад.

Дар навбати худ Озарахш аз ҳусни таваҷҷуҳ ба роҳбарияти олии мамлакат миннатдорӣ карда, ба кормандони соҳаи тандурустии вилоят, ки баҳри сиҳатёбии аҳли ҷомеа шабонарӯзӣ ҷоннисорӣ менамоянд, изҳори сипос намуд.

Боиси зикр аст, ки сармуҳаррири маҷаллаи “Паёми Суғд” Озарахш муаллифи китобҳои «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Чархболи Офтоб», “Девони Ишқ”, “Ватаннома”, “Ояндаҳо” ва ғайраҳо буда, соли 2019 сазовори унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh